Коррупсия яке аз хатарноктарин падидаҳои иҷтимоӣ буда, ба рушди устувори давлат, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди иқтисоди миллӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин зуҳуроти номатлуб боиси коста гардидани эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ, халалдор шудани адолати иҷтимоӣ, зиёд шудани нобаробарӣ ва заиф гардидани фазои сармоягузорӣ мегардад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таҳти таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар суханрониҳои худ Сарвари давлат борҳо зикр намудаанд, ки ҳар як роҳбар ва хизматчии давлатӣ бояд фаъолияти худро дар асоси қонуният, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва садоқат ба манфиатҳои давлату миллат ба роҳ монад.
Дар шароити имрӯза муқовимат ба коррупсия танҳо бо истифодаи чораҳои ҷазодиҳӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Пешгирии коррупсия аз роҳи бартараф намудани омилҳои ба вуҷудоварандаи он, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқии шаҳрвандон аҳаммияти бештар дорад. Маҳз пешгирӣ нисбат ба мубориза самараноктар ва камхарҷтар мебошад.
Яке аз омилҳои асосии пайдоиши коррупсия сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, беэътиноӣ нисбат ба талаботи қонун, бархӯрди манфиатҳои шахсӣ бо манфиатҳои давлатӣ ва костагии фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ бояд аз оила оғоз гардида, дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа пайваста идома ёбад.
Дар ин самт нақши мақомоти адлия низ хеле муҳим мебошад. Мақомоти адлия дар доираи ваколатҳои худ ҷиҳати такмили қонунгузорӣ, гузаронидани ташхиси зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шарҳу тавзеҳи қонунгузорӣ ва пешгирии омилҳои ҳуқуқвайронкунӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ташкили вохӯриҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, барномаҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.
Бо рушди технологияҳои рақамӣ имкониятҳои нав барои коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ ба вуҷуд омадаанд. Ҷорӣ намудани хизматрасониҳои давлатии электронӣ, истифодаи имзои электронии рақамӣ, гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва рақамикунонии идоракунӣ муносибати мустақими шаҳрвандонро бо мансабдорон коҳиш дода, шаффофият ва ҳисоботдиҳиро таъмин менамояд. Ин раванд яке аз роҳҳои муассири пешгирии коррупсия мебошад.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки кишварҳое, ки сатҳи коррупсия дар онҳо паст мебошад, маҳз ба шарофати қонуният, шаффофият, ҳисоботдиҳӣ, рақамикунонӣ, назорати ҷамъиятӣ ва фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ба чунин натиҷаҳо расидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамин самт қадамҳои устувор гузошта, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатиро пайгирона амалӣ менамояд.
Имрӯз дар мамлакат фазои мусоиди ҳуқуқӣ барои пешгирии коррупсия муҳайё гардидааст. Аммо натиҷаи воқеӣ танҳо дар сурате ба даст меояд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ масъулияти худро амиқ эҳсос намояд, ҳар як шаҳрванд қонунро эҳтиром кунад ва ҷомеа нисбат ба ҳама гуна зуҳуроти фасод мавқеи оштинопазир дошта бошад.
Cаноат МИРКАРИМЗОДА,
нозир – коргузори бахши САҲШ-и
ноҳияи Деваштич





