Маълум аст, ки дар замони муосир масъалаи шомилшавии шаҳрвандон ва бахусус, ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ, содир гардидани амалҳои тахрибкорӣ ва даҳшатафканӣ боиси нигаронии ҷомеаи башарӣ гардида истодааст.

Имрўзҳо тамоми ҷомеаи ҷаҳон бар муқобили ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа муборизаи беамон бурда истодааст. Масъалаи ҳамкориҳои дастаҷамъона дар самти муқовимат бар зидди амалҳои терроризму ифротгароӣ ва иштироки фаъолонаи аҳли ҷомеа дар мубориза алайҳи ин зуҳуроти хатарафзои ҷомеа хеле назаррас дар кишвари мо низ аст.

Дар мамлакат бо мақсади тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, татбиқи ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм, ошкор, пешгирӣ қатъ намудани фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва аз соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Бесабаб нест, ки имрўз масъалаи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб боиси ташвишу нигарониҳои ҷомеаи башарӣ гардида истодааст.

Бо ин мақсад моро зарур аст, ки дар ин раванд, яъне мубориза ва набардҳои иттилоотӣ бештару пештар омода гардида, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тарбияи ҳуқуқ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро ба роҳ монем.

Бо дарки масъулияти баланди ватандориву ватандўстӣ бояд аҳли ҷомеа имрӯз муттаҳидтар гардида, баҳри шукуфоии бештари кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош намоем.

Садорат Мазбутзода,

мутахассис - мушовири Суди вилоят