Ҳеҷ кас бо ақидаҳои ифротгароёнаи хушунатомез ба дунё намеояд. Чунин ақидаҳо метавонад дар натиҷаи таъсирҳои муайян ташаккул ёбанд. Махсусан, дар айни ҷавонӣ. Мо, муаллимон ба донишҷӯён зимни кори таълиму тарбия ҳушор медиҳем, ки чӣ сафед асту чӣ сиёҳ.
Борҳо сари мафҳуми экстремизм ва терроризм, ки мафҳумҳои ба ҳам алоқаманд, вале яксон нестанд, андешаронӣ мекунем.
Экстремизм ақидаҳо ва амалҳои ифротиеро мемонад, ки дар пайи худ таҳаммулнопазирӣ ва душманиро тарғиб месозад. Зимнан, гурӯҳҳои террористӣ аксар вақт аз эътиқод, эҳсосот, норизоӣ, мушкилоти иҷтимоӣ ва эҳтиёҷи ҷавонон ба пайдо кардани мақоми худ дар ҷомеа истифода мекунанд. Онҳо метавонанд худро ҳомиёни адолат, ҳақиқат ё арзишҳои муқаддас муаррифӣ намоянд, аммо дар паси чунин шиорҳо ҷавононро ба бадбинӣ, итоати кӯр-кӯрона ва зӯроварӣ водор созанд.
Аз ин рӯ, ҷавонон бояд на танҳо аз мавҷудияти ин хатар огоҳ бошад, балки механизмҳои таъсиррасонии онро низ дарк намояд. Вақте шахс мефаҳмад, ки чӣ гуна эҳсосот, иттилооти бардурӯғ ва фишори гурӯҳӣ ба рафтори инсон таъсир мерасонанд, имкони қабули қарори огоҳона дар ӯ бештар мешавад.
Дар одамоне, ки хушунатро бевосита аз сар гузаронидаанд, таъсири он муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад. Майли инсон ба ифротгароӣ бемории биологӣ нест ва набояд онро бо ягон хусусияти ирсӣ шарҳ дод. Ба ин раванд, омилҳои гуногун, аз ҷумла муҳити иҷтимоӣ, таблиғот, таҷрибаи шахсӣ ва интихоби худи инсон таъсир мерасонанд. Маҳз ҳамин қобилияти интихоб ва тағйир ёфтан нишон медиҳад, ки тарбия, маориф ва дастгирии иҷтимоӣ метавонанд нақши пешгирикунанда дошта бошанд.
Ҷомеае, ки ба дониш, тафаккури мустақил ва тарбияи ахлоқӣ аҳаммият медиҳад, метавонад ба ҷавонон дар шинохти таблиғоти хатарнок ва интихоби роҳи дуруст кӯмак расонад.
Дарс бояд на танҳо раванди интиқоли маълумот, балки майдони омӯзиши муколама, эҳтироми ақидаҳои гуногун ва баррасии далелҳо бошад. Ҷавонон бояд донад, ки метавон бо ақидаи касе розӣ набуд, аммо ин норозигӣ набояд ба таҳқир, маҳрум кардани дигарон аз ҳуқуқ ё зӯроварӣ табдил ёбад.
Вақте неруи инсонӣ ба хушунат сарф мешавад, ҷомеа аз имкониятҳои рушди худ маҳрум мегардад.
Донишгоҳ бояд барои донишҷӯён муҳите фароҳам оварад, ки дар он савол додан, баҳс кардан, далел овардан ва ақидаи худро бо эҳтиром баён намудан қадр карда шавад. Маҳз чунин муҳит қобилияти таҳлили мустақилонаро инкишоф медиҳад.
Ҷомеае, ки ҷавононашро ба донишомӯзӣ, инсонгароӣ ва тафаккури мустақил ҳидоят мекунад, барои пешгирии хушунат ва ҳифзи ояндаи худ заминаи устувор мегузорад. Зеро ояндаи ҷомеа на танҳо аз он вобаста аст, ки ҷавонон чӣ қадар дониш доранд, балки ҳамчунин аз он вобаста мебошад, ки ин донишро барои кадом ҳадаф истифода мебаранд.
Пешвои муаззами миллат бесабаб нагуфтаанд, ки терроризмро аз рӯйи миллату мазҳаб ба худӣ ва ё бегона ҷудо кардан мумкин нест.
Ин нукта барои донишҷӯён низ аҳаммияти ҷиддӣ дорад. Терроризмро набояд ба тамоми намояндагони ягон миллат ё дин нисбат дод. Масъулият бояд бар асоси амал, далел ва қонун муайян карда шавад, на бар асоси пайдоиш, эътиқод ё забони инсон.
Антониу Гутерриш - Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёми худ ба муносибати Рӯзи байналмилалии пешгирии ифротгароии хушунатомез дар соли 2026 таъкид кардааст, ки барои бартараф кардани омилҳои мусоидаткунанда ба терроризм бояд низоми маориф тақвият ёбад, муколама густариш пайдо кунад ва эътимод дар байни ҷомеаҳо таҳким дода шавад. Ӯ ҳамчунин ба истифодаи осебпазирии ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ишора кардааст.
Ин андеша моро ба як хулосаи муҳим мерасонад, ки ҷавононро танҳо бо огоҳ кардани онҳо аз хатари терроризм муҳофизат кардан имконнопазир аст. Онҳо бояд муҳити солими омӯзиш, имкони изҳори андеша, дастрасӣ ба иттилооти боэътимод ва эҳсоси иштирок дар ҳаёти ҷомеаро дошта бошанд.
Дуруст аст, ки маориф дар таҳкими таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва муқовимат ба таблиғоти нафратангез нақши муҳим дорад. Ин мавқеъ ба омӯзгорон масъулияти бузург мегузорад.
Ҳамзамон, мо, омӯзгорон метавонем, ки ба донишҷӯён дар рушди саводи расонаӣ кӯмак расонем, санҷидани сарчашмаҳо, муқоисаи маълумот, муайян кардани манфиати муаллифи паём ва фарқ кардани далел аз андешаи шахсӣ. Ин малакаҳо махсусан дар замони густариши шабакаҳои иҷтимоӣ муҳиманд.
Вазифаи донишгоҳ танҳо огоҳ кардани ҷавонон аз хатар нест. Он бояд ба онҳо имконият диҳад, ки дар ҷомеа нақши созанда дошта бошанд, малакаҳои касбӣ омӯзанд ва мушкилоти худро бо роҳи қонунӣ, илмӣ ва осоишта ҳал намоянд.
Саиданвар Умаров,
Фарҳод Сироҷзода,
муаллимони факултети биология ва химияи ДДХ ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров





