Ифтихор кардан аз истиқлолу озодӣ ва гиромидошти он вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар кадоме ватандор аст. Ҳоло ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯзҳо дар кишварҳои ҳамсоя ва манотиқи олам чӣ гуна нобасомонию нотинҷӣ ва азобу уқубати мардуми бечора сар зада истодааст. Мо бояд шукргузори чунин Ватани обод бошем, ки дар зиндагӣ моро ин саодат насиб гаштаву сарбаланд гардонидааст. Шукрона аз сарвари оқилу хирадпеша ва ояндасоз кунем, ки болои сари мост ва моро аз ҳар гуна омилҳои таҳдидомези сиёсӣ ҳифз мекунанд ва пайваста дар фикри оромиву озодии мардум ҳастанд. Шукрона, ки имрӯз Тоҷикистони мо дар айёми гул –гул шукуфтанҳост ва рӯз аз рӯз нуфузи худро дар арсаи байналмиллал баланд гардонида истодааст. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳз бо шарофати роҳбарияти ғамхору хирадманди кишвар ва мардуми ваҳдатофар ба даст омадааст. Вазифаи мост, ки ба ояндагон, ба насли фардо чунин шоистагию зафармандиро бо корнамоиҳои нек ба мерос гузоранд, то ояндагон моро ватандору ватандӯст шинохта аз гузаштагони хеш ифтихор намоянд.

Мо ба ояндаи миллати худ бовар дорем, зеро родмардони шуҷову далер имрӯзиёнро тарбия кардаанду мо меросбарони қаҳрамонон ҳастем. Гиромиву посдоштани арзишҳои олии кишвари азизамон бевосита вазифаи мост. Мо бояд дарк намоем, ки давлати мо соҳибистиқлолу демократӣ буда, моро маҳз ҳамин истиқлолу соҳибваҳдатӣ дар тамоми олам машҳуру шинохта гардонд. Зеро забони тоҷикӣ забони шево ва намирандаи тоҷикзабонон аст, ки рисолати моро дар ҳар макону замон боло бардошта, манзалати тоҷиконро густурдатар сохтааст.

Мо бо миллати тоҷдор ва мардумони тоҷикзабон ифтихор дорем ва дар оянда низ талош менамоем, ки Тоҷикистон поянда ва арзишҳои олии он гиромӣ бошад.

Амалҳои ифротиву ақидаҳои терроризмиву экстремизми имрӯз тамоми оламро муташанниҷ гардонида, вазъи ороми халқиятҳоро барҳам дода истодааст. Мусаллам аст, ки замони муосир барои кулли мардумони рӯи олам ҳодисаву воқеаҳои гӯшношуниду манзараҳои ҳузнангезеро рӯ ба рӯ сохт. Зеро аксарияти кишварҳои дунё имрӯз муртакиби амалҳои ваҳшиёнаи гурӯҳҳои ифротӣ гардидаанд. Боиси таассуф аст, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ авҷ гирифта, сабаби бадбахтиҳои зиёде гардидааст. Тарафи манфии кор дар он аст, ки мардум имрӯз аз сабаби надоштани саводи комили динӣ ба гуруҳҳои ифротгарои шомил гардида, ҳаёти хеш ва атрофиёнашонро барбод медиҳанд, зеро охири амали ҳар аъзои ташкилоти ифротӣ «вой» асту бас.

Ҳаёти осоишта - неъмати бебаҳо аст, зеро он шарт ва тақозои асосии ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад. Ҳар нафари соҳибақлу зиндадил кӯшиш ба зиндагии осуда мекунад, зеро тинҷиву оромӣ гарави ҷомаи амал гардидани тамоми орзуву мақсадҳои башарӣ аст. Аммо зиндагӣ собит мекунад, ки дар бештари кишварҳои мутараққӣ ва қафомондаи олам, ин шарти ҳаётан муҳими зиндагӣ ҳанӯз ба таври ҳукмфармо ҷомаи амал нагаштааст. Баҳри пешгирӣ ва рафъ амалиёти террористӣ ва экстромистӣ олимон, мутахассисони соҳа, сиёсатмадорону тадбирандешон якҷоя дар пайвастагӣ фаъолият мебаранд, то ки ин пешаи номатлубро решакан кунанд. Аз ин ҷиҳат, сарчашмаи ҳамаи нооромиву нокомиҳои миллатро ҳар нафари соҳибақл аз падидаҳои хатарзо ва зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстромизм медонад.

Ба хотири пойдории давлати мустақилу соҳибтамаддун ҳамаи моро мебояд, ки ҳамеша аз арзишҳои олии кишварамон ҳифзу ҳимоя намоем. Зеро оини давлатдории тоҷикон имрӯз боиси саодатмандии мардумони тоҷик дар ҷаҳон гаштааст. Миллати тоҷикро маҳз иродаи қавӣ бар зидди душману ақидаҳои ватандӯстона ҳамеша аз мағлубияту талаф эмин медорад. Ба хотире, ки тамоми мардумони шарафманди диёрамон барои ягонагии давлат ва якдилии марудмон ҳамеша кӯшиш мекунанд. Халқе, ки роҳу равишеро барои амалигашти ҳадафҳои неки худ интихоб мекунад, ҳамеша сарбаланду зафарёб дар фатҳи қуллаҳои давлатдорӣ хоҳад буд. Албатта ояндаи ин миллат аз хизмати софдилонаи халқамон маншаъ мегирад, зеро ободии он ба мо ояндагони давлат рабт дорад.

Хизмат ба Ватан вазифаи ҷоноҷони ҳар марди шуҷоъ аст. Имрӯз давлату Ҳукумати кишвар дар такя ба неруи созандаи ҷавонон ояндаи онро ба хизмату фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи эшон нисбат дода, онҳоро қишри асосии ҷомеа ва қувваи пешбарандаи халқ меноманд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамеша барои тарбияи худогоҳии миллӣ ва меҳанпарастӣ таъкид намуда, онҳоро вазифадор менамоянд, ки барои хизмат ба Ватан бетарафӣ накунанд. Ватанро аз чашми бадбинону хоинон ҳифз намоянд. Истиқлоли давлатиамонро таҳким бахшида, ба он бо хизматҳои шоёни худ ба миллату мардуми тоҷик умри безавол бахшанд. Ҳамеша дар суханрониҳояшон аз шукронаву шукргузори аз сарзамини обод ҳарф зада, нишонаи давлатдории ниёгони моро талқин менамоянд. Дар ин замони пурталотуми АСР, ки тамоми оламро падидаи ифротгарои пахш кардааст, мо бояд зиракии сиëсиро аз даст надода, ба хотири ояндаи кишварамон камар бубандем. Онро аз дасти хоинону носипосон химоя намоем. Ин аст қарзи шаҳрвандии мо, ки омили рушди миллат мегардад.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз ифротгароӣ ва террористӣ дар тамоми гӯшаву канори олам доман паҳн намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон пайваста қайд мекунанд, ки «Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтӣ оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст».

Аз ин ҷиҳат, ҳар фарде, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, бояд зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиву ахлоқиро аз даст надода, нисбати чунин зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои хатарзо бетараф набошад

Боиси тазаккур аст, ки дар пайравии Пешвои миллат мо низ амал карда дар ободии Ватани хеш сазовору шоиста хизмат карданро ҳам худ ëд гирему ҳам ояндагонро огоҳ намоем, ки рисолати шаҳрвандии мо танҳо бо содиқ будан ба Ватан ифода мегардад.

Мо тамоми мардумони Тоҷикистон маҳз ғояҳои худшиносиву ватанпарвариро аз мактаби ватандории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхтем ва хело аз он сарфароз ҳастем, ки мо вориси арзандаи номи фарзонафарзандони миллатем. Сарвари давлат дар ҳамаи суханронӣ ва баромаду Паёмҳои хеш аз кулли мардумони Тоҷикистон даъват ба амал меоранд, ки бояд ба қадри истиқлоли давлатӣ расида, дар ҳифзу ҳимояи сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардумони фарҳангсолору ватандӯсти тоҷикон бетараф набошем. Маҳз бетарафию нодида гирифтани дастовардҳои бузурги таърихӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ моро дучори бадбахтиҳои бузург мегардонад. Ба ҳамин хотир ҳамеша аз Ватану диёри маҳбубамон ҳимоят намуда, арзишҳои олидараҷаи онро пос доштан беҳтарин рисолати шаҳрванди буда, метавонад пояҳои давлатдорӣ ва оинҳои неки ниёгонамонро устувору қавитар гардонад.

Бо вуҷуди дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, то ки камбудиву мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем, Ватани худро обод гардонем ва бо истифодаи самараноки тамоми захираву имкониятҳо рушди босуръати иқтисодиёти Тоҷикистони азизамонро таъмин намоем».

Мо бояд барои суботи ҷомеа ва ободии Тоҷикистон ҳамеша бар зидди ақидаҳои ифротгароёнаи аъзоёни ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мубориза барем. Хурдтарин иштибоҳи мо дар ҳалли муаммои сулҳу субот боис мегардад, ки нохалафон амалҳои иртиҷоии хешро амалӣ намоянд. Ба ҳамин хотир зиракии сиёсӣ ягона тире аст, ки метавон бар зидди душман онро ҳавола дод. Барои фирефта нашудан ба доми макри душманон мо бояд пеш аз ҳама ватандӯстдор бошем, сидқан аз сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Ватани азизамон Тоҷикистон ҳифзу ҳимоя намоем. Ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ дониста, барои пайравӣ аз ақидаҳои сулҳпарварона ва ватандӯстонаашон ҳамеша омода бошем ва атрофиёнро низ талқин кунем, ки Тоҷикистон кишвари биҳиштосо ва пеш аз ҳма соҳибистиқлол аст. Албатта чунин саодати зиндагӣ на барои ҳар мардуми рӯйи олам насиб шудааст. Ба ҳамин хотир шукрона аз истиқлолу озодӣ вазифаи ҳар кадоми ватандор аст.

Хулоса, имрўз зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ вабои аср бар амнияти ҷомеаи тамоми давлати рӯи оламро гашта, он дар миëни мардум нооромию тахлукаро ба миён овардааст. Чунончи дар ин маврид, асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст”.

Ҳамин тавр, аз ҷавонони ҳушманду соҳибақл даъват ба амал меорам, ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро сардафтари хеш гардонида, ҳамзамон аз падидаҳои нангину номатлуб ва хонумонсӯз худдорӣ карда, аҳли ҷомеаро зери хатар нагузоранд. Истиқлолу озодиро дар баробари муқаддасоти миллӣ эхтиром карда, ба хотири таьмини амнияти давлату миллат хамеша талош намоянд, зеро маҳз чавонон нерӯи пешбарандаи халқу миллат маҳсуб мегарданд.

Каримова Мӯниса,

омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров