Ҷаҳонишавии босуръат ҳамчун падидаи объективӣ баҳри таҳкими арзишҳои умумибашарӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои рушди тиҷорату сармоягузорӣ, табодули донишу технология ва ҷиҳати болоравии сатҳи зиндагии ҷомеаҳо ҳамаҷониба мусоидат намудааст ва дар натиҷа инсоният ба марҳилаи сифатан нави рушди тамаддун ворид гардидааст.
Дар баробари ин, мутаассифона, боиси зуҳур намудани як қатор таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти давлатҳои алоҳида ва ҳатто амнияти ҷаҳонӣ гардидааст, ки яке аз онҳо экстремизми хушунатомез ба ҳисоб меравад.
Экстремизми хушунатомез шакли ифротии тафаккур ва рафтор ба ҳисоб меравад ва ба арзишҳои асосии ҷомеаи муосир амсоли инсонгароӣ, адолат, таҳаммулпазирӣ, инчунин, волоияти қонун ошкоро мухолиф буда, барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, диниву идеологӣ истифодаи зӯровариро ногузир ва асоснок талқин менамояд.
Омӯзишу таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки омилҳои пайдоишу густариши экстремизми хушунатомез гуногун буда, асоситарини онҳо паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ, диниву ахлоқӣ, паҳншавии иттилооти иғвоангез дар фазоӣ маҷозӣ, камбудиҳо дар низоми сохторҳои кор бо ҷавонон, маориф ва оила дар масъалаи таълиму тарбияи кўдакон ва ҷавонон, инчунин, ҷой доштани коррупсия маҳсуб меёбанд.
Дар заминаи чунин шароит қувваҳои ифротии дохилӣ ва хориҷӣ фаъолона саъю кӯшиш менамоянд, ки аз паҳлӯҳои осебпазири равандҳои ҷаҳонишавӣ, бахусус, сустии назорат ба муҳтавои шабакаҳои иттилоотӣ ва бештар гардидани имкониятҳои ворид сохтани шабакаҳои махфии таъсиргузор барои ҷалби ҷонибдорон ва таблиғи ғояҳои харобкоронаи худ ҳамаҷониба истифода баранд.
Бо дарназардошти чунин ҷиҳатҳои нозук ва ҳассоси муаммои экстремизми хушунатомез, бахусус, оқибатҳои вазнину фоҷиабори он барои тамоми инсоният, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хулосаи муштарак расидааст, ки мубориза бо экстремизми хушунатомез дар доираи як давлат самаранок буда наметавонад ва баҳри андешидани чораҳои муштараки фаромиллӣ дар ин ҷода зарурати воқеӣ ба миён омадааст.
Бинобар ин, 20-уми декабри соли 2022 Маҷмаи генералии Созмони Милали Муттаҳид «Дар бораи эълон намудани 12-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез», ки метавонад ба терроризм оварда расонад, қабул намудааст.
Қатъномаи мазкур аҳамияти чораҳои пешгирикунандаро махсусан таъкид сохта, давлатҳоро ба таҳкими сиёсати иҷтимоӣ, рушди маориф, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин, ба густариши ҳамкории байналмилалӣ даъват намудааст.
Хулоса, экстремизми хушунатомез аз ҷониби СММ ҳамчун муаммои глобалӣ эътироф гардида, аз давлатҳо тақозо шудааст, ки бо дарки амиқи хатари он сиёсати мутаносибу мутавозин, аз ҷиҳати мантиқу илмӣ асоснок ва ҳамоҳангшударо амалӣ намуда, тавассути ҳамкории дастҷамъона, таҳкими фарҳанги сулҳ таҳаммулпазирӣ ва масъулияти иҷтимоӣ заминаҳои паҳншавии ин падидаи хатарзоро маҳдуд созанд, амнияти устувор ва рушди босуботи ҷомеаҳои миллиро таъмин сохта, бо ин баҳри таҳким ва тақвияти амнияти ҷаҳонӣ саҳми воқеӣ гузоранд.
Қатъномаи мазкури СММ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷиддият ва қатъияти том пазируфта шуда, дар асоси тавсияву талаботи он баҳри муборизаи мақсаднок ва ҳадафмандона бо ин зуҳуроти хатарзо чораҳои дахлдор роҳандозӣ гардида истодаанд.
Дар тӯли беш аз се соли сипаригардида қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо экстремизми хушунатомез ва оқибатҳои он ҳамаҷониба такмил дода шудааст, аз ҷумла, қонунҳо, барномаҳо ва стратегияҳои дахлдор қабул гардида, баҳри фаъолияти муташаккилонаи субъектҳои марбута дар ин ҷода заминаи фароҳи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳар сол, бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди экстремизми хушунатомез бозбинӣ намуда, ҷиҳати тасҳеҳу такмили нақшаҳо барои солҳои минбаъда чораю тадбирҳои заруриро амалӣ месозанд.
Албатта, чораҳои муштараки умумибашарӣ метавонанд ҷомеаи ҷаҳониро аз хатари экстремизми хушунатомез то ҳадди имкон безарар гардонида, ҷиҳати пурра аз байн бурдани решаҳо ва омилҳои он ба таври муассир мусоидат намоянд.
Пайрав Мириноят,
ёрдамчии калони прокурори вилоят
оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот,
мушовири адлияи дараҷаи 2,
Абдулҳамид Мирсайзод,
прокурори шуъбаи муқовимат
ба экстремизм ва терроризм ва
назорати қонунгузорӣ дар
соҳаи амнияти миллӣ,
мушовири адлияи дараҷаи 3





