Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст. Ҳуқуқшиноси машҳури рус Моджорян гуфтааст: Терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои расидан ба ҳадафҳояшон равона карда мешавад».

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан, дар нимаи дуюми асри XX терроризм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби ҷомеашиносони Шарқу Ғарб омӯзиши ин падидаи номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён ояд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, дар ҳоле, ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замон содиршавии терроризм вуҷуд доштааст, ҳарчанд дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахс таъсир расонида, мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Мо ҳама аз хабарҳои телевизион шоҳиди он мебошем, ки қариб ҳар рӯз дар ҳар гӯшаю канори дунё амалҳои даҳшатноки террористӣ бо истифода аз моддаҳои тарканда, аслиҳаи оташфишон, яроқи сард ва шахсони худкуш ба амал меояд.

Дар замони муосир кирдорҳои террористӣ хеле бераҳмона шакл мегиранд. Он бисёртар ба муқобили аҳолии осоишта нигаронида шудааст. Шумораи гурӯҳҳои муташаккил, мусаллаҳ, устувор ва бо ҳам алоқаманди террористӣ тамоили зиёдшавӣ дорад.

Дар ҷамъият ба омилҳои терроризм аз нигоҳи зуҳуроти иҷтимоӣ, сиёсӣ, психологӣ, динӣ ва дар вақти мубориза алайҳи терроризм дар ҷамъият аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ бояд баҳо дод.

Шаҳноза РАҲМОН,

профессор,

Муқаддас Ҳусенхоҷаева,

ассистенти ДДХ