Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Сиёсӣ

Маводҳои охирон

  • ҲНИ – сарчашмаи пайдоиши терроризм ва экстремизм
  • Мансабхоҳию курситалошии наҳзатиён!
  • Нест бод-хоинони миллат !
  • Азроил тӯъма ёфтааст?
  • Маркабсонон!
  • Лаънатборон!
  • Аблаҳони аламзада!
  • Боғи баҳил беҳосил!
  • Ҳамдиливу ҳамраъйӣ мебояд!
  • Терроризм – ин хатари ҷаҳони муосир

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
ШАРИФОВА МАВЛУДА
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Сулҳе, ки ба ҷаҳон паҳн мешавад

Информация о материале
Опубликовано: 17 июля 2026
Просмотров: 78

Халқи тоҷик аз қадимулайём дар саҳифаҳои таърихи башарият ҳамчун миллати соҳибтамаддун, соҳибмаърифат ва фарҳангдӯст шинохта шудааст. Ниёгони хирадманди мо ҳамеша парчамбардори илму адаб ва сулҳу заковат буданд ва ин рисолати бузург имрӯз дар сиёсати хориҷии кишвари соҳибистиқлоли мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат дурахши нав пайдо кардааст.

Иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башариятро пайваста ба ҳамдиливу созандагӣ ҳидоят мекунанд. Қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки бегоҳии 25 - уми июн сурат гирифт, гувоҳи ин гуфтаҳост. 

Кишвари мо бо ин ташаббуси бузург бори дигар собит намуд, ки дар масири таъмини суботи сайёра нақши меҳвариро мебозад. Санади мазкур маҳсули тафаккури амиқи сиёсии Роҳбари давлати мо буда, давлатҳои узви ҷаҳонро вазифадор менамояд, ки пояҳои некӯаҳволии наслҳои ояндаро тавассути муколама ва ҳамбастагӣ мустаҳкам намоянд. Ин қатънома бар принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид такя карда, ҳадафи олии он наҷоти инсоният аз офати ҷангҳо ва таблиғи фарҳанги зидди хушунат мебошад.

Мувофиқи ин қатънома солҳои 2027 - 2036 “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” эълон гардид. Ин давраи даҳсола имкон медиҳад, ки ниёзҳо ва манфиатҳои кӯдакону ҷавонон ва пиронсолон дар раванди таҳияи сиёсати ҷаҳонӣ устувор гарданд. СММ ва ниҳодҳои он дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои татбиқи амалии ин ҳадафҳо сафарбар мешаванд. Санади мазкур ҳамчунин аз уҳдадориҳои Саммити оянда дар соли ду ҳазору бисту чор ва Паймони оянда истиқбол намуда, таҷрибаи миллии кишварҳоро дар роҳи оштӣ ва ваҳдат унсури илҳомбахш медонад. Дар ин замина, талошҳои созандаи Тоҷикистон дар амри ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамчун намунаи барҷастаи дипломатияи сулҳхоҳона эътироф ва ситоиш ёфт.

Ин ташаббуси оламшумул дар даврае пазируфта шуд, ки сайёраи моро таҳдидҳои нави амниятӣ ва низоъҳои шадид фаро гирифтаанд. Маҳз Роҳбари давлати мо, ки халқаш фоҷиаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронида, баҳои сулҳу ваҳдатро хуб медонад, ин пешниҳоди саривақтиро ба миён гузошт. Мактаби сулҳофарии тоҷикон имрӯз ба як чароғи ҳидоят барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Қабули ин қатънома мояи шараф ва ифтихори бузурги ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Мо бо сарбаландӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат пайравӣ намуда, ҷиҳати таҳкими ин дастоварди таърихӣ ва ҳифзи арзишҳои ватандорӣ тамоми саъю талоши худро ба харҷ хоҳем дод. Сулҳе, ки аз Тоҷикистон ба ҷаҳон паҳн мешавад, кафолати ояндаи дурахшони наслҳои мост.

 Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Миллати тоҷик ва таҳкими фарҳанги сулҳ

Информация о материале
Опубликовано: 03 июля 2026
Просмотров: 113

Ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ қабул гардид

 

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли эҳтиром Шумо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, меъмори воқеии сулҳу ваҳдат, бунёдгузори давлати навини тоҷикон ва сиёсатмадори маъруфи сатҳи ҷаҳониро ҷиҳати аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома дар бораи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036”, ки аз бузургӣ, фарҳанги воло, сулҳу ваҳдатофарии миллати тоҷик ва сиёсати дурандешонаву хирадмандонаи Шумо - Пешвои муаззами миллат башорат медиҳад, аз номи худ ва сокинони сарбаланди вилояти Суғд сидқан табрику муборакбод гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар иҷрои рисолати роҳбарии халқу миллат дастоварду муваффақиятҳои пайваста таманно дорам.

пурра ...

Эътирофи нақши Тоҷикистони сулҳпарвар

Информация о материале
Опубликовано: 03 июля 2026
Просмотров: 15

Дар таърихи муносибатҳои байналмилалии даҳсолаҳои охир кам иттифоқ меафтад, ки ташаббуси як давлат на танҳо аз ҷониби тамоми кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид бо хушнудӣ пазируфта шавад, балки ба барномаи ҷаҳонии таҳкими сулҳу амният барои солҳои оянда табдил ёбад. Қабули якдилонаи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, воқеаи бузурги сиёсӣ ва дипломатии аҳамияти ҷаҳонидошта маҳсуб меёбад.

Ин дастоварди навбатӣ идомаи мантиқии сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Агар ташаббусҳои қаблии Тоҷикистон дар масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва ҳамкориҳои байналмилалӣ кишвари моро ҳамчун давлати ташаббускор муаррифӣ намуда бошанд, пас қабули қатъномаи нави марбут ба таҳкими сулҳ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешоҳанги дипломатияи сулҳ ва таблиғгари фарҳанги ҳамзистии осоишта дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар муаррифӣ намуд.

Ин рӯйдоди таърихӣ боз як ҳақиқати муҳими сиёсиро собит сохт: таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат амалӣ гардид, имрӯз дигар танҳо дастоварди миллӣ нест, балки ҳамчун таҷрибаи арзишманд ва омӯзандаи байналмилалӣ эътироф шудааст. Аз ин рӯ, қабули қатъномаи мазкурро метавон эътирофи саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ ва амният арзёбӣ намуд.

Хеле рамзист, ки муждаи қабули ин қатънома маҳз дар рӯзи таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Кохи фарҳангии ба номи Рӯдакӣ дар шаҳри Хуҷанд расонида шуд. Толори идона ин муждаи фараҳбахшро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, бархоста аз ҷой ва кафкӯбиҳои тӯлонӣ истиқбол гирифт. Ин лаҳза на танҳо ифодаи шодмонии иштирокдорон, балки таҷассуми ифтихори тамоми миллат аз мақому манзалати рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буд.

Пас аз анҷоми ҳамоиш бо як зумра шахсиятҳои сиёсӣ, олимон, адибон ва собиқадорони давлатдорӣ ҳамсуҳбат шудем. Андешаҳои онҳо бозгӯи онанд, ки қабули ин қатъномаи таърихӣ на танҳо пирӯзии дипломатияи тоҷик, балки эътирофи ҷаҳонии мактаби сулҳофарии Тоҷикистон ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат мебошад.

Биҳоҷал Раҳимова, ходими ҳизбиву давлатӣ: 

- Ҳамчун шахсе, ки шоҳиди рӯзҳои сахту пурфоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳамзамон, даврони эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол будам, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда солҳои 2027–2036»-ро бо эҳсоси ифтихор, қаноатмандӣ ва умеди бузург истиқбол менамоям.

Ин санади таърихӣ бори дигар собит сохт, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арсаи ҷаҳон эътироф гардида, ба манфиати тамоми инсоният хизмат мекунанд. Дар шароите, ки ҷаҳон ҳанӯз ҳам аз низоъҳо, ҷангҳо, терроризм ва буҳронҳои сиёсӣ ранҷ мебарад, пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи таҳкими сулҳ ҳамчун ниёзи замон ва роҳи воқеии таъмини амнияти башарият арзёбӣ мегардад.

Барои мо – мардуми Тоҷикистон, сулҳ танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки арзишест, ки бо ранҷу машаққат ва қурбониҳои зиёд ба даст омадааст. Ман хуб дар хотир дорам, ки солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ чӣ гуна мардум азоби ҷонкоҳ кашиданд. Аммо маҳз бо хиради сиёсӣ, ҷасорат ва иродаи қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ заминаи наҷоти давлат ва миллат гузошта шуда, оштии миллӣ таъмин гардид. Имрӯз ҳар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳар мактабу донишгоҳ, ҳар иншооти азим, ҳар дастоварди илму фарҳанг ва ҳар табассуми кӯдакон самараи сулҳу ваҳдат мебошад.

Қабули ин қатъномаи муҳими Созмони Милали Муттаҳид боз як далели равшани мақому нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва Пешвои миллат аст. Итминон дорам, ки Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои солҳои 2027–2036 ба давлатҳо имконияти воқеӣ фароҳам меорад, то бо роҳи муколама, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории созанда ба низоъҳо хотима бахшида, барои наслҳои оянда ҷаҳони амну осуда бунёд намоянд.

Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон:

– Ин ташаббуси Пешвои миллат ҳанӯз ду сол қабл пешниҳод гардида буд. Дар ин муддат коршиносони Созмони Милали Муттаҳид онро ҳамаҷониба омӯхта, бо назардошти таҷрибаи нодири сулҳофарии Тоҷикистон ва хизматҳои шоистаи Роҳбари давлат онро дастгирӣ намуданд. Ин барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мояи ифтихору сарфарозист.

Ба назари банда, ба қабули ин қатънома равандҳои мусбати ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ низ мусоидат намуданд. Аз ҷумла, имзои Аҳдномаи дӯстии абадӣ миёни роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки бо ташаббуси Пешвои миллат сурат гирифт, барои таҳкими эътимод, ҳамсоягии нек ва ҳалли масъалаҳои марзӣ заминаи устувор гузошт. Ин таҷрибаи муваффақ бори дигар нишон дод, ки сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар минтақа низ натиҷаҳои назаррас медиҳад.

Бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, барои хизматҳои бузурги таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ин фарзанди фарзонаи миллат сари эҳтиром фуруд меорам. Орзу менамоям, ки ин ташаббуси ҷаҳонӣ ба таҳкими сулҳу амният дар тамоми олам мусоидат намуда, Тоҷикистон минбаъд низ ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва пешоҳанги ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавқеи шоистаи худро дар ҷомеаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшад.

Сулҳ неъмати бебаҳост ва ҳифзу таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як инсони соҳибвиҷдон мебошад.

Гулафзо Савриддинова, собиқадори хизмати давлатӣ, вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати якум ва дуюм):

– Мо, вакилони Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, аз рӯзҳои нахустин ба сулҳпарварӣ ва иродаи қавии Пешвои миллат эътимод доштем. Ҳанӯз ҳам он суханони таърихӣ дар хотири ман зиндаанд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам. Ба ҳар хонадони Тоҷикистон сулҳ меоварам.»

Он рӯзҳо вазъият ниҳоят мураккаб буд. На ҳама ба барқарор шудани сулҳу субот бовар доштанд. Аммо Пешвои миллат ба ваъдаи худ содиқ монданд. Бо талошҳои пайгирона сулҳи миллӣ барқарор гардид, гурезаҳо ба Ватан баргаштанд, иқтисодиёти кишвар эҳё шуд ва давлатдории миллӣ таҳким ёфт.

Бешубҳа, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаи ин хизматҳои таърихиро хуб медонад. Аз ҳамин ҷост, ки имрӯз ташаббусҳои сулҳпарваронаи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ чунин пуштибонии васеъ пайдо мекунанд.

Мо, вакилони Иҷлосияи тақдирсоз, имрӯз бо ифтихор пешрафту ободии Тоҷикистони азизро мебинем ва шукр мекунем, ки дар интихоби худ иштибоҳ накардаем.

Хайринисо Юсуфӣ, ходими ҳизбиву давлатӣ:

–Рӯйдоди бузурги сиёсӣ ва падидаи бемонанди зиндагии ҷомеа он аст, ки дар остони ҷашни ватансози Ваҳдати миллӣ пешниҳоди Пешвои волошаъни миллати мо, наҷотбахши тоҷикони дунё ва қосиди сулҳовари мо Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди  қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027–2036» дар Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.  Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ҳодисаи бузурги таърихии ҳам милливу ҳам башарист, ки барои ақвоми олам дарсест омӯхтанӣ.

Чӣ басе кишварҳои пешрафтаву мутамаддини дунё вақте ба ҷангу пайкор мепечанд, раҳоӣ аз ин гирдоби бало барояшон ба ҳеҷ ваҷҳ даст намедиҳад. Аммо Пешвои миллати мо бо сиёсати дурнаварду охирбини худ, бо фитрати эҳёгару дили халқдӯстдор, бо шахсияти раҳнамуну чигилкушои худ коре карданд, ки аз ҳалқаи тасвиру тасаввур берун аст: Ба миллат сулҳро тақдим карданд! Тӯли 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар миёни мову ҳамсоягонамон дар минтақа борҳо ғубори нофаҳмиҳо падид омад, аммо Пешвои раҳкушои мо ин уқдаро ҳам бо ақли дурпаймо боз намуданд ва сулҳу суботи поянда дар миёни ҳамсоягон пирӯз шуд.

Ман аз номи модарони Тоҷикистон пешниҳод мекунам, ки ба Сарвари бузурги кишвари мо, ба Пешвои тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи Нобелии Сулҳ дода шавад, зеро қаҳрамонии Пешвои сулҳофарини мо натанҳо мақоми милливу минтақавӣ, балки мақому мартабаи ҷаҳониву башарӣ дорад.

Ҷаҳонгир Салимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд:

– Пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иқдоми саривақтиву муҳим пазируфта шуд. Басо рамзист, ки пазируфта шудани пешниҳоди навбатии Тоҷикистон дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ тавассути Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) тасдиқ гардида, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфт. Ҳамовозӣ ёфтани ин ташаббус дар СММ на танҳо нишонаи дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ аз сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон мебошад, балки аҳамияти бузурги сиёсӣ, маънавӣ ва башардӯстона дорад. Ин ҳама гувоҳ аз он дорад, ки ҷомеаи байналмилалӣ зарурати тарғиби фарҳанги сулҳро ҳамчун кафолати ояндаи бехатар эътироф намудааст.

Бояд қайд кард, ки сулҳ ин танҳо набудани ҷанг нест, балки муҳити мусоид барои рушд, пешрафт, таълиму тарбия, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва зиндагии шоистаи мардум мебошад. Аз ин рӯ, ташаббуси Тоҷикистон ба манфиати тамоми башарият нигаронида шудааст. Бояд гуфт ин пешниҳоди Тоҷикистон аз ду ҷиҳат шоистаи таваҷҷӯҳи хос аст. Аввал ин ки Тоҷикистон худ таҷрибаи нодири сулҳофариро аз сар гузаронидааст. Имрӯз таҷрибаи Тоҷикистон ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳо тавассути муколама ва оштии миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Пешниҳоди Даҳсолаи сулҳ аз ҷониби Тоҷикистон бар пояи таҷрибаи воқеӣ ва сабақҳои таърихӣ асос ёфтааст.

Баъдан, аз нуқтаи назари сиёсӣ ҳамовоз ёфтани ин пешниҳод мақоми байналмилалии Тоҷикистонро таҳким мебахшад. Давлате, ки ташаббусҳояш аз ҷониби созмонҳои бонуфузтарини ҷаҳон дастгирӣ меёбанд, ҳамчун шарики боэътимод ва масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Ин раванд ба болоравии нуфузи дипломатии кишвар ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Дар ин росто метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи сиёсӣ ҳамеша татбиқи сиёсати сулҳпарваронаи давлатро яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ медонад. Барномаи ҳизб барои ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст. Дар ин замина, татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ вазифаи муҳими ҳар як сохтори ҳизбӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ фаъолияти худро ба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, мубориза бо ифротгароӣ ва тақвияти фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ равона намудааст. Бо баргузории мулоқоту сӯҳбатҳо, ҳамоишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ, бахусус, дар байни ҷавонон, мо талош менамоем, ки фарҳанги сулҳ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ҷомеа боз ҳам тақвият ёбад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба ҳамгироӣ, муколама ва ҳамкории созанда ниёз дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ бори дигар собит месозад, ки ҷонибдори ҳалли мусолиатомези ҳамаи масъалаҳои байналмилалӣ буда, рушди устуворро танҳо дар фазои сулҳу субот имконпазир медонад.

Ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол рисолати муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Бо иттиҳоду ҳамбастагӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва дастгирии сиёсати созандаи давлату Ҳукумат мо метавонем Тоҷикистони боз ҳам ободу пешрафтаро барои наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Аюбзода Аминбек Азизбек, ҳуқуқшинос, нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд:

– Қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» далели равшани садоқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ормонҳои сулҳ, амният, ҳамзистии осоишта ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Маҳз таҷрибаи муваффақи сулҳофарии Тоҷикистон ба кишвари мо имконият фароҳам овард, ки имрӯз дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сулҳ, амният ва рушди устувор мавқеи фаъолу ташаббускор дошта бошад.

Сулҳ фарҳанги таҳаммул, эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, адолати иҷтимоӣ, баробарии имкониятҳо ва таъмини зиндагии арзанда барои ҳар як инсон мебошад.

Ҳадафи асосии ин санади байналмилалӣ ташаккули заминаҳои устувори сулҳ дар ҷаҳон, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо, рушди фарҳанги сулҳ, тақвияти муколама ва мусолиҳа, инчунин ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда дар равандҳои қабули қарорҳои байналмилалӣ мебошад.

Қабули ин қатъномаи муҳими Созмони Милали Муттаҳид бори дигар собит сохт, ки сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи муваффақ ва арзишманд эътироф гардидааст. Ин дастоварди таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихор буда, ҳамзамон масъулияти моро дар ҳифзу таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам бештар мегардонад.

 

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Эътирофи ҷаҳонии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон

Информация о материале
Опубликовано: 03 июля 2026
Просмотров: 107

Қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда 2027–2036»-ро, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, метавон аз рӯйдодҳои муҳими сиёсиву дипломатии солҳои охир шинохт.

Воқеан, ин санади муҳими байналмилалӣ бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои созанда эътироф шудааст.

Ин дастовард ба сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии мустақим дорад, зеро маҳз бо роҳбарии Сарвари давлат Тоҷикистон аз вартаи ҷанг раҳо гашта, ба давлати ташаббускори масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт.

пурра ...

Рамзи иродаи қавии миллат

Информация о материале
Опубликовано: 27 июня 2026
Просмотров: 23

Яке аз дастовардҳои беназири даврони истиқлол санади «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» мебошад, ки санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид ва ҳамчун санади сарнавиштсоз барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмину таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ ва афзудани нуфузу эътибори ҷаҳонии Тоҷикистон мусоидат кард.

Хушбахтона, фарҳанги бузурги тоҷикон ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, гузаштан аз ҷурми якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид.

пурра ...

  1. Пояи асосии рушд
  2. Ҳамдиливу ҳамгироӣ
  3. Сулҳе, ки аз Тоҷикистон ба ҷаҳон паҳн мешавад
  4. Навиди хуш аз минбари ҷаҳонӣ барои наслҳои оянда

Страница 2 из 7

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.