- Информация о материале
- Просмотров: 114
Сиву панҷ сол пеш, вақте Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ расид, аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Деваштич, ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуданд. Солҳои нахустини истиқлол барои мардум осон набуд. Мушкилоти иқтисодӣ, камбудии имкониятҳои молиявӣ, фарсудашавии инфрасохтор ва таъсири буҳронҳои даврӣ ба зиндагии сокинон бетаъсир намонданд. Дар он айём кишоварзӣ асосан бо усулҳои анъанавӣ пеш бурда мешуд, қисми зиёди роҳҳо ва иншооти иҷтимоӣ ба таъмиру навсозӣ ниёз доштанд ва имкониятҳои истеҳсолӣ маҳдуд буданд.
Бо вуҷуди ин мушкилиҳо, мардуми ноҳия бо такя ба сиёсати созандаи давлат ва меҳнати содиқона тавонистанд заминаи рушди минбаъдаро фароҳам оваранд. Сол ба сол соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ рушд карданд, инфрасохтор беҳтар гардид, корхонаҳои нав ба фаъолият оғоз намуданд ва сатҳи зиндагии мардум тадриҷан боло рафт.
- Информация о материале
- Просмотров: 122
Боз як ташаббуси ногаҳонӣ дар фазои кишвар гуфтаҳои бузургонро ба хотир овард:
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.
Бале, зинда намудану поянда нигоҳ доштани насли гузашта яке аз самтҳои сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки туфайли иқдоми созандаи худ боз ҳам ба қалби аҳли дил, мардуми шарифи Тоҷикистон ғуруру ифтихори миллиро бедор кард.
Бале, бо чанд нафаре, ки дар ин бобат суҳбат мекунам, бо дидагони ашкбор ин иқдоми Сарвари давлатро пазироӣ карданд.
- Информация о материале
- Просмотров: 150
Санаи 26 - уми май дар Маҷмааи давлатии "Кохи Сомон" Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" ба кори худ оғоз кард. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи об иштирок доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, аз аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуданд.
Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди масъалаҳои ҷаҳонии об ҳамеша барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ иқдом пеш мегирад. Зикр гардид, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шудааст. Ин ҷоиза барои саҳмгузорӣ, ҳамкориҳои судманд ва дастовардҳои назаррас дар соҳаи об тақдим мегардад.
- Информация о материале
- Просмотров: 146
Дар таърихи ҳар миллат рӯзҳое ҳастанд, ки на танҳо ҳамчун як воқеаи сиёсӣ ё фарҳангӣ, балки ҳамчун рамзи эҳёи асолати миллӣ, адолати таърихӣ ва қадршиносӣ аз ҷонбозиҳои фарзонагони миллат сабт мегарданд. Рӯзи 19 майи соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон маҳз аз ҷумлаи ҳамин рӯзҳо ба шумор меравад. Дар ин рӯз бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат - қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи маъруфи фарҳангӣ Нисор Муҳаммад ба Ватан оварда шуд.
Ин рӯйдод танҳо як маросими рамзӣ набуд. Он таҷассуми сиёсати давлатдориест, ки дар меҳвари он эҳтиром ба таърих, арҷгузорӣ ба гузаштагон ва таҳкими худшиносии миллӣ қарор дорад. Иштироки бевоситаи Пешвои миллат дар маросими истиқболи хоки фарзандони барӯманди миллат бори дигар собит намуд, ки дар Тоҷикистон гиромидошти хизматҳои таърихии шахсиятҳои миллӣ ба як самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст ва ин аз ҷониби доираҳои зиёию фарҳангӣ ва илмӣ пайваста таъкид ва истиқболу ситоиш мешавад.
- Информация о материале
- Просмотров: 99
Пос доштани таърих, гиромидошти ашхоси дилдодагони миллат ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони боҷасорати миллат яке аз сутунҳои асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати дурбинона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии чеҳраҳои маъруфи таърихӣ аҳамияти хос касб намуд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ба Ватан овардани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат - Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад. Ин ташаббус танҳо як иқдоми рамзӣ ва расмӣ набуда, балки нишонаи эҳтироми давлату миллат нисбат ба шахсиятҳое аст, ки барои озодӣ, ҳақиқат ва сохтани давлатдории тоҷикон хизматҳои арзанда анҷом додаанд.





