- Информация о материале
- Просмотров: 97
Мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ, ҳамчун рукни тавонову пурқудрат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манзалати хоса ва эътибори махсус дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мустақилияти пурраи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон таъмин ва самтҳои асосии фаъолияти он, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ муайян гардидаанд. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти самараноки прокуратураро заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул дода, ҷойи он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои он дақиқ шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои кормандони мақомоти прокуратураро дар назди давлат ва миллат борҳо қайд менамоянд: «Кормандони прокуратура ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии он ба шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он солҳо нигоҳ накарда, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро карда меоянд».
- Информация о материале
- Просмотров: 119
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба муқовимат бо коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – раисони комиссияи ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо оид ба муқовимат бо коррупсия, роҳбарони мактабҳои олӣ ва касбии вилоят намояндагони васоити ахбори омма, ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ иштирок доштанд.
- Информация о материале
- Просмотров: 150
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва кафили сулҳу субот дар кишвар ба шумор мераванд. Амният, истиқлолият ва тамомияти арзии давлат маҳз бо шарофати ҳушёриву омодагии ҳамешагии Артиши миллӣ таъмин мешавад. Артиш барои ҳар як шаҳрванди кишвар натанҳо сохтори ҳарбӣ, балки рамзи шуҷоат, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.
Дар замони муосир, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла, терроризм, ифротгароӣ ва дигар хатарҳои амниятӣ рӯ ба рӯ аст, зарурати доштани нерӯи мудофиавии пуриқтидор боз ҳам бештар мегардад. Дар чунин шароит нақши ҷавонон хеле муҳим аст, зеро онҳо қувваи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллат ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа мебошад.
Тарбияи ватандӯстӣ бояд аз оила оғоз ёбад ва дар мактабу донишгоҳ идома ёбад. Вақте ки ҷавон муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва ҳисси масъулиятро дарк мекунад, ӯ ба як шаҳрванди содиқ ва фидокор табдил меёбад. Гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву ҳарбӣ, вохӯриҳо ва машқҳои тайёрии ибтидоии ҳарбӣ метавонад ҳисси ифтихор аз Ватан ва омодагии ҳимояи онро дар дили ҷавонон тақвият бахшад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавон мактаби ҳаёт ба ҳисоб меравад. Дар артиш онҳо интизом, масъулиятшиносӣ, дӯстиву бародарӣ ва устувориро меомӯзанд. Ин хислатҳо барои ташаккули шахсияти комил ва муваффақияти минбаъдаи онҳо дар зиндагӣ замина мегузоранд. Бисёре аз ҷавонони ватандӯст имрӯз бо ифтихор ба хизмати ҳарбӣ мераванд ва бо ин амали худ садоқати худро ба Ватан нишон медиҳанд.
Ҳимояи Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст ва танҳо бо ҳисси баланди масъулият ва муҳаббат ба сарзамини худ метавон истиқлолият ва сулҳи кишварро ҳифз намуд.
Темирҷон ХОЛМАТОВА,
директори «Литсей барои хонандагони
болаёқат»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Информация о материале
- Просмотров: 64
Артиши миллӣ бо азму заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шудааст, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт.
Воқеан, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рўзҳои вазнин сар карда, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, кўшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузаштааст.
Дар ин раванд хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандўстони асил буданашонро собит намудаанд. Садҳо нафари онҳо дар ин роҳ ҷони худро қурбон карданд, ки мо хотираи некашонро ҳамеша пос медорем.
Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ шўравӣ, ки дар он давра аллакай ба ҳиссаи меросии худ, яъне аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва иншооту дигар заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин инфрасохтори низомӣ соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсии зарурӣ, яъне бе базаи моддиву техникӣ ташкил карда шуд.
Аз таъсисёбии Артиш вақти зиёде нагузашта, ба дўши он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим – таъмин кардани субот ва амнияти кишвар вогузор гардид.
Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ ҳанўз аз нахустин рўзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус эътибори аввалиндараҷа дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву муҳимот ва таҷҳизоти муосир шурўъ намуд.
Ин ҳама далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад, ки албатта, бо назардошти вазъи пайвастаи авзои сиёсии ҷаҳон бояд такмил дода шавад.
Фатҳуддин Зуҳурзода,
прокурори шаҳри Исфара,
мушовири адлияи дараҷаи 1
- Информация о материале
- Просмотров: 55
Қувваҳои Мусаллаҳ такягоҳи устувори давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватан маҳсуб меёбанд. Таҷрибаи таърих собит кардааст, ки ҳифзи истиқлолу тамомияти арзӣ ва таъмини амнияту субот бидуни неруи муназзами ҳарбӣ ғайриимкон аст. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсиси Артиши миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони навини давлатдорӣ ба шумор меравад.
Пояҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи бисёр ҳассоси таърихӣ бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуданд. Маҳз бо иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар заминаи таъсиси Артиши миллӣ фароҳам гардид.
Санаи 18-уми декабри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ қарор дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул шуд ва 23-уми феврали соли 1993 нахустин гузашти низомӣ баргузор гардид. Ин рӯйдод оғози расмии ташаккули Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ифода намуд. Аз ҳамон айём то имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ роҳи пуршарафро тай карда, ба неруи муназзам ва тавоно табдил ёфтаанд.
Артиши миллӣ зодаи даврони Истиқлол буда, ҳамқадами Истиқлоли давлатӣ рушду такомул ёфтааст. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки кишвар марҳилаи душворро паси сар мекард, афсарону сарбозон бо ҳисси баланди масъулият барои ҳифзи якпорчагии давлат ва барқарорсозии сулҳу субот саҳми арзанда гузоштанд. Ҷасорат, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва муҳаббат ба Ватан хислатҳои асосии хизматчиёни ҳарбӣ гардиданд.
Имрӯз роҳбарияти мамлакат ба рушду таҳкими иқтидори мудофиавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Шароити хизмат беҳтар гардида, заминаҳои моддию техникӣ тақвият меёбанд ва сатҳи омодагии касбии ҳайати шахсӣ мунтазам боло меравад. Қисмҳои ҳарбӣ тадриҷан бо техника ва таҷҳизоти муосир таъмин мешаванд, ки ин омодабошии ҷангии қӯшунҳоро тақвият медиҳад.
Боиси қаноатмандист, ки муносибати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ сол аз сол беҳтар мегардад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои онҳо мактаби ҷасорат, интизом ва камолоти шахсият мебошад. Ҷавонон бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, рисолати муқаддаси худро адо мекунанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯз рамзи қудрат, иттиҳод ва устувории давлатанд. Онҳо ҳамчун сипари боэътимоди миллат амнияти ҷомеаро таъмин намуда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ҳифз мекунанд.
Бешубҳа, ҳифзи Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Бо такя ба неруи қавии Артиши миллӣ ва ваҳдати мардум Тоҷикистони азиз роҳи пешрафту созандагиро устуворона идома медиҳад.
Саидзода Шаҳриёр Саидобидин,
котиби маҷлиси судии
Суди иқтисодии вилояти Суғд





