Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Сиёсӣ

Маводҳои охирон

  • ҲНИ – сарчашмаи пайдоиши терроризм ва экстремизм
  • Мансабхоҳию курситалошии наҳзатиён!
  • Нест бод-хоинони миллат !
  • Азроил тӯъма ёфтааст?
  • Маркабсонон!
  • Лаънатборон!
  • Аблаҳони аламзада!
  • Боғи баҳил беҳосил!
  • Ҳамдиливу ҳамраъйӣ мебояд!
  • Терроризм – ин хатари ҷаҳони муосир

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
ШАРИФОВА МАВЛУДА
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)
КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

​ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ - ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ БАШАР

Информация о материале
Опубликовано: 05 февраля 2026
Просмотров: 176

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад». Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:

Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ гардад.

Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст - ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Аксари мусулмонони олам чунини мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати–духӯра, дурӯя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хуруфотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада, мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати динии давлати абадқудрати шуравӣ, ки замоне ҷумҳурии мо низ як ҷузъи таркибии он буд, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури К.Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат ба дин қарор дода шуда буд.

Бо мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекард, ҷиҳати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, кӯҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида, амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динситезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рӯи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист, муқовимат мекард, пинҳонӣ амал мекард ва ҳатто, дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротӣ, тундравӣ даст мезад.

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Донишманди маъруф Герберт Спенсер (Ҳерберт Испенсер) дар рисолаи хеш, ки ба мавзуи тарбия бахшидааст, чунин мегӯяд: «Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад. Дар бисёре аз улуми табиии роиҷ дар асри мо руҳи динситезӣ вуҷуд дорад. Аммо дониши саҳеҳ ва дуруст ва дар сатҳи маълумоти фаротар рафта ва дар жарфноӣ ва умуқи ҳақоиқ (ҳақиқат) нишастааст, аз ин моҳияти динситезӣ барканор аст». Замоне, ки давлати абадқудрати Иттиҳоди Шуравӣ вуҷуд дошт, мубориза миёни ду гурӯҳи давлатҳо, ду идеология – лагери сотсиализм, ки ҷонибдори идеологияи коммунистӣ буданд ва дар раъси онҳо қарор дошт ва давлатҳои капиталистӣ бо сардории ИМА, ки худро чун кишварҳои демократӣ ва озод муаррифӣ менамоянд, муборизаи шадид, «ҷанги сард» идома дошт.

Пас аз суқути ИҶШС ва пош хӯрдани иттиҳоди (лагери) сотсиалистӣ мубориза шакли дигарро касб намуд. Рақобати абарқудратҳо, кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад. Дар аксари мавридҳо онҳо мекӯшанд, ки миёни ду динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, чи тавре ки дар аввали суҳбат ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф ва намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардан мехоҳанд. Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст. Мутаассифона, дар тули чанд соли охир дар баъзе кишварҳои Ғарб амалҳое ба вуқуъ омаданд, ки боиси қаҳру ғазаби мусулмонони олам гардид. Мисол, нашри романи тахрибкорона, таҳрифкоронаи Салмони Рушдӣ, сӯзондани китоби «Қуръон» аз ҷониби роҳиби бадкеши масеҳӣ Тери Ҷонсони амрикоӣ, амали нобакоронаи карикатуристи Дания Курт Вастергаард, ки расм-карикатураи хаёлии Пайғамбари ислом Муҳаммад (С)-ро дар солгарди амалиёти терористии Ню-Йорк дар шакли бомба офарид, боиси нафрат ва маҳкуми мусулмонон ва шахсони солимфикри ҷаҳон гардид. Сӯзонидани намоишкоронаи китоби муқаддаси мусулмонон «Қуръон» дар Амрико ва дигар амалҳои зишти исломситезии Ғарб вокуниши аксар кишварҳои мусулмонӣ ва ҷаҳони мутамаддинро ба вуҷуд овард. Ин амали зиштро муншии Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун шадидан маҳкум намуда, таъкид намуд, ки «чунин аъмол зидди кӯшишҳои СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ дар роҳи муваффақ шудан ба таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми фарҳангу адёни ҷаҳонӣ аст. Рафтори номақбули чанд нафар бадкеш набояд мухолифатро байни динҳо эҷод кунад».

Роҳбари Инқилоби исломии Эрон Оятулло Хоменаӣ - амали роҳиби амрикоиро маҳкум намуда чунин гуфтааст: «Ҳодисаи охир ба калисо ва масеҳият робитае надорад ва ҳаракатҳои лӯхтаконаи чанд тундгарои аблаҳ ва муздурро набояд ба пои масеҳиён ва мардони динии онҳо навишт. Мо мусулмонон ҳаргиз ба амали мушобеҳе дар мавриди муқаддасоти динҳои дигар даст нахоҳем зад.

Низоъи байни мусулмонону масеҳӣ хостаи душманон ва тарроҳони ин намоиши девонавор аст ва дарси «Қуръон» ба мо дар нуқтаи муқобили он қарор дорад». Баъди суқути давлати абадқудрати шуравӣ ва ба вуҷуд омадани давлатҳои соҳибихтиёр, аз байн рафтани идеологияи ҳукмрони атеистӣ муносибат ба дину диндорӣ дар ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли собиқ шуравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ комилан тағйир ёфт. Акнун мардум ба мероси гузаштагони худ ва анъанаҳои диниашон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуданд ва эътибори махсус медоданд. Созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ – иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонданд. Дар мамлакат фазои озоди андешаи динӣ дар заминаи асли конститутсонии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ташаккул ёфт.

Гуногунандешӣ ва таҳаммулпазирӣ таҳкурсии ғоявии ҳамзистии эътиқоди динии шаҳрвандони кишвар гардид. Сиёсати давлат бар зидди дин нигаронида нашуда, баръакс ба ҳимоя нигаҳдории фарҳанги миллӣ ва дин ба ҳайси як рукни муҳимми сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шуд.

Солҳои 1943-1988 дар кишвари мо ҳамагӣ 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷид, 15 калисо ва ибодатгоҳи насронӣ, 2 куништи яҳудӣ амал мекард. Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ қариб 4 ҳазор иттиҳодияҳои динии исломӣ (масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва масҷиди ҷомеи марказӣ, Кумита оид ба корҳои дин, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои уламои маркази исломии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам, 19 мадраса, дигар иттиҳодияҳо ва ҷамоатҳои (созмонҳои) динӣ) мавҷуданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 масоҷиди марказӣ, 325 масҷиди ҷомеъ, 3 ҳазору 334 масҷидҳои панҷвақта мавҷуданд. Ба ҳисоби миёна ба 2 ҳазор нафар аҳолӣ 1 масҷид рост меояд (бо назардошти он ки қариб 1 миллион нафар сокинони калонсоли ҷумҳурӣ, ғолибан мардон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Руссия ва дигар кишварҳои ИДМ қарор доранд.

То соли 1990 мусулмонони ИҶШС танҳо дар мадрасаи Мири араби Бухоро ва Донишкадаи олии исломии Тошканд имкони таҳсилоти динӣ гирифтан доштанд. Соли 1990 дар ин ду муассисаи таълимии динӣ аз ҷумҳурии мо ҳамагӣ 27 нафар таҳсил мекарданд. Ҳиссаи (квотаи) мусалмонони ҷумҳурии мо дар ин муассисаҳои таълимии динӣ хеле ночиз буд ва аз ин рӯ, то замони истиқлол дар байни мусалмонони кишвар шумораи уламои хатмкарда (дипломдор) ангуштшумор буданд.

Соли 1990 дар шаҳри Душанбе Донишкадаи олии исломии ба номи Имом Тирмизӣ (ҳоло ба номи Имоми Аъзам) таъсис ёфт, дар он ҳамон вақт ҳамагӣ 142 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд. Дар шаҳри Хуҷанд, Қӯрғонтеппа мактабҳои динӣ-мадрасаҳо кушода шуданд.

Ҳоло танҳо дар Донишкадаи олии исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам беш аз 1,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд. Дар назди Донишкадаи мазкур гимназияи исломӣ фаъолият дошта, дар он қариб 700 нафар толибилмон таҳсил менамоянд, ки 291 нафарашон духтарон мебошанд ва ба онҳо 44 нафар устодон таълим медиҳанд.

Ҳамин тавр, барои мусалмонони кишвар, ки аксарияти мутлақи сокинони ҷумҳурии моро ташкил медиҳанд, тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд, то ниёзҳои эътиқодии худро ба таври озод амалӣ созанд. Дар натиҷаи тағйири муносибати давлат ба дин ва созмонҳои динӣ, ташаккул ёфтани вазъи нави динии ҷумҳурӣ сатҳи дарку фаҳми мардум якбора боло рафт.

Зебинисо Ҳасанова,

дотсент, мудири кафедраи умумидоишгоҳии фалсафаи

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

 

Мо, ҷавонон бар зидди терроризм

Информация о материале
Опубликовано: 05 февраля 2026
Просмотров: 175

Имрўзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои гуногунмазмуни байналмилалӣ минтақаи Осиёи Марказӣ нақши басо муҳим дошта, арсаи муборизаи шадиди дохилӣ ва байналхалқӣ гардидааст, ки манфиатҳои кишварҳои гирду атроф ва ҳамсояҳои наздикро фаро мегирад. Воқеъият чунин аст, ки экстремизм, ифротгароӣ ва сўиқасду кушторҳои беҳуда дар ҳамаи мамлакатҳои хурду бузург ба назар мерасанд.

Имрӯз зиёда аз 60 фоизи аҳолии Осиёи Марказиро ҷавонони то синни 25 сола ташкил медиҳанд, аз ин рў, вазифаи мо, омўзгорон огоҳ намудани онҳост, ки то ба ҳизбҳои бегонаи сиёсӣ нараванд ва ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намоянд.

Маориф, ки дорои иқтидори бузург аст ва барои беҳтар намудани сатҳи ҳаёти моддию маънавии аҳолӣ, мубориза бар зидди камбизоатӣ ва дигар шаклҳои бетаҳаммулӣ, васоити танзими муколамаи ҷамъиятӣ, муносибатҳои созанда дар байни  унсурҳои сохтори иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа, таъмини сулҳу амният кўшиш ба харҷ медиҳад. Бинобар ин рушди минбаъдаи иқтидори эҷодӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, роҳнамоии онҳо барои таъмини сулҳи пойдор ва амният дар ҷомеа вазифаи фаврии системаи маорифи Тоҷикистон аст.

Яке аз самтҳои афзалиятноки мубориза бар зидди зуҳуроти экстремистӣ ҳифзи ҷавонон аз ғояҳои зараровари ифротгароии динӣ аст. Омўзгорон бояд дар арсаи мубориза бо унсурҳои бегона баҳри ояндаи Ватан ба ақлу дили ҷавонон таъсир гузоранд ва пирӯз гарданд. Ин созмонҳои динии ғайриқонунӣ асосан пинҳонӣ фаъолият мебаранд.

Тарафдорони онҳо  бархе аз ҷавонони аз 17 то 35-сола буда, дар пешбурди назари куллии худ дар байни аҳолии Тоҷикистон махсусан ҷавонон фаъол мебошанд. Мақсади асосии онҳо эҷоди мухолифат дар ҷомеа ва аз байн бурдани ягонагии мусалмонон аст. Созмонҳои мазкур аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мешаванд, онҳо  байни ҷавонон аудио ва фитаҳои видео, варақаҳои экстремистӣ ва адабиёти динӣ паҳн менамоянд.

Ҳоло Тоҷикистон нақша дорад, ки  аз ҳисоби донишҷўёни пешқадам таъсиси дастаҳои пешсафонро ташкил диҳад, то ки бар зидди паҳншавии ғояҳои экстремизми ҷавонон фаъолият барад. Бояд таъкид кард, ки мубориза бар зидди ифротгароӣ ва сўиқасдҳои ҷоҳпарастона кори гурўҳҳои муайян набуда, балки вазифаи тамоми ҷамъият мебошад.

Матлуба СОБИРОВА,

омӯзгори МТМУ №14,

шаҳри Хуҷанд    

Терроризм – вабои аср

Информация о материале
Опубликовано: 05 февраля 2026
Просмотров: 160

Имрӯз, ки замон пур аз тазод асту мушкилоту ихтилофот хеле зиёд ба назар мерасад, доир ба афзун гардидани гурӯҳҳои терроризму экстремизм зиёд ҳарф мезанему дар бораи он қиссаҳо мекунем.

Қисса мекунем, ки шояд ҷавоне аз оқибатҳои ин амали номатлуб огоҳ гардаду гумроҳ нагардад. Зеро чӣ қадар нависем, чӣ қадар таҳлил намоем, ба манфиати кор асту якеро аз гумроҳшавӣ шояд нигоҳ медорем. Бале, терроризм  имрӯз беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Агар ба таври дигар гӯем, терроризм дар минтақаҳои алоҳида, умуман ба тамоми ҷаҳон доман паҳн намуда истодааст.

Андешаҳо собит месозанд, ки терроризм ва экстремизм яке аз  хавфноктарин гурӯҳҳо барои  инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Имрӯз тибқи маълумоти коршиносон дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои диниву  ифротгаро, созмонҳои террористию экстремистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Вобаста ба фаъолияташон ҳадафҳои гуногун доранд. Бале, танҳо мақсаду маром, сабаб ва далелу бурҳони амалу фаъолияти худро сарварони созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ҳар гуна эълон мекунанд. 

Имрӯз экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои  якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонанд дар тамоми соҳаҳои ҷамъият – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар раванди сиёсӣ дар мубориза ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ дар баробари дигар давлатҳо кишвари азизи мо–Тоҷикистони офтобрӯя низ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Дар мубориза ба чунин гурӯҳҳои хатарнок  кишвари мо низ тамоми кӯшишу ғайрати худро масраф менамояд, то оқибатҳои хатарнок ва пешгӯинашавандаро, ки инсоният аллакай аз сар мегузаронад, пешгирӣ намояд. Терроризми муосир имрӯз натанҳо аз ҷониби созмонҳо ва гурӯҳҳо, балки аз ҷониби шахсони алоҳида муаррифӣ карда мешавад.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвари моро низ зарур аст, ки ба муқобили ин вабои аср муборизаи бераҳмона барем ва нагузорем, ки онҳо ниятҳои нопоки худро дар кишвари мо амалӣ созанд.

Фирӯз АЛИЕВ,

муфаттиши шуъбаи тафтишотии

прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд,

лейтенанти адлия

Хатари ҷиддӣ ба амну субот

Информация о материале
Опубликовано: 05 февраля 2026
Просмотров: 169

Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб ба шумор меравад. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн намуда, хатари бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро эҷод менамояд.

Дар замони муосир инсоният ба чунин хатари ҷиддие, ки ба амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гашта истодааст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми ғаразноку нопоки худро тавассути зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм ва бо дигар роҳҳо амалӣ созанд.

Дар раванди сиёсӣ дар мубориза бо терроризм дар баробари давлатҳои бузург Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нақши муҳим дорад. Имрӯз  кишвари мо ҷиҳати саривақт вокуниш ба чолишҳо ва хатарҳои ҷаҳонӣ дар ташаккули нерӯҳои амниятии дохилӣ ва хориҷӣ чораҳои муассир андешида истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигар таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд ва дар ин робита чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуъи пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро амалӣ менамояд.

Дар ин давра самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм, пеш аз ҳама ташаккули заминаҳои меъёрӣ, ҳуқуқии пешгирӣ ва муқовимат бо ин омилҳои номатлуб ҷомеаро фаро мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавқеи устувор дошта, таҷрибаи ғанӣ касб намудааст ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади мубориза алайҳи ин амалҳои номатлуб дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Таърихи афкору башар собит месозад, ки  илму дониш ҳамеша меҳвари пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ мансуб ёфта, барои расидан ба зиндагии шоиставу саодатманди инсоният саҳми муносиби хешро гузошта, алайҳи хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе аз мутассибони камсавод ҳамеша дар мубориза будааст.

Дар ҳақиқат ҳам, терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд.

Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода, дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.

Зарнигор НЕЪМАТОВА,

омӯзгори МТМУ №22,

шаҳри Хуҷанд

Шаҳкориҳои мардуми сарбаланд – ба ифтихори ҷашни миллат

Информация о материале
Опубликовано: 13 января 2026
Просмотров: 265

Ҳар марҳилаи таърихӣ дар худ ҳодисае, воқеот ва таҳаввулоти азими иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангиро ба вуҷуд оварда, нақши хешро дар сарнавишти мардум мегузорад. Бузургтарин дастоварди оғози асри бистуякум барои мардуми шарифи кишвари мо ин ноил гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ бошад, имрӯз, дар марҳалаи ҳифзу нигаҳдошти ин неъмати муқаддас-соҳибихтиёрӣ, ҳамчунин ваҳдати миллӣ ва арзишҳои инсонпарваронаи Ватани азизамон соли 2025-ум баҳри сокинони мамлакати мо соли пурфайзу бобаракату табарруку муборакқадам гардид.

Имрӯз, дар фароварди ин соли накӯ як назар ба рӯзҳои сипаришудаи он андозем, дили ҳар як фарди ин сарзамин боғ-боғ гул мекунад, аз фараҳ мешукуфад. Беҳтарин рӯйдоди соли 2025-ум, ин санаи 31-уми март ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд мебошад, ки он ба дӯстии абадӣ байни се мамлакати ба ҳам дӯсту ҳамсоя - Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон асосу пояи устувор гузошт. Эъломияи Хуҷанд бори дигар ба ҷаҳониён рисолати созандагӣ, пайвандгарӣ, дӯстии абадӣ, баҳамоӣ, шукуфоӣ ва инсондӯстиро собит намуда, тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар ва инсондӯст дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ кард. Эъломияи Хуҷанд дар ташаккули мактаби сулҳофаринии Пешвои муаззами миллат нақши арзишманд гузошта, ба як рӯйдоди таърихии замони муосир табдил ёфт… Имрӯз марзҳои байни се давлат кушода, муносибатҳои мутақобилаи судманд ва равобиту ҳамкорӣ дар раванди густариш мебошанд.

пурра...

Страница 7 из 7

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.