Дар арафаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шудани бинои нави Вазорати адлия на танҳо як рӯйдоди муҳими сохтмонӣ, балки боз як марҳилаи нави рушди низоми ҳуқуқии кишвар маҳсуб меёбад.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ин иншооти муҳташам барои кормандони мақомоти адлия, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариат, муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва тамоми ҳуқуқшиносони кишвар барномаи мукаммали амал гардид.

Дар суханронии худ Сарвари давлат таъкид намуданд: «Волоияти қонун асоси устувории давлат, кафили адолати иҷтимоӣ ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум мебошад».

Ин таъкид бори дигар масъулияти ҳар як корманди соҳаро дар назди давлат ва ҷомеа бештар намуд. Хусусан, дастуру супоришҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, мубориза бо коррупсия, беҳтар намудани сифати таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва муносибати эҳтиромона бо шаҳрвандон барои ҳар як корманди мақомоти адлия роҳнамои фаъолияти минбаъда мебошанд. Перомуни андешаҳои чанде аз роҳбарону мутахассисони ҷавони соҳа вобаста ба ин мулоқоти таърихӣ ҳамсуҳбат шудем.

Илҳом Вализода, сармутахассиси бахши умумӣ, кадрҳо ва ташкили кори Раёсати адлияи вилояти Суғд:

–Суханронии Пешвои миллатро метавон санади муҳими сиёсиву ҳуқуқии рушди мақомоти адлия номид. Махсусан, таваҷҷуҳи Президенти мамлакат ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмили фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон барои ҳамаи мо паёми равшан буд. Мо хуб дарк мекунем, ки имрӯз рушди давлатдорӣ пеш аз ҳама, аз сифати қонунгузорӣ вобаста аст. Агар қонунҳо ҷавобгӯи талаботи замон бошанд, пас рушди иқтисод, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон низ таъмин мегардад. Пешвои миллат махсус таъкид намуданд, ки лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар сатҳи баланди касбӣ таҳия гарданд ва аз ҷониби кормандони мақомоти адлия санҷиши ҳамаҷонибаи ҳуқуқӣ гузаранд. Ин дастур моро вазифадор месозад, ки донишҳои худро пайваста такмил диҳем, таҷрибаи байналмилалиро омӯзем ва масъулияти шахсиро баланд бардорем. Имрӯз ҷомеа босуръат тағйир меёбад ва мақомоти давлатӣ низ бояд ҳамқадами замон бошанд. Коҳиш додани муомилоти коғазӣ, хизматрасонии электронӣ, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дастрасии осони шаҳрвандон ба хизматрасониҳои ҳуқуқӣ на танҳо сатҳи хизматрасониҳоро беҳтар мекунад, балки имконияти содиршавии амалҳои коррупсиониро низ коҳиш медиҳад. Бинои нави Вазорати адлия низ танҳо рамзи пешрафти инфрасохтор нест. Он нишонаи таваҷҷуҳи давлат ба ҳуқуқшиносон мебошад. Ҳар як корманди соҳа бояд ба ин ғамхорӣ бо хизмати содиқона ҷавоб диҳад.

Муаттара Ҳакимзода, мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд:

–Барои мо, кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, суханони Пешвои миллат аҳаммияти махсус доштанд. Сарвари давлат бо нигаронӣ қайд намуданд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои муносибати дағалона бо шаҳрвандон, кашолкории сунъӣ ва хизматрасонии ғайрисамаранок ҷой доранд. Ин масъала моро водор месозад, ки муносибати худро бо мардум бознигарӣ намоем. Зеро фаъолияти мо аз лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти инсон – таваллуд, ақди никоҳ, фарзандхонӣ, бақайдгирии дигар ҳолатҳои шаҳрвандӣ оғоз мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як муроҷиаткунанда бояд эҳсос намояд, ки давлат ҳуқуқи ӯро эҳтиром мекунад. Таъкиди Президенти мамлакат оид ба рушди ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо барои мо аҳаммияти калон дорад. Имрӯз ҷомеа хизматрасонии босуръат, шаффоф ва бе навбатро талаб мекунад. Мо вазифадорем, ки бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ин ҳадафҳоро амалӣ намоем. Бовар дорам, ки эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» имконияти нави рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаро фароҳам меорад.

Достон Исоқзода, нотариуси идораи давлатии шаҳри Хуҷанди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

–Дар суханронии Пешвои миллат масъалаи баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои давлатӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимтарин матраҳ гардид. Ин масъала бевосита ба фаъолияти нотариат низ дахл дорад. Имрӯз шаҳрвандон аз нотариус танҳо тасдиқи ҳуҷҷатро не, балки муносибати самимӣ, маслиҳати ҳуқуқии босифат ва хизмати зудро интизоранд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша принсипҳои қонуният, беғаразӣ ва масъулиятшиносиро риоя намоем. Президент махсус таъкид намуданд, ки нигоҳ доштани хизматрасониҳо дар шакли куҳна, талаб кардани ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ ва ба вуҷуд овардани навбатҳои сунъӣ метавонад боиси пайдоиши омилҳои коррупсионӣ гардад. Ин таъкид барои ҳамаи кормандони нотариат ҳушдори ҷиддӣ мебошад. Мо бояд фаъолияти худро ба талаботи замони рақамӣ мутобиқ намуда, тамоми хизматрасониҳоро шаффоф ва дастрас гардонем. Мо ифтихор дорем, ки дар давлати ҳуқуқбунёд фаъолият мекунем ва тамоми кӯшишамонро ба он равона месозем, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон адолати ҳуқуқиро дар амал эҳсос намояд.

Ихтиёр Шодиев, ҳуқуқшинос:

–Яке аз муҳимтарин нуқтаҳои суханронии Пешвои миллат масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ буд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки фаъолияти фаҳмондадиҳӣ набояд танҳо бо маҷлисҳои расмӣ маҳдуд гардад. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ, воситаҳои рақамӣ ва усулҳои муосири иртибот бояд васеъ истифода шаванд.

Ин дастур барои мо – кормандони марказҳои ёрии ҳуқуқӣ вазифаи нав мегузорад. Мо бояд ба назди мардум равем, машваратҳои сайёр баргузор кунем, ҷавононро бо ҳуқуқҳои онҳо шинос намоем ва барои ҳалли баҳсҳои ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат кунем. Хусусан, расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба занон, кӯдакон, шахсони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои ниёзманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Бовар дорем, ки амалисозии ташаббуси Тоҷикистон оид ба «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» обрӯи байналмилалии кишвари моро боз ҳам баланд мебардорад.

Акмал Содиқзода, сармутахассиси бақайдгирии давлатии ташкилоятҳои ҷамъиятии Раёсати адлияи вилоят:

–Ба назари ман, муҳимтарин паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсии ҳар як корманди мақомоти адлия мебошад.

Пешвои миллат бо далелҳои мушаххас масъалаҳои коррупсия, риояи одоби хизматӣ, такмили фаъолияти экспертизаи судӣ, баланд бардоштани савияи касбӣ ва омӯзиши ҳуқуқи байналмилалиро мавриди таҳлил қарор доданд. Ин нишон медиҳад, ки давлат аз мақомоти адлия танҳо иҷрои вазифаҳои маъмуриро не, балки ташаккули фарҳанги нави ҳуқуқиро интизор аст. Ҳар як корманд бояд дарк намояд, ки симои мақомоти адлия аз муносибати ӯ бо шаҳрванд оғоз мешавад. Поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, дониш ва ахлоқи ҳамида бояд меъёри фаъолияти ҳар як ҳуқуқшинос бошад. Мо бо масъулияти баланд тамоми супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузорем.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Вазорати адлия на танҳо ҷамъбасти дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, балки барномаи мукаммали рушди минбаъдаи низоми адлияи кишвар мебошад.

Таъкидҳои Сарвари давлат оид ба таҳкими волоияти қонун, рақамикунонии хизматрасониҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, муборизаи беамон бо коррупсия ва тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳар як корманди соҳа масъулияти боз ҳам бештар тақозо менамоянд.

Бо чунин сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлатдории ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таҳкими адолати иҷтимоӣ хизмат хоҳад кард.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”