Дар  толори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд нишасти хабарӣ баргузор гардид.  Зимни он натиҷаҳои фаъолияти сохтор дар нимсолаи якуми соли 2026-ум мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти назорати истифодаи маблағҳои давлатӣ, ошкорсозии ҷиноятҳои коррупсионӣ, барқарор намудани зарари молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маълумот пешниҳод гардид.

Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мутахассисони шуъбаи назорати давлатии молиявии раёсат дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ  56 тафтиш ва санҷиши молиявӣ гузарониданд. Дар натиҷаи санҷишҳо 21,4 миллион сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор гардида, ҳамин маблағ барқарор карда шудааст. Аз ин ҳисоб 21,2 миллион сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва 119,5 ҳазор сомонӣ ба ташкилоту корхонаҳо рост меояд.

Ҳамзамон, вобаста ба натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ 29 маводи санҷишӣ ба маблағи умумии 6,8 миллион сомонӣ барои баррасӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардидааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти раёсат ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мебошад. Тибқи маълумот дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 241 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноятҳо ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.  Аз ин шумора 117 ҳолат ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин рост меояд.

Маблағи умумии зарар аз рӯи ҷиноятҳои ошкоршуда 28 миллион сомонӣ арзёбӣ гардида, аз он 17,3 миллион сомонӣ рӯёнида шудааст. Танҳо зарари ба давлат расонидашуда 25,6 миллион сомониро ташкил дода, 15 миллион сомонии он барқарор гардидааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари ҷиноятҳои бақайдгирифташуда ба субъектҳои хоҷагидории ғайридавлатӣ, соҳибкорон ва шаҳрвандон, инчунин соҳаҳои гуногуни давлатӣ рост меоянд.  Аз ҷумла, дар субъектҳои хоҷагидории ғайридавлатӣ 86 ҷиноят,  дар дигар идораю корхонаҳои давлатӣ 18 ҷиноят, дар соҳаи барқ 17 ҷиноят, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва зерсохторҳои он 14 ҷиноят ва дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ 17 ҷиноят ошкор шудааст.

Дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта, шумораи ҷиноятҳои ошкоршуда дар баъзе шаҳру ноҳияҳо афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар Хуҷанд 74, Бобоҷон Ғафуров 48, Гулистон 23, Исфара ва Ҷаббор Расулов 19-ададӣ ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ба қайд гирифта шудааст.

Дар нимсолаи якум аз ҷониби кормандони раёсат  37 ҷинояти вобаста ба замин нисбати 12 нафар ошкор гардида, 16 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Зарари расонидашуда 872 ҳазору 100 сомониро ташкил дода, масоҳати заминҳои марбут ба ин ҷиноятҳо 2,31 гектар мебошад.

Дар самти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ низ корҳои муайян анҷом дода шудаанд.  Муфаттишони раёсат дар ин давра 106 парвандаи ҷиноятиро ба пешбурд қабул карда, тафтиши пешакии 84 парвандаро ба анҷом расониданд. Аз ин шумора 80 парванда нисбати 92 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасии моҳиятан ба судҳо ирсол гардидааст.  Дар доираи парвандаҳои ҷиноятии тафтишоташон баитмомрасида 6,4 миллион сомонӣ барқарор шудааст.

Дар баробари ошкорсозии қонуншиканиҳо, раёсат барои бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда низ чораҳои дахлдор андешидааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор 40 дастури хаттӣ ва 307 пешниҳод ирсол гардидааст. Дар натиҷаи баррасии онҳо 29 нафар аз вазифа озод шуда, нисбати 94 нафар ҷазои интизомӣ татбиқ шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2026-ум ҳамчунин 191 ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба коррупсия ошкор ва ба расмият дароварда шудааст. Аз рӯи онҳо ба маблағи 266 ҳазору 910 сомонӣ ҷарима таъин гардида, маблағи мазкур пурра ба буҷети давлатӣ рӯёнида шудааст.

Дар самти пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ низ тадбирҳо идома ёфтаанд. Кормандони раёсат бо намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят 152 маротиба мулоқот намуда, ҳамчунин 11 мақола дар рӯзномаю маҷаллаҳо ба нашр расонидаанд.

Афзоиши ошкорсозии  ҷиноятҳои  коррупсионӣ дар  баробари чораҳои пешгирикунанда  нишон медиҳад, ки  мубориза бо коррупсия  дар сатҳи вилояти Суғд  таҳти назорати  ҷиддӣ қарор дорад.

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”