- Он рӯзҳоро магар аз хотир бароварда мешавад? – ба суолам бо суол ҷавоб гардонд пири барнодили садсола, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ, истиқоматкунандаи маҳаллаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд Маҷид Ширинов, – солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳақиқат вазнинтарин давра дар ҳаёти инсонӣ буд гӯем, хато нахоҳад шуд. Ба даврони имрӯзаи соҳибистиқлолӣ, ба ободию осоиштагии диёр, тинҷию якдигарфаҳмӣ,  шароитҳои беҳтарини таълиму зиндагӣ менигараму маро ҳиссиёти фаромӯшнопазире фаро мегирад. Ба фарзандону набераю аберагонам ҳушдор медиҳам, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо – истиқлолият бирасанд, ватан- модарро азиз доранд, шукргузор бошанду ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Бале, Маҷид Ширинов имрӯз дар ҳалқаи оилаи хушбахт, фарзандони накӯю хуштарбия ва пайвандони дилбанд даврони бузургсолӣ меронаду шукр мегӯяд. Ҳамагӣ баъди чанд моҳ, аниқтараш санаи 5-уми июли соли 2026 аҳли оилаи Маҷидовҳо, панҷ фарзанду (ду нафар шодравон) 14 набера, 41 абераю 2 чабера гирди дастархони идона ҷамъ меоянду 100-солагии бобои қаҳрамонашонро дар иҳотаи пайвандон мегузаронанд.

Қаҳрамони мо баъди хатми мактаби миёна курси кӯтоҳмуддати оҳангарии шаҳри Казалинскии Ҷумҳурии Қазоқистонро  ба итмом расонд. Ин рӯйдод соли 1940 буд. Маҷид хост дар ватан дӯкони оҳангарӣ кушода, зиндагиашро осудаҳолона гузаронад, аммо ҷанги хонумонсӯз сар шуду ба зиндагии орому осудаи халқи советӣ “чашм расид”.  Ҷавонмардони баору номус ва қавиирода ҳамагӣ ба майдони ҳарб рафтанд. Маҷид низ ҳифзи Ватан-Модарро қарзи шарвандии худ дониста, ҳарчи зудтар расидани даъватномаро интизор буд.

Даъватнома омад, аммо на ба майдони муҳориба, балки ба корзор, охир ҳамагӣ шонздаҳ сол дошт. Маҷид ин даъватро напазируфта бошад ҳам, ӯро ҳушдор доданд, ки ӯ аз майдони муҳориба дида, дар корзори меҳнат заруртар асту нафъаш ба Ватан бештар хоҳад расид. Ҷавонписар ноилоҷ даъватро пазируфт. Ӯ ва ҳамроҳонашро дар заводи роҳи оҳани Оренбург интизор буданд. Чанд муддат машқи омӯзишӣ гузарониданд, Маҷид низ ҳамчун шогирди челонгар ба фаъолият оғоз кард.

Он замон ба майдони ҷанг бештар лавозимоти оҳангарӣ зарур буд. Шабу рӯз меҳнат мекарданду асбобҳои ҷангиро омода месохтанд ва челонгар он вақт фаҳмид, ки ақибгоҳ ҳам на камтар аз майдони ҷанг будааст. Ҳар гоҳе ки наъли асперо месохт, ҳар оҳанеро, ки саркӯб мекард, мисоли мехе меҳисобид, ки ба сари душман кӯфта бошад.

Баътар ӯро ба сехи таъмири паровозҳо гузарониданд. Маҷид Ширинов дар баробари донистани нозукиҳои ҳунари челонгарӣ давоми давраҳои ҷанг ҳамчунин рондани паровозро низ ба хубӣ азхуд кард ва баъди ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ ҳамчун машинист дар роҳи оҳани Оренбург фаъолият дошт.

Соли 1953 Маҷидро ба фабрикаи шоҳибофии вилояти Ленинобод, ки бо номи шелкомбинат машҳур буд, ба кор таъин карданд, ки қаҳрамонписари шуҷоъ то ба синни нафақа расидан, яъне то соли 1991 ҳамчун челонгари моҳир байни коргарони фабрика шинохта шуд. Дар як вақт хонадор шуд, ҳамроҳи ҳамсари вафодораш Зумрад Акрамова, ки бофандаи моҳири комбинат буд, панҷ фарзанди солеҳро ба камол расонд. Онҳоро хононд, то дар ҷамъият мавқеи худро ёбанд.

Шодравон модари хонадон Зумрад Акрамова ҳамеша ба фарзандонаш ҳушдор медод, ки илм омӯзанду соҳиби маърифат шаванд, зеро дар давраҳои ҷанг духтараки сездаҳсола маҷбур буд, ки ба кори комбинат ояд ва дар таъмини рӯзгор ҳисса гузорад. Имрӯз наберагони Маҷидбобову Зумрадоча ба ёд меоранд, ки чи тавр бибиашон дар бораи рӯзҳои дароз чизе нахӯрдану агар ёбанд, донаки зардолуеро шикаста, мағзи онро тамоми рӯз ба даҳон гардонданашон нақл мекарданд.

Зану шавҳар ҳарду дар комбинат баробар меҳнат карданду фарзандонро хононда, соҳиби илму маърифат гардониданд. Онҳо шукргузор аз онанд, ки маҳз туфайли заҳматашон дар комбинат соҳиби обрӯву эътибор гаштанду ба қавле, комбинат онҳоро боло бардошт. Бо гузашти вақт Маҷид Ширинов ба нафақа баромада бошад ҳам, аҳли коргоҳ ӯро фаромӯш намекарданд. Пайваста ба комбинат меомаду бо ҳампешагонаш суҳбат меорост. Ба ҷавонон маслиҳату ба дармондагон ёрӣ медод. Дар ҳавлӣ бошад, бекор буданро намеписандид. Аз фарзандонаш хоҳиш кард, ки барояш чорво бихаранд то нигоҳубин намояд. Ҳарчанд фарзандон исрор доштанд, ки солҳои тӯлонӣ меҳнат кардаасту акунун вақти он расидааст, ки роҳаташро бинад ва истироҳат намояд, аммо бобои дар қӯраи меҳнат обутобёфта ором нишаста наметавонист.

Фарзанди бобои садсола Абдумалик иброз дошт, ки падар то ба қарибӣ, яъне то дар дидагон нур доштану олами ҷаҳонтобро бо сашми сар дидан бо парвариши гову гӯсфанд ва мурғ машғул буданду худро андармони ин ва ё он коре мекарданд. Мегӯянд, ки одамӣ бо меҳнат зинда асту инсонро ба мурод  мерасонад.

Ҳарчанд имрӯз дидагони Маҷид-бобои қаҳрамон аз тамошои олами беруна маҳрум аст, ӯ шукр мегӯяд. Шукри даврони Истиқлол, шукри сулҳу ваҳдату ҳамдилӣ дорад, ки ӯро аҳли маҳалла, роҳбарони шаҳр хабар мегиранду эҳтиромаш мекунанд. Ӯ бошад, ба фарзандону набераю аберагон ва ҳамчунин, аҳли маҳалла насиҳат мекунад, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасанд, ҳамеша барои таъмини эҳтиёҷоти аҳли оила  захира дошта бошанд, китоб хонанду илм омӯзанд.  

Мо низ ба гуфтаҳои ин пири барнодили садсола пайрав гашта, барояш гуфтанием: ҳамеша азизи дилу дидаи мардум бошед!

 

Санавбар КАРИМОВА,

раиси ташкилоти шӯрои

собиқадорони ҷангу

меҳнати маҳаллаи

Сирдарёи шаҳри Хуҷанд

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”