Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба муқовимат бо коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо – раисони комиссияи ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳо оид ба муқовимат бо коррупсия, роҳбарони мактабҳои олӣ ва касбии вилоят намояндагони васоити ахбори омма, ҷомеаҳои шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа фаъолияти комиссия дар соли 2025 натиҷагирӣ гардида, вазифаҳо барои соли 2026 муайян гардиданд.

Дар кори ҷаласа намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Турсунзода Шодком

Худоймурод иштирок ва баромад намуда, қайд намуд, ки гарчанд дар соли 2025 ҷиноятҳои коррупсионӣ нисбат ба соли 2024 кам шуда бошад, ҳам вале дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Деваштич, Мастчоҳ ва Спитамен нишондиҳандаҳо то ҳол баланд мебошад. Аз ин бармеояд, ки фаъолияти комиссияи ҷамъитии ин шаҳру ноҳияҳо қонеъкунанда нест.

Боиси қайд аст, ки дар соли сипарӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол ва Кӯҳистони Мастчоҳ ҷиноятҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки амалҳои корруписонӣ бештар дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, идораи замин, нақлиёт, хизматчиёни давлатӣ ва ғайра ба қайд гирифта шудаанд.

Оид ба фаъолияти Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба муқовимат бо коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2025 ва нақшаи фаъолият дар соли 2026 муовини раиси Комиссияи вилоятӣ Назира Ғаффорӣ гузориш дод. Ӯ қайд намуд, ки дар соли сипарӣ Комиссия фаъолияти худро самаранок ба роҳ монда, бо иштироки аъзои комиссиси вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо мизҳои мудаввар ва семинарҳои дастурдиҳӣ доир ва дар ҳамкорӣ бо мактабҳои олӣ маводи тарғиботӣ ба шакли китобча ва варақа чоп ва дастраси шаҳру ноҳия намуд.

Дар давоми сол фаъолияти комиссияи шаҳру ноҳияҳо ва соҳаҳои осебпазир мавриди санҷиш ва таҳлил қарор гирифта, бо масъулин суҳбату мулоқот анҷом дода шуданд. Натиҷаи фаъолияти комиссияҳо ва масъулин буд, ки ҷинояткорӣ дар соли 2025 нисбат ба соли 2024-ум кам ба қайд гирифта шудааст ва тамоюли камшавӣ дорад. Омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти комиссияи баъзе шаҳру ноҳия ба талабот ҷавобгӯ нест ва мо бояд онро дар соли ҷорӣ ислоҳ намоем.

Дар интиҳо раиси комиссия Зуфар Исмоилзода аз масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳо пурсиш намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ байни аҳолӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, ташкилоту идораҳо баҳри коҳиш додани ҷииноятҳои корруписонӣ, ки ба обрӯву эътибори давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири бевосита дорад ва самарнок иҷро намудани нақшаи пешбинишуда дар соли равон вазифагузорӣ намуд.

 

Аминҷон ШАРИФЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”