Барҳақ, гузашти рӯзгор собит намуда истодааст, ки нақши рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ба ҳайси нигорандаи солномаи рӯзгори сокинони ин вилояти овозадор беназир аст.
Имрӯзҳо, дар остонаи фаро расида истодани иди Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 тариқи телевизиони вилояти Суғд нишон доданд, ки Сафири мамлакати Фаронса ва ҳайати ин давлат ба ҳавлии қаҳрамони ҷанг, зодаи шаҳри Хуҷанд Қодир Раҳимов ташриф оварданду бо аҳли хонадонаш, бо Хона-музейи ин марди ҷасуру далер ошно шуданд, ба хотирам расид, ки нахустин маротиба симои ин марди таҳамтан ва корнамоиҳояшро ба сокинони вилоят ва тамоми кишварамон ҷангноманавис-корманди рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» шодравон Ҳасанбой Шарифов ошно карда буданд.
Тавассути навиштаҳои Ҳасанбой ҳама мардуми шаҳри Хуҷанду вилоят огоҳ гардида буданд, дар паҳлуи мо чунин як марде зиндагонӣ дорад, ки бо оғози ҷанг ихтиёрӣ ба фронт рафт, бо фашистони немис дастбагиребон шуд, ҳарчанд ба дасти онҳо асир афтод, вале иродаи қавиаш нашикаст, бо ҷавонмардию ҷасорату матонату далериву чобукии тоҷикона тавонист, ки аз асорати фашистон раҳоӣ ёбад ва ба сафи Ҳаракати партизании муқовимати давлати Фаронса пайваста, муборизаро бар зидди душмани инсоният давом диҳад.
Қодир Раҳимов ягона шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад, ки Шаҳрванди фахрии давлати Фаронса аст ва нафақаи ду давлат-Тоҷикистон ва Фаронсаро мегирифт. Ин фарди шарифу накӯном Шаҳрванди барӯман-ду ифтихории шаҳри Хуҷанд низ буд. Барои корнамоиву қаҳрамониҳои ҳақиқатан ҳам ҷавонмардонаи дар он солҳои пурошӯб нишондодааш бо Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонида шудааст…
Ҳасанбой Шарифов аз охири солҳои ҳафтодум ва солҳои ҳаштодум аз корнамоиҳои ҷанговарони тоҷик дар набардҳои ҷанг аз қаламрави вилоятамон қисса, очерк, лавҳаҳо навишта, қариб, ки дар бораи тамоми иштирокчиёни ин ҷанг менавиштанд. Он солҳо, ки аз тамомшавии ҷанг сивупанҷ-чил сол гузашта буд, иштирокчиёни ҷанг ҳама барҳаёт ва синну солашон панҷоҳупанҷ-шастсола буданд.
Ману Ҳасанбой Шарифов дар идораи рӯзнома мухбирони як шуъба - ҳаёти сиёсӣ будем. Ман ҳаёти сиёсиро инъикос менамудаму он кас мутасаддии ҳаёти комсомолону ҷавонон буданд. Баробари ин, қариб, ки ҳар рӯз ба наздашон ду-се нафар иштирокчии ҷангро даъват ва бо онон сӯҳбати дурудароз барпо менамуданд. Ба суханони иштирокчиёни ҷанг босабру ботаҳаммулона аз аввали нақлашон то ба охир гӯш мекарданд.
Он фардони шариф - сокинони шаҳри Хуҷанд, шаҳру навоҳии дигари вилоятамон баъзан лаҳзаҳои мудҳиши ҷангро ба хотир оварда, ашк гулӯгирашон мешуд, бештар вақт тамоми корнамоиҳояшонро дар муҳорибаҳои ин ҷанги хонумонсӯз пурраву саропо чун дар навори кино нақл мекарданд, ки чӣ тавр яроқу аслиҳаро болои сар бардошта, рӯду дарёҳоро убур мекарданд, чӣ тавр барои озодкунии ҳар як деҳа, маҳал, мавзеъ, хона ҷонбозиҳо менамуданд, чигуна шабона аз як самти фронт ба дигар самт роҳ мепаймуданду барои он ки хоб пахш накунад, сурудхонон роҳ мегаштанд.
Тавассути заҳмату машаққати чандинсола Ҳасанбой Шарифов, ин журналисти мушкилнописанд номи зумраи калони ҷанговарон, мардони шуҷоъу далеру боҷасорати тоҷикро, ки бо матонату иродаи қавии худ Рӯзи Fалаба бар фашистони немисро наздик карданд, ба мардуми мамлакат шинос намуданд, муаррифӣ карданд.
Ҳар гоҳе ба назди Ҳасанбой нафаре аз иштирокчиёни ҷанг меомаданд, аввал ғарқи андеша, сархаму хомӯш менишастанд, гӯё он лаҳзаҳои мудҳишу ба хоку хун оғӯштаи ҷанг дар пеши назарашон аз нав ҷилвагар мегардид. Суолу пурсишҳои Ҳасанбой боис мегардид, ки домони андешаҳои он шахс кушода шудаву ба нақли он муҳорибаҳои дар таърихи инсоният ҳамтонадошта оғоз кунад.
Ба назарам, ҳар иштирокчие, ки ба сӯҳбат меомад, номи ду-се нафари дигари ҳамяроқи худро мегуфту Ҳасанбой ҳамоно аз пайи дарёфти он нафарон мешуданд. Ана ҳамин тавр ҳам як рӯзе ба утоқи кории мо як марди қадбаланди паҳлавонҷусса даромада омаданд ва худро Қодир Раҳимов муаррифӣ намуданд.
Баъди ин сӯҳбат дар ёд дорам, ки муносибати ин фарду Ҳасанбой хеле чуқур рафт, яъне ба асорат афтодан, сипас ба ҳаракати партизании Фаронса пайвастан ва корнамоиҳои бемисл нишон додан ва соҳиби Орден гардидан. Ба назарам, ҳамчунин дар дарёфтани дӯстони дерин-ҳамяроқони фаронсавӣ Ҳасанбой ба ин фард кӯмак намуданд ва ҳамаи инро дар саҳифаҳои рӯзнома инъикос менамуданд.
Шодравон Ҳасанбой Шарифов аз зумраи журналистоне буданд, ки иродаи қавӣ дошта, ба коре даст заданд, онро бо вуҷуди мушкилоти зиёди пешомада то ба охир мебурданд ва бо сифати баланду табъи дилашон ба охир мерасониданд. Мизи кориашон, ки аз панҷ-шаш ғалладон иборат буд, ҳамеша аз коғазҳои алоҳида-алоҳида пур буд, Дафтари қайдҳо надоштанд, вале ҳофизаашон чунон мустаҳкам буд, ки дар тамоми фаъолияти бисёрсолаашон ягон факту далелро фаромӯш накарда буданд.
Сари иншои маводашон бисёр сахт заҳмат мекашиданд. Ва вақте аз идораи рӯзнома ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба кор гузаштан ҳам, ҳар як маводи барои рӯзнома додаашонро пеш аз чоп шуданаш омада, албатта, аз саҳифаи рӯзнома хонда, хотирашонро ҷамъ карда мерафтанд. Журналисте буданд, ки ба қавле, имзояшонро эҳтиром менамуданд, кӯшиш менамуданд, ба ягон маводашон касе нукта гирифта натавонад.
Дар ёд дорам, ки давоми чанд сол, миёнаҳои солҳои ҳаштодум ба ягон ҷо ба сафари корӣ намебаромадагӣ шуданд. Боре котибаамон Раъноҷон Юсуфова омада, супориши сармуҳаррир шодравон Усмонҷон Тоҷибоевро гуфтанд, ки ба Ҷамоати Деҳмой раванд. Ҳасанбой оҳиста бархоста рафтанд, ба назарам вазъро ба сармуҳаррир фаҳмониданд. Баъди ин роҳбарияти идораи рӯзнома он касро ба сафари корӣ намефиристоданд. Баъзан ҳамкорон ҳатто, нимшӯхиву нимҷиддӣ мегуфтанд, ки Ҳасанбойро рӯҳи ҷанговарони шаҳидшуда доштааст. Дар асл ин тавр набуд. Шояд аз асаб ва ё ягон бемории дигар буд, ки он кас табобати дурудароз гирифтанд. Ва саломатиаш монанди пештара барқарор гардид. Пас аз ин ба шаҳрҳои Москва, Минск, Киев ва дигар манотиқ рафта, моҳҳо архивҳои ҷангиро аз назар мегузарониданд, ки ин ба таълифи як қатор асарҳои дигари ин журналист ва нависанда боис гардид.
Арҷ гузоштан ба лавҳу қалам дар сиришти Ҳасанбой аслан аз айёми бачагиашон будааст. Чи тавре худашон дар китоби «Манзили аҷдоди мо» навиштаанд, падарашон ҳар рӯзе ба дасташон як даҳтинаро медодаанд, ки аз ошхонаи мактаб коржик харида хӯранд. Вале ба ин маблағ он кас албатта, газета ва ё маҷаллаи навро харида мехондаанд. Ва ҳамаи ин замина гардида буд баҳри иншои як зумра асарҳои хонданбоб аз қаҳрамониву шуҷоати ҷавонмардони бонангу ори тоҷик дар саросари олам.
Ёд дорам, дар Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии маркази вилоят муаррифии китоби нави Ҳасанбой Шарифов, ба назарам «Мардони палангошӯб» баргузор мегардид. Шодравон Атахон Сайфуллоев риштаи суханро гирифтанду нахуст гуфтанд, - Ҳасанбой, акнун айнакатон чанд шуда бошад, Шумо, ки ин қадар заҳмат мекашед…- Се,-гуфтанд Ҳасанбой. Ва дар ҳақиқат ҳам ин нависанда, муаррих ва рӯзноманигор хеле пуркор, сермаҳсул буданд, гӯё доимо барои инъикоси қаҳрамониҳои мардуми сарбаланди тоҷик, ифшо намудани суханони дили худ шитоб доштанд,
Ногуфта намонад, ки Ҳасанбой Шарифов давоми чандин сол сарвари иттифоқи касабаи идораи рӯзнома буданд ва баҳри ҳамкорон доимо маводи ғизоии камчин, ки он солҳо аз мағозаҳо ёфтанашон мушкил буд, аз ҷумлаи пивои чехӣ, моҳии шпрот, молҳои саноатии баландсифат барои бонувони идора дастрас менамуданд, ки ҳамаи кормандон аз ин ризоманд буданд.
Ин фарди шариф ҳамчун журналисти соҳибқалам ва нависандаи ҷӯянда мавод ва асарҳое таълиф намудаанд, ки аксараш аз таърихи бошарафонаи миллати сарбаланди тоҷик аст. Ва ин асарҳо барои ҳамеша баҳри мардуми тоҷик рӯимизианд.
Рафоат МӮЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




