Ҳар сол санаи 14-уми март кормандони мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд.

Санаи 8-уми апрели соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он дар мамлакат 14-уми март Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура таъйин шуд.

Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура аз он ибтидо мегирад, ки санаи 14-уми марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, тибқи он вазифаи Прокурори генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Имрӯз мардуми кишвар ба хубӣ дарк менамоянд, ки таъмини  қонунияту адолат, амният, сулҳу субот ва ризоият дар ҷомеа аз фаъолияти самараноки ин ниҳоди бонуфуз низ сахт вобастагӣ дорад.

Самтҳои асосии фаъолияти прокуратура бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мушаххас гардиданд. Заминаҳои рушд ва таҳкими фаъолияти мақомоти прокуратура дар Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, яъне ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

Кормандони ин ниҳоди бонуфуз пайваста кӯшиш доранд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани  қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазир андешида, баҳри пиёда сохтани он ҳамаи тадбирҳоро роҳандозӣ менамоянд, то ин ки ин ҳуҷҷатҳо барои мардуми кишвар ҳам дастрас ва ҳам мушаххасу фаҳмо гардад.

Шоёни зикр аст, ки кормандони прокуратураи вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ ба аҳли қалами рӯзномаи вилоятӣ дар омода ва чоп намудани ин ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ ҳамкории зич доранд. Дар саҳифаҳои рӯзнома пайваста мақолаҳои таҳлилии кормандони ин ниҳоди бонуфуз нашр мегарданд, ки он мазмуну муҳтавои мухталифро дорост.

Соли сипаригардида мусоҳибаи мухбирамон бо прокурори вилоят, кормандони ин ниҳод оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  ҷумҳурӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак,” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба нашр расиданд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби хонандагону муштариёни рӯзнома хеле хуш пазироӣ гардиданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар мусоҳибаҳои мазкур кормандони прокуратураи вилоят тавонистанд муҳтавои қонунҳои амалкунандаро ба самъи мардум, муштариёни рӯзнома расонанд. Онҳо туфайли навиштаҳои худ ба мардуми сарзамин, ба хонандагони ҷарида бо таври содаву фаҳмо қарорҳои қабулшударо шарҳу эзоҳ дода, хонандаро боз як бори дигар ҳушдор доданд, ки қонунҳои қабулгардида маҳз ба манфиати мардум буда, мақсади он сабук намудани тӯю маъракаҳо, тарбияи дурусти атфол, масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд ва омӯзгорон, ҳамчунин тоза ва гиромӣ  нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ нигаронида шудааст.

Ҳамзамон, кормандони прокуратураи вилоят бо нақши қалами созандаи худ тавонистанд дар бораи сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани тағйироту иловаҳоро ба мардум ба таври содаву возеҳ фаҳмонида доданд.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 25-уми апрели соли 2025 дар бораи ташвишовар будани яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа–соҳаи  энергетика фикру андешаи худро баён намуда, ба қонуни мазкур моддаи нав, яъне моддаи 253/1 илова карданд. Кормандони прокуратура бо маводҳои таҳлилии худ собит сохтанд, ки  ҳамаи қонуну қарорҳои батасвибрасидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати мардум, баланд бардоштани вазъи иқтисодии кишвар ва зиндагии босаодати аҳли ҷомеа равона шудааст.

Аҳли қалами рӯзнома ба хубӣ дарк карданд, ки ҳамкории ин ниҳоди бонуфуз дар инъикоси бозгӯи манфиатҳо шаффофу басо пурмуҳтавоянд.

Имрӯз дар арафаи Иди касбии ҳомиёни қонуну адолат месазад гӯем, ки онҳо дар оянда низ бо фаъолияти пурсамар, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу Ватан ба наслҳои ҷавон сабақи меҳанпарастиву инсонпарварӣ дода, баҳри ҳифз ва пойдории давлати соҳибихтиёрамон саҳми худро хоҳанд гузошт ва иртиботашон бо рӯзнома боз ҳам хубтару қавитар хоҳад шуд.

 

Гулҷаҳон Маҳкамова,

“Ҳақиқати Суғд”