Мақомоти прокуратураи вилояти Суғд натиҷаҳои фаъолияти худро дар шашмоҳаи якуми соли 2026 ҷамъбаст намуданд.

- Зиёда аз 300 миллион сомонӣ зарари барқароршуда, беш аз 26 ҳазор қонуншиканӣ ва ҳазорон ҳуқуқҳои ҳифзшуда. Паси ин рақамҳо тақдири ҳазорон шаҳрвандон ва барқарорсозии адолати судиву иҷтимоӣ меистад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон прокурори вилоят Ҳусейн Давлатзода.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2026 аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Суғд ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон силсилаи чорабиниҳои муассир амалӣ карда шуданд. Дар ин давра оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар соҳаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла иқтисод, соҳибкорӣ, андозу гумрук, истифодаи замин ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1088 санҷиши прокурорӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа, 26 266 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардида, барои бартараф намудани онҳо ва барқарор сохтани ҳуқуқҳои поймолшуда беш аз 10 ҳазор санадҳои эътиноӣ (амр, эътироз, пешниҳод) бароварда шуд. Ҳамчунин, 835 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, беш аз 15 600 нафар шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида шуданд.

Гуфта шуд, ки бо дахолати мақомоти прокуратура 300,06 миллион сомонӣ зарари молиявӣ барқарор карда шуд, ки аз он 241,9 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ва ташкилотҳои давлатӣ ва 57,6 миллион сомонӣ ба манфиати шахсони воқеӣ рост меояд. Инчунин, 94,7 миллион сомонӣ андозҳои қаблан пинҳонгардида ва қарзҳои андоз ба буҷети давлат ворид карда шуданд. 27,7 гектар қитъаҳои замини дар истифодаи ғайриқонунӣ қарордошта ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.

Дар бахши назорати судиву ҳуқуқӣ, прокуророн дар баррасии 1608 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 1776 айбдоршаванда айбдоркунии давлатиро дастгирӣ намуданд. Ҳамчунин, иштироки прокуророн дар баррасии 639 парвандаи маданӣ ва 842 парвандаи маъмурӣ таъмин карда шуд. Дар суди иқтисодӣ ва судҳои зинаи аввал аризаҳои даъвогӣ баррасӣ гардида, даҳҳо миллион сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шуд. 

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 1811 муроҷиати шахсони воқеӣ ва 57 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ баррасӣ гардида, собит шуд, ки ҳифзи манфиатҳои сокинон дар мадди аввал меистад. Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, кормандони прокуратура 4971 вохӯриву суҳбатҳо ва 607 баромад тавассути радио ва телевизион анҷом дода, дар матбуоти даврӣ 199 мақолаи ахборотиву тавзеҳотӣ ба табъ расониданд.

Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳои мухталиф, ба монанди ҷиноятсодиркунӣ дар соҳаҳо, даст задан ба коррупсия, ҷиноятсодиркунии ноболиғону ҷавонон, авфи маҳкумшудагон ва ҷиноятсодиркунии онҳо, фаъолияти сохтмончиён ва ғайриқонунӣ ғасб кардани замин, пешгирии санҷишҳои беасос ва амсоли ин саволҳо пешниҳод гардиданд. Ба саволҳои пешниҳодшуда масъулини шуъбаю бахшҳои прокуратураи вилоят посух доданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”