Дар маҷлисгоҳи прокуратураи вилоят  таҳти раёсати прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Давлатзода Ҳусейн Ҳомид бо иштироки кормандони мақомоти прокуратураи вилоят ҷаласаи васеъи ҳайати мушовараи прокуратураи вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд дар давраи семоҳаи якуми соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар он прокурори вилоят  Давлатзода Ҳусейн Ҳомид дар бораи нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд  маълумоти мукаммал манзур карда,  бо назардошти натиҷаҳои он вазифаҳои мақомот барои семоҳаи дуюм ва давраҳои минбаъдаи соли равон муқаррар карда шуд.

Таъкид гардид, ки  дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мақомоти прокуратураи вилоят ҳамагӣ 598 санҷишҳои прокурорӣ гузаронида, дар раванди онҳо зиёда аз 16891 қонунвайронкуниҳо ошкор, баҳри бартараф намудани онҳо ва барқарор кардани ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, баррасии ҷавобгарии шахсони гунаҳкор 3444 амр, 2195 эътирози назоратӣ оварда, 1389 пешниҳод бароварда, 635 адад парвандаҳои маъмурӣ ва 524 адад парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз онҳо 115 адад марбут ба ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошад.

Дар асоси санадҳои  прокурорӣ 2376 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 929 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 6035 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 180,4 млн. сомони зарарҳои моддӣ, аз ҷумла ба манфиати давлат 133,1 миллион сомонӣ, ба манфиати корхонаҳои ғайридавлатӣ 98161,0 сомонӣ ва шаҳрвандон 47,1 миллион сомонӣ рӯёнида, ҳамзамон, ҳуқуқҳои вайроншудаи 39907 нафар шаҳрвандон барқарор гардиданд.

Ҳамзамон 15,7 га заминҳои ғайриқонунӣ истифодашаванда, аз ҷумла 11,34 га заминҳои худсарона ишғолгардида ва 4,36 га заминҳои ғайриқонунӣ вобастагардида ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Ҳангоми баррасии 673 адад парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба  736 нафар дар суди марҳилаи якум иштироки айбдоркунандагони давлатӣ таъмин карда шуд.

Ба ҳукмҳо ва дигар санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ 20 адад эътирози кассатсионӣ ва 40 адад эътирози назоратӣ оварда шуда, аз онҳо мутобиқан 14 адад кассатсионӣ ва 28 адад назоратӣ баррасӣ гардида, 10 адад (92,8 %) кассатсионӣ ва 28 адад (100%) назоратӣ қонеъ гардонида шудааст.

Дар судҳои шаҳру ноҳияҳо ҳангоми баррасии 293 адад парвандаҳои гражданӣ, аз ҷумла 175 адад оилавӣ, 9 адад оид ба  кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ ва ҳамзамон дар суди марҳилаи кассатсионӣ ҳангоми баррасии 158  адад парвандаҳои гражданӣ иштироки прокурор таъмин карда шудааст.

Ғайр аз ин, ҳангоми баррасии 453 адад парвандаҳои маъмурӣ дар судҳои марҳилаи аввал ва 9 адад парвандаҳои маъмурӣ дар судҳои марҳилаи кассатсионӣ иштироки прокуророн ба роҳ монда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 871 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон ва 27 адад муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ баррасӣ гардида, мувофиқан 273 адад (31,4%) муроҷиатҳои шаҳрвандон ва 10 адад (37,0%) муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ қонеъ гардонида шудааст.

Ҳамзамон, беш аз 10 адад дархостҳои байналмилалӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ба иҷро расонида, инчунин баҳри истирдоди беш аз 13 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз давлатҳои хориҷӣ чораандешӣ карда, аксарияти онҳо оварда шудаанд.

Баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамагӣ 3342 чорабиниҳо оид ба шарҳи қонунҳо ва вазъи иҷрои онҳо, дар шаклҳои вохӯриву суҳбатҳо бо аҳолӣ, баромадҳо дар маҷлисҳои мақомоти давлатӣ, коллективҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, телевизиону радио ва рӯзномаҳо ба амал бароварда шудааст.

Дар маҷлиси ҳайати мушовараи прокуратураи вилоят бо дарназардошти вазъи қонуният дар миқёси вилоят самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти прокуратураи вилоят дар соли 2026 муайн карда шуданд.

Аз ҷумла, талаб карда шуд, ки ба вазъи риояи қонунҳо дар бораи таъмин намудани ҷалби расмии шаҳрвандон ба меҳнат, дуруст ҳисоб ва пардохт намудан андоз аз даромади кормандон ва андози иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои маориф ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ, ҳимояи фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон, тавсеаи ҳисобу пардохтҳои ғайринақдӣ, истифодаи қонунии маблағҳои буҷетӣ ва пешгирии тасарруфи онҳо, истифодаи оқилонаи замин, пешгирии ҷинояткории ноболиғон ва даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон, муқовимат ба экстремизму терроризм ва коррупсия таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад. 

 

Гулҷаҳон МАХКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”