Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дар меҳвари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Роҳбарияти Олии мамлакат бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро ҳадафи стратегии рушди кишвар қарор дода, тамоми ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона намудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, давлатро вазифадор месозад, ки барои ҳифз ва татбиқи онҳо шароити мусоид фароҳам оварад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми солҳои роҳбарии худ масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастгирии иҷтимоии аҳолиро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор додаанд. Дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ фароҳам овардани зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванд, рушди сармояи инсонӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Яке аз зуҳуроти равшани сиёсати инсонпарваронаи давлат татбиқи санадҳои афв мебошад. Афв танҳо як санади ҳуқуқӣ набуда, пеш аз ҳама, ифодаи арзишҳои инсондӯстӣ, бахшиш ва эътимод ба инсон аст. Он ба шахсоне, ки ҷазои худро адо намудаанд ё тибқи санади афв аз адои қисми боқимондаи ҷазо озод мегарданд, имконият медиҳад, ки зиндагии худро аз нав оғоз намоянд ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа фаъолият кунанд.

Аммо сиёсати башардӯстона танҳо бо озод намудани маҳкумшудагон анҷом намеёбад. Марҳилаи муҳимтарини он мутобиқсозии иҷтимоӣ ва таъмини шуғли шахсони афвшуда мебошад. Агар шахс баъди озодӣ соҳиби ҷойи кор, манбаи даромад ва дастгирии иҷтимоӣ гардад, эҳтимоли дубора даст задан ба ҳуқуқвайронкунӣ коҳиш меёбад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти меҳнатии чунин шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад.

Меҳнат барои инсон на танҳо воситаи таъмини рӯзгор, балки омили ташаккули масъулият, худшиносӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки шуғли устувор яке аз воситаҳои муассири пешгирии ҷинояткории такрорӣ аст. Бо дарназардошти ҳамин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, омӯзиши касбӣ, рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ пайваста амалӣ мешаванд. Ин тадбирҳо барои ҷалби ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони баъди адои ҷазо озодшуда, ба бозори меҳнат имкониятҳои нав фароҳам меоранд.

Бо вуҷуди ин, дар роҳи мутобиқшавии иҷтимоии афроди афвшуда баъзе мушкилот низ вуҷуд доранд. Муносибати эҳтиёткоронаи бархе аз корфармоён нисбат ба чунин шаҳрвандон баъзан барои дарёфти ҷойи кор монеа эҷод мекунад. Дар ҳоле ки шахсе, ки ҷазои худро тибқи қонун адо кардааст ё тибқи санади афв озод гардидааст, дорои ҳамаи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрванд мебошад ва ҳақ дорад бо меҳнати ҳалол зиндагии шоиста дошта бошад.

Дар ин самт нақши мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, корфармоён, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва оила хеле муҳим аст. Ташкили курсҳои касбомӯзӣ, ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ, дастгирии соҳибкории инфиродӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа метавонанд барои мутобиқшавии муваффақонаи шахсони афвшуда мусоидат намоянд. Дар баробари ин, дастгирии маънавии оила низ барои эҳсоси боварӣ, масъулият ва бозгашти онҳо ба зиндагии осоишта аҳамияти калон дорад.

Имрӯз сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сармояи инсонӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст. Ин сиёсат нисбат ба шахсони афвшуда низ татбиқ гардида, ба онҳо имконият медиҳад, ки бо меҳнати ҳалол ҷойгоҳи худро дар ҷомеа дубора пайдо намоянд.

Дар маҷмӯъ, сиёсати башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат амалӣ мегардад, маҷмӯи тадбирҳои пайдарпайро дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, таҳкими адолати иҷтимоӣ, татбиқи санадҳои афв ва таъмини шуғли шаҳрвандон фаро мегирад. Ҳадафи ниҳоии ин сиёсат на танҳо бахшидани инсон, балки фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии арзанда, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Наврӯззода Эҳсон Мамур,

ҷонишини сардори раёсати кадрҳо

ва корҳои махсуси МДТ «Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»