Қабули Қатъномаи СММ таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036”, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ рӯйдоди басо рамзӣ ва таърихӣ мебошад. Ин ҳамоҳангии ду рӯйдоди муҳимми сиёсиву маънавӣ бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳофар ва ташаббускори рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор дорад.
Сулҳ арзишест, ки аз он ҳастии давлат, бақои миллат, амнияти ҷомеа ва пешрафти инсоният сарчашма мегирад. Маҳз ҳамин арзиш сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар даврони соҳибистиқлолӣ муайян намуда, имрӯз низ меҳвари ташаббусҳои байналмилалии кишварро ташкил медиҳад.
Қатъномаи нав идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Он на танҳо як иқдоми сиёсӣ, балки даъвати ҷаҳонӣ барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулгароӣ мебошад. Қабули чунин санади муҳим нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистонро эътироф намуда, онро намунаи арзишманд барои ҷаҳони имрӯз медонад.
Воқеан, таърихи навини Тоҷикистон худ таҷассумгари қудрати сулҳ аст. Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ кишвари мо ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашида шуд. Он солҳои сангин барои миллат имтиҳони бузург буд. Дар чунин лаҳзаҳои сарнавиштсоз миллати тоҷик ба роҳбаре эҳтиёҷ дошт, ки мардумро муттаҳид созад, давлатро аз вартаи нобудӣ раҳо намояд ва сулҳу суботро барқарор кунад.
Бо иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ ва муҳаббати самимӣ нисбат ба Ватан маҳз Пешвои миллат тавонистанд миллати тоҷикро ба ҳам оваранд ва барои ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” замина фароҳам оваранд. Ин санади сарнавиштсоз оғози давраи нави рушди давлатдорӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.
Имрӯз, бо гузашти солҳо, натиҷаҳои он сиёсати хирадмандона на танҳо дар рушди босуботи кишвар, балки дар обрӯву нуфузи байналмилалии он низ эҳсос мешавад. Агар солҳои пеш Тоҷикистон таҷрибаи сулҳи худро дар дохили кишвар татбиқ мекард, имрӯз он ба ташаббускори сиёсати сулҳ дар сатҳи ҷаҳон табдил ёфтааст.
Маҳз ҳамин воқеият боис гардид, ки ҷомеаи байналмилалӣ ташаббуси Тоҷикистонро якдилона ҷонибдорӣ намояд. Ин эътирофи сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон ва эҳтиром ба нақши созандаи кишвари мо дар таҳкими амният ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад.
Таҷлили Ваҳдати миллӣ танҳо ёдоварӣ аз рӯйдоди таърихии соли 1997 нест. Ваҳдат барои миллати тоҷик мактаби давлатдорӣ, омили асосии пешрафт ва кафили рушди устувори кишвар мебошад. Ҳамаи дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналмилалии Тоҷикистон маҳз дар фазои сулҳу суботу ваҳдат ба даст омадаанд.
Имрӯз Тоҷикистон бо сиёсати “дарҳои боз”, ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди дипломатияи созанда ва акнун бо ташаббуси ҷаҳонии таҳкими сулҳ мавқеи худро ҳамчун давлати ташаббускор ва масъули ҷомеаи байналмилалӣ боз ҳам устувортар намудааст.
Дар ҷаҳоне, ки имрӯз бо низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои амниятӣ ва буҳронҳои сиёсӣ рӯ ба рӯст, ин ташаббус паёми умед аст. Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки муҳити созанда барои рушди инсон, адолат, ҳамдигарфаҳмӣ ва зиндагии шоиста аст.
Қабули Қатънома дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи пайванди таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо рисолати ҷаҳонии Тоҷикистон аст. Ин воқеа бори дигар собит месозад, ки сулҳи мо имрӯз танҳо арзиши миллӣ нест, балки он арзиши байналмилалист.
Бо чунин сиёсати хирадмандона Тоҷикистон минбаъд низ метавонад дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад. Зеро тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ ва ҳамдигарбахшӣ метавон истиқлоли кишварро ҳифз ва ояндаи давлатро таъмин кард.”
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”





