Пос доштани таърих, гиромидошти ашхоси дилдодагони миллат ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони боҷасорати миллат яке аз сутунҳои асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати дурбинона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии чеҳраҳои маъруфи таърихӣ аҳамияти хос касб намуд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ба Ватан овардани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат - Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад. Ин ташаббус танҳо як иқдоми рамзӣ ва расмӣ набуда, балки нишонаи эҳтироми давлату миллат нисбат ба шахсиятҳое аст, ки барои озодӣ, ҳақиқат ва сохтани давлатдории тоҷикон хизматҳои арзанда анҷом додаанд.

Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи аввалин роҳбарон ва муборизони роҳи давлатсозии тоҷикон маҳсуб меёбанд.

Онҳо қурбонии сиёсатҳои ноодилонаи замони худ гардида, солҳои зиёд ном ва фаъолияти онҳо пинҳон монда буд. Дар натиҷаи ба даст  овардани Истиқлоли давлатӣ ҳақиқати таърихӣ дубора эҳё гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист номи ин фарзандони содиқи миллатро зинда гардонад ва хизматҳои онҳоро ба ҷомеа муаррифӣ намояд. Ба Ватан овардани мушти хоки онҳо рамзи эҳтиром ба гузашта, қадршиносӣ аз ҷоннисориҳои ниёгон ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Ҳамчунин, ёдоварӣ аз чеҳраҳои фарҳангии миллат, аз ҷумла Нисор Муҳаммад барои боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва маърифати ҷавонон нақши бузург дорад. Осор ва хизматҳои чунин шахсиятҳо дар рушди фарҳанг, адабиёт ва маънавиёти миллӣ нақши муҳим гузошта, имрӯз низ метавонанд ҳамчун намунаи ибрат барои насли ҷавон хизмат намоянд.

Алҳол қарзи ҳар як фарди худогоҳ он аст, ки таърихи миллат, хизматҳои фарзандони номдори Ватан ва арзишҳои истиқлолро эҳтиром намояд. Зеро миллате, ки гузашта ва қаҳрамонони худро қадр мекунад, метавонад ояндаи устувору дурахшон бунёд созад. Ин иқдом эҳсоси ифтихори миллӣ, ягонагӣ ва муҳаббат ба Ватанро дар дили ҳар як шаҳрванд боз ҳам нерӯманд мегардонад.

 

Назира ШАМСИДДИНОВА,

дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров