Бо иқдоми ватандўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Москва ба дили Ватанамон – шаҳри Душанбе овардани хоки фарзандони фарзонаи миллат, шаҳидони роҳи озодии миллати тоҷик Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад дар дили сокинони хурду калони ҷумҳурии азизамон ҳисси ифтихор аз ватандориро чун машъали нурафшон фурўзон кард. Ин тадбири беназири овардани хоки рамзии абармардони миллат ва дар Фурудгоҳи байналмилалии пойтахт аз ҷониби Пешвои муаззами миллат истиқбол гирифтани он нишонаи олии инсонпарварӣ ва арҷгузорӣ ба сарсупурдагони халқи тоҷик маҳсуб мешавад, ки дар ҷаҳони пур аз низову талошҳои абарқудратони ҷаҳон ҳамто надорад ва бесобиқа мебошад.

Дар ҳақиқат, дар тўли таърихи мавҷудияти худ, бахусус дар ибтидои асри ХХ миллати тоҷик ба фоҷиаҳои гўшношунид ва сахту сангин гирифтор шуда, бисёр фарзандони асилаш гирифтори кашокашу талошҳои сиёсӣ гардида, бегуноҳ қурбон шуданд.

Аз ғарибӣ ба замини муқаддаси Ватан овардани хоки поки қурбониёни роҳи озодӣ, бо тамоми шукўҳу шавкат ва ифтихору нусрат гўронидани наъши онҳо нишони хирадмандӣ, дурбинии олиҳимматона, халқпарварии ғамхорона ва худшиносии беҳамтои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ин тадбири нек дар тарбияи ватандўстӣ, инсонпарварӣ ва худшиносии комили насли наврасу ҷавон нақши бузург мегузорад.

Пешвои муаззами миллат ҳамчун сиёсатмадори бузурги ҳазорсолаи сеюми тамаддуни башарият ва даврони нави эҳёи миллати тоҷик собит намуданд, ки ҳеҷ гоҳ халқи тоҷик фарзанди азизи Модари бузурги миллатро ба хориву зорӣ намегузорад ва ҳамеша сарсупурдагонашро бо иззату икром, қадршиносӣ ва сарбаландию тафохур истиқбол мегирад ва хоҳад гирифт.

Барои чунин иқдоми ватандўстона ва наҷиб ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони сарбаланди вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсан аз номи худ арзи сипоси бепоён намуда, бо итминони комил зикр менамоям, ки ин ибтикори беназир барои ҳар як фарди худогоҳу худшиноси меҳан боиси сарфарозӣ, ифтихор ва пайравӣ хоҳад буд.

 

Раиси вилояти Суғд

Раҷаб Аҳмадзода