Чист Истиқлол? Ҳаққи бенаво пардохтан,

Аз саховатмандии ҳаррӯза дунё сохтан.

Мактуби хунолуду сарду сияҳро ошкор,

Бурда бар ҷайби ниҳони рӯдҳо андохтан.

Қонуни бинвиштаро муҳри абад бинҳодан аст

Парчами таърихамонро дар само афрохтан.

Қарзи мо дар назди кишвар низ бо ин зайл шуд,

Шукроҳанги сад истиқлолро бинвохтан.

Ҳеч тарсе нест моро, дар раҳи ҳифзи Ватан,

Нест дар хуни тани мо кору бори бохтан.

Пос медорем, гар доне зи дасти кас расид,

Дар дили мо ҷо набошад қисмати нашнохтан.

Мақсади мо дар раҳи қисмат ҳамин аст, одамон!

Тоҷиконро аз замини Тоҷикистон ёфтан.

 Сӯҳроб ОТАЕВ,

“Ҳақиқати Суғд”