Боз як эҳтимоми башардӯстона, ватандӯстона, саховатмандонаи Пешвои муаззами миллат – ба сарзамини муқаддаси аҷдодӣ баргардонидани хоки се нафар қаҳрамонони сарсупурдаи Тоҷикистони азиз - Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Нисор Муҳаммад, маросими мутантани ба Ватан оварда шудани хоки онҳо, дар Масҷиди ҷомеи пойтахти мамлакат хонда шудани ҷаноза ба рӯҳи поки ин шахсиятҳои мондагори Ватан, дар оромгоҳи Лучоб бо хоки Ватани азиз пайваст намудани хоки ин се нафар фарзандони барӯманди диёр ба назарам ягон нафар сокини мамлакатамонро орому бетараф нагузошт ва ҳар як нафар ашкрезон хоки поки ин се фарди фидоии миллатро дар Ватан истиқбол гирифтанд. Вақте ин лаҳзаҳоро тариқи телевизион дидам, ба назарам чунин намуд, ки рӯҳи поки ин фарзандони абармарди Ватан дар ин мавзеи обод, дар сояи дарахтони сарсабзи Ватани аҷдодӣ оромиши нав ёфт... 

Ин иқдому ин эҳтимоми беназири Пешвои миллат, ин эҳтирому арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори шахсиятҳои барӯманду ҷонфидои мамлакат бори дигар собит намуд, ки чи қадар меҳру муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва фарзандони шарафманди он дар умқи қалби худ мепарваранд Президенти мамлакатамон. 

Баробари дар сарзаминамон пойдор гардонидани сулҳу Ваҳдат, суботи саросарӣ Пешвои муаззами миллат ҳамеша аз ҳолу вазъи ҳамватанони бурунмарзиамон низ огоҳ буданд.

Ҳамчун як нафар шаҳрванди ин сарзамини муқаддас ҳаргиз аз ёдам намеравад он лаҳзаҳое, ки баъди дар ватанамон пойдор гаштани сулҳу оромӣ ба хоки кишвари Афғонистон рафта, бо мардуми гурезаи иҷборӣ сӯҳбат ороста, гуфтанд, бар Ватани худ баргардед. Ба шумо сарвати зиёд ваъда дода наметавонам, вале бе нон намемонем... Ва дилу нияти поку

 

софу беғубор, ки доштанд, суханонашон амалӣ шуд. 75 ҳазор гектар замин ва 25 ҳазор гектар заминро ба кишоварзони мамлакат доданд, ба омӯзгорону табибон ба сифати замини президентӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим карда доданд. Мардум ба он заминҳо гандум кишт карданд. Нон дар кишварамон фаровон шуд. Ҳамаи ин талошҳо баҳри пешрафти рӯзгори мардум, ҳаёти хурраму ободу осудаи халқ буд. Ва имрӯз ба чунин рӯзҳои нек, рӯзгори ободу тинҷу орому осуда, дастархони пур аз нозу неъмат расидем.

Маҳз  эҳтимоми Сарвари давлатамон буд, ки хоки поки Хоҷа Камол ба Ватан оварда шуд. Ва дар хиёбони ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки пештар маҳаллаи Хоҷа Камол ном дошт ва дар ин роҳу гулгаштҳо як вақтҳо ин шоири хушкаломи тоҷик роҳ мегаштанду чун булбули хушхони адабистони Хуҷанд ашъори    дилангези худро менавиштанд, гузошта шуд. Ва бо ҳамин ормони ин шоири бузург, ки “атри кафан аз хоки Ватан кардам орзу” гуфта буданд, амалӣ гардид. Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат нависандаи забардасти адабиёти муосири тоҷик устод Сотим Улуғзода аз шаҳри Маскави Федератсияи Россия ба сарзамини муқаддаси хеш баргардонида шуданд. Ва ҳамин тавр шоири тоҷик Бозор Собир низ ба Ватан баргаштанд. Ва дар ин радиф месазад изҳор дошт, ки садҳо нафар шаҳрвандони раҳгумзада аз кишварҳои ҷангзада баргардонида шуданд, то ки дар мамолики бегона дар хориву зиллат умр ба сар набаранд. Ҳамаи ин нишонаи олии хислатҳои наҷиби Ҷаноби Олӣ аст, ки аз сиёсати инсонпарварона, одилона ва раиятпарварона бармеояд.

Ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз медонанду огоҳанд, ки қаҳрамонони миллат, ин фарзандони фарзонаи миллати тоҷик - Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум бо кору пайкори худ ба халқу миллати хеш чӣ қадар хизматҳои арзандаву мондагор анҷом додаанд. Ҳамчунин Нисор Муҳаммад дар шароити мушкилтарини айёми ҳассос дар қатори Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар фарзандони барӯманди халқи тоҷик баҳри соҳибдонишу соҳибмаърифат кардани мардуми тоҷик талош кардааст. Дар вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ - раиси комиссияи илмии тоҷикии Комиссариати халқии маорифи Туркистон, раиси идораи нашриёти давлатии Тоҷикистон фаъолият бурда, баҳри ташкили мактабҳо, бахусус барои занону духтарон, нашри китобҳои дарсӣ, таъсиси рӯзнома бо забони тоҷикӣ хизматҳои мондагор анҷом додааст.

Имрӯз, маҳз дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ормонҳои ин шахсиятҳои шарифи мамлакатамон амалӣ гардид. Тоҷикистон ба як мамлакати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд табдил ёфт, мардумаш саросар соҳибмаърифат, соҳиби илму дониши замонавӣ гардиданд. Имрӯз Тоҷикистони азизи моро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ва ба фарҳангу тамаддуни он арҷ мегузоранд.

Дар радифи чанд рӯйдоду воқеаҳои фараҳбахш, ки бо ибтикору эҳтимоми Пешвои муаззами миллатамон, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир, айёми омодагиҳо ба ҷашни фархундаву ҳумоюнии миллат-35-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон анҷом дода шуд,- ба имзо расидани Эъломияи Дӯстии абадии се мамлакати дӯсту ҳамсояи қадимӣ-Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ин ибтикор - ба сарзамини муқаддаси аҷдодӣ оварда шудани мушти хоки се нафар фарзандони бузургу сарсупурдаи миллат аз ибтикороти наҷибанд, ки тамоми мардуми кишвар шоду масрур гардиданд.  

Эй осмони ту Ватани офтоби пок,

Эй остони ту Ватану нангу ори мо!

Рафоат МӮЪМИНОВА,

дорандаи Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон