Зани болобаланду қавиирода бо ваҷоҳати ҷиддӣ сари мизи корӣ андармони кор буд.

–Ассалому алайкум муаллима, идҳои баҳорӣ муборак бошад.

–Ташаккур, ба Шумо ҳам,–гуфт ӯ ва боз машғули кор шуд.

Пас аз фурсате сӯҳбати мо, ба қавле, қӯр гирифт.

Муҳаббат Ӯрунова. Ин ном барои онҳое, ки ӯро мешиносанду эҳтиромашро ба ҷо меоранд, азиз аст. Ӯ ҳар субҳ ба ҷои корӣ–ошёнаи ҳафтуми бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мешитобаду бегоҳ бо табъи болида назди пайвандон бармегардад. Пайроҳаи фаъолияти ин зани шуҷоъ  намунаи ибрати дигарон аст, зеро барои Зан-Модар фаъолият доштан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулияти гаронеро тақозо дорад.

Муҳаббат Ӯрунова зодаи шаҳри Ленинобод (алҳол Хуҷанд) буда, таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №6 гирифт. Орзу дошт, ки таҳсилашро дар Донишгоҳи политехникии шаҳри Москваи Федератсия Русия идома диҳад, аммо тақдир пайроҳаи ин духтараки аълохонро ба самти дигар бурд. Амакаш Кенҷабой Ӯрунов солҳои тӯлонӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият дошту суҳбатҳои хонаводагии онҳо ҳамеша атрофи донистани ҳуқуқи шаҳрванд, адолат, қонун ва риояи он, ҳамчунин муҳофизати ҳуқуқу уҳдадориҳои хеш мегузашт. Ҳарчанд Муҳаббат ба суҳбат ҳамроҳ намешуд, аммо дар як кунҷи дил мисли амакписараш Ҷаҳонгир Ӯрунов ҳуқуқшинос шудан буд. Бо ҳидояти падар ва дастгириҳои онҳо Муҳаббат, ки шаҳодатномаи аъло дар даст дошт, соли 1972 ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) супурд, соҳиби номи баланди донишҷӯӣ гардид.

Ҷаҳонгир Ӯрунов он солҳо ба ҳайси судяи Суди вилояти Ленинобод кор мекард, серкор буд, бо вуҷуди он тез-тез ба хабаргирии Муҳаббат ба Душанбе рафта, ба ӯ маслиҳатҳои судманд медод.

Солҳои донишҷӯӣ паси сар шуданд. Соли 1977 пас аз хатми донишгоҳ Муҳаббатро аз рӯи тақсимот ба прокуратураи вилояти Ленинобод ҳамчун коромӯзи шуъбаи назорати судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ ба кор таъин намуданд. Муҳаббат акнун донишҳои дар мактаби олӣ гирифтаашро бояд сайқал медод, он лаҳза панду насиҳатҳои амакаш, ки: “Назария дигар асту амалия дигар, духтарам, барои назарияро амалӣ кардан малака даркор, лекин онро ба ту ҳеҷ кас намедиҳад. Аз рӯи дониш, ҷаҳонбинӣ, истифодаи ақлу фаросат бояд ҳар кас худаш онро ҳосил кунад” ба кор омаданд. Ҳарчанд дар ин муддат бо тақозои тақдир оила барпо кард, шавҳараш ҷавони соҳибмаълумот Абдухолиқ Юсуфов, модараш Зӯҳробегим Ӯрунова, хусураш Абдуғаффор Юсуфов ва хушдоманаш Наҷминиссо Юсуфова барои идомаи фаъолияти минбаъдаи ӯ шароити мусоид фароҳам оварданд.

Баъди чаҳор соли кор дар шуъбаи номбурда Муҳаббат Ӯруноваро ба вазифаи дигар–ёрдамчии калони прокурори вилоят оид ба назорати баррасии парвандаи шаҳрвандӣ дар судҳо пешбарӣ карданд. Ҳарчанд ин вазифа басо масъулиятнок буд, аммо рӯҳбаландии амакаш ӯро дастгиру мададгор шуд:

–Муҳаббатҷон, агар роҳбарияти прокуратура чунин хулоса бароварда бошад, ту ба он сазовор ҳастӣ, ин подоши меҳнати худат аст. Ягон инсон аз модараш суду прокурор таваллуд нашудааст, модоме бовар карданд, ту метавонӣ.

Ҳамин рӯҳбаландӣ буд, ки Муҳаббат Ӯрунова наздик чиҳил сол дар мақомоти прокуратура дар вазифаҳои мухталиф кор карда, дар пешрафти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми арзанда гузошт. Ҳангоми дар вазифаи ёрдамчии калони прокурори вилоят оид ба кор бо кадрҳо фаъолият доштанаш, таъмини сатҳи баланди кордонии прокуророну муфаттишон, баланд бардоштани такмили ихтисоси онҳоро бо гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ пурмазмун мегардонид.

Боре ба роҳбарияти мақомоти прокуратура пешниҳод кард, ки маросими рӯзи савгандёдкунӣ ба навор гирифта, туҳфаҳо супурда шавад. Мувофиқи талабот шахсоне, ки бори аввал ба вазифа таъин мегардиданд, дар асоси моддаи 47-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” савганди корманди прокуратура ёд мекунанд.

Муҳаббат Ӯрунова ташаббускору чашмикордон аст. Бо иқдоми ӯ соли 2003 дар прокуратураи вилоят бори аввал барои дарёфти унвони “Корманди беҳтарини сол” озмун эълон гардид. Солҳои баъдӣ ин ташаббус фарохтар ҷараён гирифта, озмунҳо байни прокуророн, муовинони прокурор, ёрдамчӣ, муфаттиш ва айбдоркунандаи давлатӣ баргузор мегардид.

Муҳаббат Ӯрунова моҳи марти соли 2004-ро ҳеҷ аз хотир фаромӯш карда наметавонад. Дар асоси пешниҳоди прокурори вилоят Тоҷиддин Тӯраев, бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ӯро ба вазифаи муовини прокурори вилояти Суғд таъин карданд. Амакаш Кенҷабой Ӯрунов нахустин шуда, ба утоқи корӣ омад ва гулдастаи  калонеро ба Муҳаббат тақдим карда гуфт:

–Ана дидӣ, Муҳаббатҷон, ҳеҷ кас бо вазифа тавлид намешавад. Ба ту саломативу барори кор мехоҳам.

Имрӯз  ин зани шуҷову боматонат ва қавиирода дар ҳалқаи се фарзанд, 6 набера даврони бузургсолӣ меронад. Бо вуҷуди аз ҳафт даҳсола гузаштани умраш ором нишаста наметавонад. Вазифаи пурмасъулияти мушовири раиси шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро ба уҳда дошта, дастгири корафтодагон асту муттакои ҷавонон.

 

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”