Дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи навбатии сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо шӯроҳои ҷамъиятии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ дар мавзӯи “Моҳияти шартномаҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя имзошуда, Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон” баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ҳусни оғоз бахшида, оид ба аҳамияти ин санади муҳим фикру андешаҳои худро баён сохт. Мавсуф таъкид намуд, ки дар Шӯрои ҷамъиятӣ матраҳ гардидани мавзӯи мазкур хеле муҳим ва саривақтист. Зеро ҳадафи чорабинии мазкур саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи дӯстию рафоқат, худшиносиву худогоҳӣ ва бо ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани насли ояндасоз, дарёфти роҳу усулҳои таҳким бахшидани ҳамзистии осоишта дар ҷомеа ва ба ин васила фароҳам овардани фазои солиму созанда дар ҷомеа аст.
Имзои Созишномаи Хуҷанд 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо иштироки Сарони се кишвари ҳамсоя–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров баргузор гардид, ки маҳз аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими таърихӣ маҳсуб меёбад, ки ҳамчун рамзи дӯстии абадӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи сиёсии кишварҳои барои таҳкими сулҳу субот ва рушди ҳамкориҳои судманд дар минтақа ба таърих ворид гардиданд.
–Эъломияи Хуҷанд натанҳо санади дипломатист,–изҳор намуд ӯ, – балки оғози марҳилаи нави хотирмони ғояҳои ҳамгироӣ, ҳамсоя ва намунаи равшани масъалаҳои мураккаб тавассути муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ аст.
Ҳамзамон, муовини Раиси вилоят ҳайати меҳмононро аз номи Раиси вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, суханро барои бурдани ҷаласаи сайёр ба котиби Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Шодиён дод. Мавсуф баъд аз сухани муқаддимавӣ ва муаррифии меҳмонон таъкид намуд, ки рӯзномаи ҷаласа аз ду масъала иборат аст. Якум дар шакли мизи мудаввар дар мавзӯи моҳияти шартномаҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва аҳамияти Эъломияи Хуҷанд мавриди барасӣ қарор мегиранд.
Шӯҳрат Азиззода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зимни баромади хеш оид ба масъалаи муайян шудани сарҳадҳои марзӣ фикру андешаи худро баён намуда, изҳор кард, ки ин масъала яке аз масъалаҳои асосии ҳар як давлат маҳсуб меёбад.
Имзои шартнома миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд яке аз дастоварди бузург дар соли 2025 ба шумор меравад. Он ҳамчун як қадами муҳим дар роҳи таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, ҳамкории минтақавӣ арзи вуҷуд мекунад. Дар ин раванд нақши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург буда, тавонистанд бо сиёсати дурандешона, бурдборона ва пайгиронаи худ чунин вазъи мураккабро бо таври муколама ҳаллу фасл намуданд. Бо ташаббус ва иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муколамаи сеҷониба ба сатҳи нави сифатӣ баромад. Бояд тазаккур дод, ки дар роҳи сулҳу дӯстӣ, баста шудани шартномаҳои байни се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Ба имзо расидани ин ҳуҷҷат бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар роҳи расидан ба таҳкими сулҳ ва суботи миллӣ саҳми намоён мегузорад.
Фаъолияти дипломатии Сарвари кишварамон ба баланд гардидани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намуда, кишварамонро ҳамчун ҷонибдори сулҳ муаррифӣ менамояд.
Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозим Иброҳимзода низ зимни суханронӣ дар бораи баста шудани Эъломияи Хуҷанд ва шартномаи байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон фикру андешаҳои ҷолиб баён намуд. Саммити сеҷониба марҳилаи муҳим дар таҳкими муносибатҳои бисёрҷониба дар Осиёи Марказӣ мансуб ёфта, барои ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва роҳҳои автомобилӣ ва парвозҳои нави ҳавоӣ байни ҳамсоякишварҳо барқарор карда шуда, ин иқдомҳо ба рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва сайёҳӣ мусоидат намуд.
Ҳамаи мардуми кишвар ба хубӣ медонист, ки дар гузаштаи начандон дур ин се давлати ҳамҷавор ба муаммоҳои марзӣ рӯ ба рӯ шуда буданд. Маҳз бо иқдоми башардӯстонаи Пешвои миллат марзҳо боз гардида, равуои мардуми ин кишварҳои марзӣ ба роҳ монда шуданд. Масалан, равуои марзҳои асосии Ҷумҳурии Қирғизистон ба роҳ монда шуда, ҳамкориҳо байни сохторҳои қудратӣ тақвият ёфтанд. Дар се моҳи соли равон 235663 нафар сайёҳ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки нисбат ба соли гузашта 17564 нафар зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар ин давра аз ҷониби Қирғизистон 38347 нафар сайёҳон ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Таъмини амният ва бехатарии сайёҳон яке аз самтҳои муҳими мақомоти корҳои дохилии кишвар ба ҳисоб меравад. Бехатарӣ ва амнияти сайёҳон аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя аз тарафи кормандони милитсия дар сатҳи баланд таъмин гашта истодааст. Ҳамчунин, ҳамкориҳо дар байни мақомоти корҳои дохилии ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба роҳ монда шудааст, ки баҳри пешрафти ин ниҳоди муҳим саҳми намоён мегузорад. Дар ҳамаи самт ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда истодааст.
Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зубайдулло Алихонов зимни баромади хеш дар бораи роҳҳои тайнамудаи ин ниҳоди бонуфуз дар масъалаи марзӣ фикру андешаи худро баён намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки барои ноил гардидан ба ин рӯзи нек мардуми се кишвар зиёда аз 100 сол чӣ талошҳои сиёсиву зеҳниву ҷисмониро аз сар гузарониданд. Эъломияи Хуҷанд ва шартномаи байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон пеш аз ҳама дар таъмини амнияти ин минтақа басо бузург аст.
Сулҳу ваҳдат, азму субот ба кишвари мо ба осонӣ ба даст наомадааст. Маҳз сиёсати созандаю сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат буд, ки мо ба чунин рӯз расидем. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба ҷаҳониён машҳур шудааст.
Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ низ таъкид намуданд, ки яке аз рӯйдоди муҳиму таърихии мо ин ба имзо расидани созишномаи ҳалли пурраи сарҳадӣ байни ду давлат ва ҳамчунин шартнома байни давлатҳои ҳамсоя мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки дар баста шудани созишномаҳо саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Шартнома доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сокинони сайёра сазовори таҳсину офарин шуд. Ин амри воқеан фараҳбахш – дӯстии кишварҳои ҳамсоя, ки билохира ба таври расмӣ анҷом ёфт, шодиву нишоти халқҳои бародари се кишварро ба бор овард.
Ӯ ҳамзамон дар бораи тақдиронида шудани Сарвари давлат бо Ҷоизаи байналмилалии Сулҳи ба номи Лев Толстой ба шахсоне, ки барои сулҳ талош меварзанд, аз ҷониби Федератсияи Россия қадрдонӣ мешавад, махсус қайд кард. Ин ҷоиза эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ аз талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар таҳкими сулҳу субот, густариши ҳамкориҳои дӯстона дар Осиёи Марказӣ ва дастгирии ташаббусҳои сулҳҷӯёна мебошад. Ҳамчунин, бо ин ҷоиза Президентҳои Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва муҳтарам Садир Жапаров қадрдонӣ гардиданд. Зубайдулло Алихонов дар бораи муносибатҳои чандинсолаи ин давлатҳо, дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марзҳо изҳори назар кард.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода дар бораи хизматҳои ин абармарди бузург дар роҳи сулҳу субот ва осоиштагии кишвар ва ҳамчунин баста шудани Эъломияи Хуҷанд фикру андешаҳои ҷолиб баён карданд.
Гулҷаҳон МАХКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




