Дар таърихи ҳар миллат рӯзҳое ҳастанд, ки на танҳо ҳамчун як воқеаи сиёсӣ ё фарҳангӣ, балки ҳамчун рамзи эҳёи асолати миллӣ, адолати таърихӣ ва қадршиносӣ аз ҷонбозиҳои фарзонагони миллат сабт мегарданд. Рӯзи 19 майи соли 2026 барои мардуми Тоҷикистон маҳз аз ҷумлаи ҳамин рӯзҳо ба шумор меравад. Дар ин рӯз бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат - қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи маъруфи фарҳангӣ Нисор Муҳаммад ба Ватан оварда шуд.

Ин рӯйдод танҳо як маросими рамзӣ набуд. Он таҷассуми сиёсати давлатдориест, ки дар меҳвари он эҳтиром ба таърих, арҷгузорӣ ба гузаштагон ва таҳкими худшиносии миллӣ қарор дорад. Иштироки бевоситаи Пешвои миллат дар маросими истиқболи хоки фарзандони барӯманди миллат бори дигар собит намуд, ки дар Тоҷикистон гиромидошти хизматҳои таърихии шахсиятҳои миллӣ ба як самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст ва ин аз ҷониби доираҳои зиёию фарҳангӣ ва илмӣ пайваста таъкид ва истиқболу ситоиш мешавад.

Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи шахсиятҳое буданд, ки барои поягузории давлатдории навини миллии тоҷикон ҷоннисорӣ карданд. Саҳфаҳои таърихи миллии мо собит менамояд, ки дар солҳои ҳассоси тақсимоти марзиву маъмурии Осиёи Марказӣ дар солҳои 20-уми қарни 20 онҳо барои ҳифзи манфиатҳои миллат, муайянсозии ҳудудҳои тоҷикон ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бурданд. Бо вуҷуди хизматҳои бузургашон, дар даврони сиёсатҳои репрессивии солҳои сиюм онҳо қурбони таъқибот гардида, дур аз Ватан ба хок супурда шуданд.

Солҳои зиёд номи ин фарзандони миллат дар байни доираҳои муайян ёд мешуд, вале бо тақозои вазъи замон ҳақиқати таърихӣ дар бораи хизматҳои онҳо пурра рӯшан набуд. Танҳо пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва эҳёи мероси таърихии чунин шахсиятҳо оғоз гардид.

Имрӯз бозгардонидани мушти хоки онҳо ба Ватан фаротар аз як амали инсонӣ аст. Ин рамзи пирӯзии ҳақиқат бар фаромӯшӣ ва нобасомии замон ва эҳёи адолату асолати таърихӣ мебошад. Вақте сарбозони Қаровули фахрӣ қуттиҳои дорои хоки қаҳрамононро, ки бо Парчами давлатии Тоҷикистон пӯшонида шуда буданд, бо эҳтироми хос аз ҳавопаймо поин оварданд, тамоми ҷомеа эҳсос кард, ки миллат фарзандони фидокори худро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Ҳар як заҳмати фарзандони фарзона дар роҳи ҳимоят аз манофеи миллӣ дар ойини ин миллат абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Маросими истиқболи хоки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад боз як паёми муҳими маънавӣ дошт: миллат бояд фарзандони содиқи худро бишносад ва қадр кунад.

Дар ҷомеаи муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ баъзан омили коста шудани ҳувияти миллӣ мегарданд, чунин иқдомҳо аҳаммияти вижа доранд ва роҳбари хирадмеҳвари тоҷикистониён ин нуктаро басо хуб дарк мекунанд. Ҷавонон бояд донанд, ки давлатдории имрӯз бо чӣ қадар заҳмату фидокориҳо бунёд шудааст.

Вақте Пешвои миллат назди қуттиҳои дорои хоки қаҳрамонон арзи эҳтиром намуданд, ин на танҳо эҳтиром ба се шахсияти таърихӣ, балки эҳтиром ба тамоми таърихи муборизаҳои миллати тоҷик буд, дар роҳҳи миллат будан, дар роҳи озоду озода ва ҷовид мондан, дар роҳи аз асолати хеш ҳифозат кардан. Ин лаҳзаҳо барои ҳазорон нафар рамзи садоқат ба миллат ва қадршиносии хизматҳои фарзандони Ватан гардиданд.

Рамзи ваҳдат миёни гузашта ва имрӯз

Ин рӯйдоди таърихӣ танҳо ба гузашта марбут нест. Он ба имрӯзи ҷомеа ва ояндаи миллат низ иртиботи мустақим дорад ва як паёми муҳим аст. Миллате, ки гузаштагони худро гиромӣ медорад, метавонад бо эътимод ба оянда қадам гузорад.

Ба хок супоридани мушти хоки қаҳрамонон дар оромгоҳи Лучоб дар назди қабри садҳо фарзонафарзандони миллат рамзи пайванди наслҳо ва эҳтироми миллат ба фарзандони сарсупурдаи худ аст. Ин иқдом ба ҷавонон паёме медиҳад, ки хизмат ба Ватан ҳаргиз бенатиҷа ва аз мадди назарҳо дур намемонад ва таърих номи фарзандони содиқро абадан ҳифз мекунад.

Ҳамзамон, чунин иқдом ҳисси ифтихори миллиро таҳкиму тақвият мебахшанд. Зеро миллате, ки бузургони худро эҳтиром мекунад, дар асл арзишҳои худ, давлатдории худ ва истиқлоли худро ҳифз менамояд.

Пешвои миллат ва сиёсати эҳёи худшиносии миллӣ

Хизматҳои Пешвои миллат дар самти ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии тоҷикон бисёр густурдаанд. Дар замоне ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ ҷомеа ба сулҳу ваҳдат ниёз дошт, маҳз тавассути эҳёи арзишҳои миллӣ ва таърихӣ заминаи муттаҳидшавии мардум таҳким ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳо ва суханрониҳои худ пайваста ба масъалаи худшиносии миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Китобҳои Пешвои миллат доир ба таърихи тоҷикон, тамаддуни ориёӣ ва нақши шахсиятҳои миллӣ барои таҳкими маърифати ҷомеа саҳми муҳим гузоштаанд.

Маҳз бо сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат имрӯз тоҷикон тавонистанд мероси бузурги таърихии худро дубора эҳё намоянд ва онро ҳамчун пояи давлатдории миллӣ муаррифӣ кунанд. Бозгардонидани хоки фарзандони миллат ба Ватан идомаи мантиқии ҳамин сиёсати давлатдорӣ мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки миллате, ки гузаштагони худро намешиносад ва аз таърихи худ огоҳ нест, наметавонад ояндаи устувор бунёд кунад.

Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат имрӯз осори гаронбаҳои таърихӣ эҳё гардида, ном ва корномаи фарзандони барӯманди миллат дубора зинда шуданд. Дар солҳои истиқлол садҳо тадқиқоти илмӣ, китобҳо ва филмҳои ҳуҷҷатӣ доир ба зиндагӣ ва фаъолияти шахсиятҳои таърихӣ таҳия гардиданд.

Маросими бозгардонидани мушти хоки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба Тоҷикистон як рӯйдоди бузурги таърихӣ ва маънавӣ мебошад. Ин иқдом бори дигар нишон дод, ки дар сиёсати давлатии Тоҷикистон эҳтиром ба таърих, гиромидошти фарзандони миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Дар меҳвари ин сиёсат нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста аст. Бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи эшон имрӯз таърихи миллӣ эҳё гардида, хизматҳои шахсиятҳои бузурги тоҷик дубора арҷгузорӣ мешаванд.

Ин рӯйдод ҳамчун рамзи эҳёи адолати таърихӣ, пирӯзии ҳақиқат ва садоқати миллат ба фарзандони фидокори худ дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Зеро миллате, ки фарзандони худро қадр мекунад, ояндаи худро низ ҳифз менамояд.

 

Ҷаҳонгир  МИРСАЛИМОВ,

устоди Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров