Мақомоти прокуратура ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ, ҳамчун рукни тавонову пурқудрат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манзалати хоса ва эътибори махсус дорад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мустақилияти пурраи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон таъмин ва самтҳои асосии фаъолияти он, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ муайян гардидаанд. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти самараноки прокуратураро заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ташаккул дода, ҷойи он дар низоми мақомоти давлатӣ муайян ва ваколатҳои он дақиқ шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои кормандони мақомоти прокуратураро дар назди давлат ва миллат борҳо қайд менамоянд: «Кормандони прокуратура ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии он ба шароити вазнини сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он солҳо нигоҳ накарда, вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди масъулият, кордонӣ ва садоқат ба халқу Ватан иҷро карда меоянд».

Ана дар ҳамон солҳои вазнин, яъне рӯзҳову солҳои аввали 90-ум яке аз содиқони миллат, инсони самимиву заминӣ Фаррух Абдулло ба мақомоти прокуратура пайваст. Қисмат ӯро ба ин ниҳоди пурнуфузу бомасъулият овард, то сарбаландона баҳри иҷрои фаъолият дар ин мақомот  камари ҳиммат бандад.

–Бароям он рӯзҳои нишотбахш як ҷаҳон таассурот боқӣ гузоштааст. Ҳарчанд бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба итмом расонидам ва дар ин касб ҳам моҳирона фаъолияти қаламфарсоӣ дорам, аммо меҳри кор кардан дар мақомот маро ором намегузошт. Кӯшиш мекардам, ки баъди гирифтани маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ ба мақомот пайвандам ва аз сидқи дил фаъолият барам, зеро волоияти қонун ва эҳтиром ба он дар рагу хуни ман ҷорист ва ҳамеша ба манфиати қонун фаъолият бурда, онро дар ҳама ҷо волову арзишманд нигоҳ медорам,–мегӯяд ҳамсӯҳбати ман нафақахӯри мақомоти прокуратураи кишвар Фаррух Абдулло.

Ӯ солҳои дароз дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ софдилона хидмат намуда, байни кормандон ва инчунин, байни халқ чун инсони росткору поквиҷдон, самимиву заминӣ шинохта шуда, фурӯтаниву хоксориаш ӯро воломақому соҳибобрӯ гардонидааст.

То ворид шудан ба фаъолият дар мақомот дар вазифаҳои гуногуни масъулиятнок аз қабили нозири калони шуъбаи кадрҳо дар Колоннаи сайёри механиконидаи №9, котиби кумитаи комсомолии ноҳия оид ба сохтмони Ашти калон ва нозири калони шуъбаи кадрҳо ва котиби озоди кумитаи комсомолии заводи таҷҳизоти пастшиддати Адрасмони шаҳри Қайроққум (алҳол Гулистон) ва дар мактаби миёнаи рақами 4-и шаҳраки мазкур ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик фаъолият бурдааст. Инчунин, бо пешниҳоди мардум депутати шӯрои депутатҳои халқӣ интихоб шуд, ки ваколати намояндагиашро софдилона ба ҷо оварда, баҳри ободӣ саҳми беандоза гузошт.

–Хушбахтона, бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор ба мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ қабул гардидам, ки он рӯзи хотирмонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Он рӯзе буд, ки зиндагӣ бароям маҷрои дигарро раҳнамун сохт, гумон кардам, то қуллаи дастнораси орзуҳоям расидам. Дар назди худ мақсад гузоштам, ки то ҷон дар рамақ дорам, барои халқу кишвари худ содиқона хизмат менамоям,–бо як фараҳ хурсандиашро баён медошт ҳамсӯҳбатам.

Фаъолияти меҳнатии худро дар ин ниҳоди бонуфуз ба ҳайси ёрдамчии прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшид. Бо назардошти дониши хуби ҳуқуқӣ Фаррух Абдулло ба кори амалии прокуратура гузашта, парвандаҳои ҷиноятиро мавриди омӯзиш карор дод. Ҳангоми фаъолият дар прокуратураи ноҳия бо тавсияи Прокурори генералии вақт Ф.Абдулло ба гурӯҳи тафтишотии прокуратураи генералӣ шомил гардид. Маҳорати кордониву ташкилотчигӣ сабаб гардид, ки дарҳол ба дили кормандони ин ниҳод роҳ ёфт ва дониши ӯро ҳаматарафа санҷида, ба санҷиши парвандаҳои сермасъул ҷалб сохтанд.

Баъдан ба сифати ёрдамчии прокурори шаҳри Гулистон, ёрдамчӣ ва ёрдамчии калони прокурори шаҳри Хуҷанд фаъолияташро идома бахшида, дар босифат ва ҳамаҷониба дастгирӣ намудани айбдоркунии давлатӣ дар Суди шаҳри Хуҷанд фаъолияти пурсамару назаррас бурд.

Гузашта аз ин, ҳангоми фаъолияти ибратбахш ба ҳайси ёрдамчии калони прокурор дар маркази вилоят ӯ дар бисёр парвандаҳои ҷиноятии мураккабу пурмуаммо айбдоркунии давлатиро дар суд моҳирона дастгирӣ намудааст.

Баъди чандин соли фаъолияти пурсамар дар ин соҳа аз соли 2013 то баромадан ба нафақа Ф.Абдулло дар прокуратураи вилояти Суғд дар вазифаҳои прокурор ва прокурори калони шуъбаи назорати қонунӣ будани  санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ фаъолияти назаррас бурдааст.

–Имрӯзҳо Пешвои миллат чун анъана ба ин мақомоти пурқудрат таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, аз рӯи ғамхорӣ биноҳои замонавии бисёрошёна, воситаҳои нақлиёт, технологияи иттилоотӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ сохта, ба истифода медиҳанд, ки ин амал албатта, кормандони мақомоти прокуратура, аз ҷумла, мо собиқадоронро рӯҳбаланд месозад.

Маконе, ки дар он ҷо меҳр гузоштаву дил бастаем ва содиқона заҳмат кашидаем, рӯз аз рӯз ободу зебо ва пурқудрату тавоно мегардад,–афзуд Фаррух Абдулло ва дар охир ба онҳое, ки дар ин сохтор фаъолият бурда истодаанд, дар ин рӯзҳои иди касбиашон орзу намуд, ки рисолати худро, ки Ватан аз онҳо умеди калон дорад, сарбаландона ва садоқатмандона ва бо эҳтироми арзишҳои миллӣ ба ҷо оранд, бо матонату иродаи қавӣ фаъолият  намуда, то андозае волоияти қонунро пос  доранд.

Ҳамчун корманди соҳибтаҷрибаву масъулиятшинос борҳо бо ифтихорномаву раҳматномаҳо ва мукофотҳои пулии Прокуратураи генералӣ ва прокуратураи вилоят қадр шудааст.

Фарзандонаш низ соҳиби маълумоти олӣ буда, Саодат дар пайравии ӯ касби ҳуқуқшиносиро пеша кардааст, Фирӯз ва Беҳрӯз низ дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд.

 

Гулҷаҳон Турсунзода,

“Ҳақиқати Суғд”