Ҳодисаҳои алоҳидае дар таърихи миллатҳо ба вуҷуд меоянд, ки на танҳо як воқеаи сиёсӣ, балки нуқтаи гардиш дар рушди муносибатҳои байнидавлатӣ ва омили таҳкими сулҳу субот дар минтақа ба ҳисоб мераванд. Имзои Эъломияи Хуҷанд, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо иштироки сарони се кишвари ҳамсоя — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, маҳз аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои таърихӣ маҳсуб меёбад.

Ин санади муҳим ҳамчун рамзи дӯстии абадӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таҳкими сулҳу субот ва рушди ҳамкориҳои судманд дар минтақа ба таърих ворид гардид.

Эъломияи Хуҷанд на танҳо як санади дипломатӣ, балки оғози марҳилаи нави ҳамгироии кишварҳои ҳамсоя ва намунаи равшани ҳалли масъалаҳои мураккаб тавассути муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.

Саҳифаи нав дар муносибатҳои ҳамсоягӣ

Тайи солҳои тӯлонӣ масъалаҳои марзӣ байни кишварҳои минтақа, махсусан дар минтақаҳои ҳамсарҳади вилояти Суғд, вилояти Фарғона ва вилояти Ботканд, баъзан ба муноқишаҳои нохуш оварда мерасониданд. Ин вазъият на танҳо ба суботи минтақа таъсир мерасонд, балки ба равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоии мардумони ҳамсарҳад низ монеа эҷод мекард.

Бо талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлатҳои минтақа ин масъалаҳо тадриҷан ба роҳи ҳалли осоишта ворид гардиданд. Имзои Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар дар шаҳри Хуҷанд ба ин раванд нуқтаи ниҳоӣ гузошта, ба муносибатҳои ҳамсоягӣ рӯҳи тоза бахшид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита таъкид намуданд:

«Мо бори дигар қатъиян эълон менамоем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда танҳо аз роҳи муколама дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем».

Ин суханон нишон медиҳанд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба таҳкими сулҳ, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории судманд равона шудааст.

Эъломияи Хуҷанд – заминаи ҳамкории нав

Эъломияи Хуҷанд бар як қатор принсипҳои муҳими байналмилалӣ асос ёфтааст. Аз ҷумла: эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлатҳо; таҳкими муносибатҳои бародарона байни халқҳои минтақа; ҳалли масъалаҳои марзӣ тавассути муколама; густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ; муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои амниятӣ.

Ин принсипҳо натанҳо барои таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, балки барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои минтақа аҳамияти калон доранд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев низ дар суханронии худ қайд намуд, ки сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Осиёи Марказӣ омили асосии рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум мебошад. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои минтақа бо такя ба арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ метавонанд ба сатҳи нави ҳамкорӣ бароянд.

Таъсири мусбат ба рушди иқтисодӣ

Яке аз самтҳои муҳими Эъломияи Хуҷанд густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад. Суботи сиёсӣ ва ҳалли масъалаҳои марзӣ шароити мусоидро барои рушди тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҳамкории истеҳсолӣ фароҳам меорад. Дар ин раванд бахши кишоварзӣ ва тиҷорати маҳсулоти озуқаворӣ нақши муҳим дорад. Тибқи маълумоти сардори Шӯъбаи Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёти вилояти Суғд Юлдошзода Равшан Юлдош, танҳо дар давоми 12 моҳи соли 2025 тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии  вилояти Суғд миқдори зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ворид ва содир карда шудааст.

Аз ҷумла, ба вилояти Суғд аз кишварҳои ҳамсоя ворид гардидааст: зиёда аз 1 миллиону 177 ҳазор тонна гандум, 18 ҳазору 745 тонна хӯрокаи омехтаи ҳайвонот, 126 ҳазор тонна кунҷора, 77 ҳазор тонна ҷуворимакка, 4 ҳазору 408 тонна офтобпараст, 50 ҳазор тонна пунбадонаи техникӣ. 

Инчунин, миқдори зиёди маҳсулоти чорводорӣ, аз ҷумла чӯҷаи якрӯза, тухми инкубатсионӣ, чорвои калони шохдор ва маҳсулоти ширӣ ворид карда шудааст, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бозори дохилӣ аҳамияти калон доранд.

Ҳамзамон, аз вилояти Суғд ба кишварҳои ҳамсоя маҳсулоти кишоварзӣ содир карда мешавад. Дар ин давра - 92 ҳазору 880 тонна меваи хушк, 20 ҳазору 374 тонна меваи тару тоза, 30 ҳазору 664 тонна нахи пахта, як ҳазору 439 тонна ришта, 203 тонна ҳазорхонаи чорвои калони шохдор ба давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон содир карда шудаанд.

Ин нишондиҳандаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки рушди муносибатҳои дӯстона ва кушод шудани роҳҳои ҳамкорӣ имкониятҳои нави иқтисодиро барои минтақа фароҳам овардааст.  

Аҳамият барои амнияти озуқаворӣ

Имрӯз масъалаи амнияти озуқаворӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароите ки бисёр минтақаҳои ҷаҳон бо буҳрони иқтисодӣ ва норасоии маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ҳамкории давлатҳои ҳамсоя дар соҳаи кишоварзӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад.

Муносибатҳои нави ҳамсоягӣ байни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон имкон медиҳанд, ки гардиши маҳсулоти кишоварзӣ осонтар гардад; бозорҳои нав барои истеҳсолкунандагон пайдо шаванд; таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ беҳтар гардад; амнияти озуқавории кишварҳо таҳким ёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд:  «Амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлат мебошад ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ метавонад дар таъмини ин ҳадафи муҳим нақши ҳалкунанда бозад.»

Тоҷикистон – ташаббускори ҳамгироии минтақавӣ

Бо мақсади беҳтар намудани равобити иқтисодӣ ва осон гардидани рафтуомади шаҳрвандон дар вилояти Суғд гузаргоҳҳои сарҳадӣ таъмир ва навсозӣ карда шуданд. Аз ҷумла, гузаргоҳҳои сарҳадии «Гулистон»-и шаҳри Исфара ва «Маданият» -и ноҳияи Ҷаббор Расулов  пурра таъмир гардида, барои фаъолияти муназзам омода карда шуданд. Ин иқдомҳо ба рушди тиҷорат, сайёҳӣ ва ҳамкории фарҳангӣ мусоидат намуда, ба таҳкими робитаҳои мардумӣ байни сокинони минтақа низ таъсири мусбат мерасонанд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун як кишвари фаъол ва масъулиятшинос дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ шинохта мешавад.

Ташаббусҳои дипломатии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дастгирӣ меёбанд. Ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ, ҳалли осоиштаи масъалаҳои марзӣ байни кишварҳои минтақа бидуни миёнаравии неруҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ қодир ҳастанд масъалаҳои мураккаби худро мустақилона ҳал намоянд. Ин раванд нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳҷӯ ва ҷонибдори ҳамкорӣ боз ҳам тақвият мебахшад.

Хуҷанд – шаҳри сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ

Шаҳри Хуҷанд, ки яке аз марказҳои қадимаи фарҳангии тоҷикон ба ҳисоб меравад, имрӯз боз як бори дигар дар таърихи сиёсии минтақа ҳамчун шаҳри сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ сабт гардид. Қабули Эъломияи Хуҷанд рамзи ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ин санад на танҳо баҳсҳои гузашта ва мушкилоти марзиро паси сар кард, балки роҳҳои нави ҳамкориро барои рушди иқтисодӣ, амният ва суботи минтақа боз намуд.

Бо такя ба арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, эҳтироми мутақобила ва дарки манфиатҳои умумӣ кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон метавонанд барои наслҳои оянда минтақаи амну босубот ва шукуфонро ба мерос гузоранд.

Ҳамин тариқ, Эъломияи Хуҷанд на танҳо як санади дипломатӣ, балки нақшаи роҳ барои ояндаи сулҳомез ва рушди устувори тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

 

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”