Дар замони инкишофи илму техника шаклҳои гуногуни воситаҳои ахбори омма, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет ба аслиҳаи асосии ташаккул ва тағйирдиҳии тафаккури ҷавонон табдил ёфтааст. Ҷаҳон дигар мисли гузаштаҳо хомӯш нест – ҳар як ҷавон имрӯз дар дасти худ абзоре дорад, ки метавонад ё қалам бошад, ё шамшер. Ҳамин ҷо хатари аслӣ нуҳуфтааст: ақлу иттилоъ агар бо маърифат ва ахлоқ ҳамқадам набошад, ба ифрот меоварад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки сабабҳои аслии гароиши ҷавононро ба андешаҳои хатарнок бо диди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таҳқиқ намоем ва роҳҳои устувори пешгириро аз нигоҳи ҷомеаи муосири тоҷик ва ҷаҳон ҷӯем.
Имрӯз яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ – гароиши ҷавонон ба ғояҳои ифротгароёна мебошад. Ин падида танҳо як зуҳуроти сиёсӣ нест, балки ҷунбиши амиқи равонӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоист, ки решаҳои он аз норасоии маърифат, нобаробарии иҷтимоӣ ва нобоварӣ ба оянда сарчашма мегирад. Дар асри XXI, ки инсон қуллаи пешрафтҳои илмиву техникиро фатҳ мекунад, ҳамзамон ба вартаи тирагии маънавӣ меафтад. Гароиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ нишонаи ин муноқишаи ботинии башар аст: аз як сӯ – ҷаҳони муосир, аз сӯи дигар – руҳи саргардон ва ноором, ки маънои ҳақиқии зиндагиро меҷӯяд. Ҷавонӣ – марҳилаи орзу, ҷустуҷӯ ва бовар аст. Ҳар як ҷавон мехоҳад ҷаҳонро фаҳмад, нақши худро дар он ёбад ва ба зиндагӣ маъно бахшад. Аммо вақте ки ҷомеа ба ин ниёзи ботинӣ посух намедиҳад, нақши роҳбаладро гурӯҳҳои ифротӣ ба даст мегиранд. Онҳо бо суханҳои зоҳирписанд ва шиорҳои «адолат», «имон», «озодагӣ» руҳи ҷавонро ҷалб мекунанд, вале дар асл ӯро ба банд мекашанд.
Ба қавли Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ: «Он гоҳ ки инсон маънои зиндагиро гум мекунад, омода аст ба ҳар садое, ки онро ваъдаи наҷот медиҳад, имон оварад». Ҷавонони пурҷӯшу хурӯш дар пайи ҷустуҷӯи адолат ва ҳақиқат фирефтаи шиорҳои дилрабои шабакаҳои пинҳонии интернетӣ мегарданд. Хусусияти «адолатхоҳӣ» боиси ба доми иғвогарон кашида шудани ҷавонон мегардад. Аз таҳлили ҷомеашиносон низ бармеояд, ки ноадолатӣ ва нобаробарӣ дар ҷомеа яке аз сабабҳои асосии гаравиши ҷавонон ба равияҳои тундгаро мебошад. Мушкилоти асосии кишварҳои Осиё аз қабили бекорӣ, муҳоҷиршавӣ, нобаробарии имкониятҳо дар байни ҷавонон ҳисси ноадаолатиро дар қалби онҳо афзун месозад. Фазои мазкур воситаи осони фирефтасозии гуруҳҳои ифротӣ тавассути дин ва ахлоқ гардидааст. Аммо пушти ин ҳама танҳо як ҳадаф ниҳон аст – истифодаи зеҳни ҷавон барои мақсадҳои сиёсӣ ва низомӣ. Яке аз омилҳои муҳимми дигар – нофаҳмии моҳияти ҳақиқии дин ва набудани маърифати исломӣ дар байни баъзе ҷавонон мебошад. Онҳо байни «имон» ва «ифрот» фарқ намегузоранд, байни «ҷиҳод бо нафс» ва «ҷиҳод бо шамшер» сардаргум мешаванд. Гурӯҳҳои ифротӣ аз ҳамин нофаҳмӣ истифода бурда, таълимоти исломиро ба манфиати худ тафсир мекунанд. Дар ҳоле ки таълимоти ҳақиқии ислом – дини меҳрубонӣ, ахлоқ ва таҳаммул аст.
Ҷавонон бештар ба эҳсосот ҳассосанд. Онҳо мехоҳанд, ки дар ҷомеа арзиш дошта бошанд, ба онҳо гӯш дода шавад. Вақте ин эҳтиёҷот нодида гирифта мешавад, дар ботини онҳо холигие ба вуҷуд меояд — холигие, ки ифротгаро бо суханҳои «наҷотбахш» пур мекунад. Равоншиносон ин ҳолатро «буњрони ҳувият» меноманд: вақте ки шахс намедонад, кӣ аст ва ба чӣ тааллуқ дорад. Дар ҳамин марҳила ҷавонон осон ба таъсири гурӯҳҳои идеологӣ меафтанд, зеро онҳо барои ҷавон «ҳувияти омода» пешкаш мекунанд: «ту аз мо ҳастӣ, ту интихобшудаӣ, ту муборизи ҳақиқатӣ». Ин эҳсоси «тааллуқ» ва «бузургӣ» барои руҳи ҷавон мисли доруи шодбахтӣ менамояд, вале дар асл заҳр аст, зеро аз озодӣ ва андешаи мустақил маҳрум мекунад.
Дигар омили хатарнок муҳити рақамӣ мебошад. Интернет на танҳо воситаи дониш, балки майдони ҷанги идеологӣ аст. Дар он на ҳамеша ҳақиқат бар дурӯғ пирӯз мешавад. Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорон саҳифаҳо, каналҳо ва гурӯҳҳое фаъоланд, ки бо услуби зебо, мусиқии эҳсосангез ва наворҳои драмавӣ ғояҳои хатарнокро паҳн мекунанд. Онҳо аз услуби таблиғоти «замонавӣ» истифода мебаранд: бо тарзи филм, бо овозҳои ором, бо шиорҳои зебо – вале бо мафҳуми заҳрнок. Ҷавонон, ки ҳанӯз малакаи тафаккури танқидӣ надоранд, аз чунин мавод таъсир гирифта, аз ҳамин ҷо, ифротгароӣ шакли нави худро пайдо кардааст – ифротгароии рақамӣ.
Дар асри XXI иттилоот дигар марзу њад намешиносад. Маълумоте, ки тавассути интернет паҳн мегардад барқвор фазои иттилоотии ҷаҳонро фаро мегирад ва аз таъсири он ба ҷавонони тоҷик низ дар канор нест.
Имрӯз, муҳити иттилоотӣ ба майдони «ҷанги маъноҳо» табдил ёфтааст: ҳар гурӯҳ мекӯшад бо сухани зебо, бо рамзҳои мазҳабӣ ва бо қаҳрамонсозӣ аз шахсони тундрав, ғояи худро ба ҷавонон «фурӯшад». Ҳаминро ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз «ифротгароии рақамӣ» меномад – падидаи нав, ки дар он ҷанг бо силоҳ не, балки бо калима ва тасвир сурат мегирад. Тадқиқотҳои равоншиносони байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои ифротӣ бо усулҳои хеле дақиқ ва илмӣ ҷавононро ҷалб мекунанд. Онҳо аввал ҳисси ноумедӣ ва беадолатиро дар дили инсон бедор мекунанд, баъд аз он ӯро «қурбонӣ» меноманд ва дар поён ба ӯ нақши «наҷотдиҳанда» медиҳанд.
Ин раванд қадам ба қадам сурат мегирад:
1. Марҳилаи эҳсосотӣ: бо сурудҳо, наворҳои таъсирбахш ва суханҳои шурангез, эҳсоси ҳамдардӣ ва нафратро бедор мекунанд.
2. Марҳилаи шиносоӣ: шахсро ба гурӯҳе муаррифӣ мекунанд, ки гӯё «дӯстон ва бародарони ҳақиқӣ» мебошанд.
3. Марҳилаи «фаҳм»-диҳӣ: бо тафсири ғалати дин ва таърих, андешаи ӯро шакл медиҳанд.
4. Марҳилаи амалӣ: аз ӯ талаб мекунанд, ки «исботи имон» кунад – бо амал, бо ифрот.
Ҳамин тавр, як ҷавоне, ки дирӯз китоб мехонд, имрӯз метавонад дар зери таъсири иттилооти заҳрнок, худро «муборизи ҳақиқат» ҳис кунад.
Тоҷикистон, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта таъми талхи низоъҳои дохилиро чашидааст, имрӯз аз таҷрибаи нодир дар барқарории сулҳ ва ҳамзистии мазҳабӣ бархӯрдор аст. Дар тули солҳои Истиқлол, давлат ва ҷомеа дар якҷоягӣ кӯшиш карданд, ки пояҳои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмиро устувор созанд. Ҳукумати кишвар Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм (солҳои 2021–2025)-ро роҳандозӣ кард, ки дар он нақши муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ равшан муайян шудааст. Дар ин стратегия таъкид мегардад, ки мубориза бо экстремизм танҳо амалиёти амниятӣ нест — ин, пеш аз ҳама, мубориза барои зеҳни инсон аст.
Бинобар ин, таваҷҷуҳи асосӣ ба маориф, маърифат ва маданият равона шудааст. Дар мактабҳо ва донишгоҳҳои олии Тоҷикистон курсњои махсус оид ба таҳаммулпазирӣ, ваҳдат ва таърихи миллат, муќовимат бо экстремизм ва терроризм ба барномаҳо ворид шудаанд. Ба ҷавонон фаҳмонанида шуд, ки роҳи ҳақиқии «ҷиҳод» – на ҷанг, балки мубориза бо ҷаҳолат аст. Ин муқовимати маърифатӣ аст, ки аз силоҳ пурқувваттар мебошад. Мавриди зикр аст, ки њеҷ як тадбири давлатӣ бе муҳаббати хонаводагӣ самара намедиҳад. Оила – нахустин мактаб аст, ки дар он инсоният, ахлоқ ва имон ташаккул меёбанд. Агар кӯдак аз хурдӣ ба муҳаббат, гуфтугӯ ва масъулият одат кунад, ӯ ҳеҷ гоҳ ба сухани нафратбарангез имон намеорад. Волидайн бояд бештар бо фарзандони худ суҳбат кунанд, на танҳо дар бораи дарс, балки дар бораи ҳаёт, ҷаҳон ва орзуҳо. Ин суҳбатҳои самимӣ ба ҷавон эҳсос медиҳад, ки ӯ шунида шавад, ки ӯ муҳим аст. Маҳз ҳамин эҳсос – беҳтарин муҳофиз аз ифротгароӣ мебошад. Дар канори оила, муҳити иҷтимоӣ низ бояд ҳамкори давлат бошад. Ташкилотҳои ҷавонон, иттиҳодияҳои ихтиёрӣ, марказҳои фарҳангӣ ва ҳатто гурӯҳҳои варзишӣ метавонанд нақши бузург бозанд. Ҷавоне, ки худро дар ҷомеа коромад ҳис мекунад, ҳеҷ гоҳ ба доми «қаҳрамонсозони ифротӣ» намеафтад.
Инчунин, нақши фарҳанг ва санъатро низ бояд ба эътибор гирифт. Дар ҳар як суруд, филм, намоишнома ва наққошӣ метавонад паёми сулҳ, дӯстӣ ва инсонгароӣ ҷой дошта бошад. Дар солҳои охир дар Тоҷикистон ҷашнвораҳо, намоишҳои театрӣ ва филмҳои кӯтоҳе ба мавзуи сулҳу ваҳдат бахшида шудаанд. Ҷавоне, ки аз филм ё шеър паёми муҳаббат мегирад, дигар ба даъвати нафрат ҷавоб намедиҳад. Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун кишваре шинохта мешавад, ки сулҳи миллиро худ барқарор кард ва тавонист пас аз ҷанг фарҳанги ҳамдигарфаҳмиро эҳё намояд. Дар ин сарзамин намояндагони мазҳабҳои гуногун – мусалмонон, насрониён ва зороастриён оромона зиндагӣ мекунанд. Масҷидҳо, калисоҳо ва марказҳои илмӣ паҳлӯ ба паҳлӯ амал мекунанд. Ин таҷриба бояд ҳамчун намуна ба ҷавонон нишон дода шавад. Маҳз ҳамин фарҳанги сулҳ ва таҳаммул ҷавҳари муқовимати Тоҷикистон бар зидди экстремизм аст. Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти мубориза бо экстремизм на танҳо дар асоси қонун ва амният, балки дар руҳияи маърифат ва ҳамзистии фарҳангҳо шакл гирифтааст. Қабули «Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм (2021–2025)» ва фаъолияти марказҳои маърифатӣ дар назди муассисаҳои таҳсилотӣ намунаи ин раванд аст. Аммо таҷриба нишон дод, ки мубориза бо ифротгароӣ танҳо бо неруи давлат имконпазир нест. Ҷомеа, оила, мактаб, масҷид ва ВАО бояд ҳамзамон фаъол бошанд. Ин ҳамкории маънавӣ бояд ба як фарҳанг – фарҳанги эҳтиром, таҳаммул ва фаҳмиши гуногунандешӣ табдил ёбад. Мо бояд ҷаҳони фикрии ҷавононро обод созем, то дигар ҷое барои андешаҳои хатарнок намонад.
1. Маърифат: тадрис ва фаҳмондани моҳияти экстремизм аз синфҳои поёнӣ.
2. Муколама: ташкили чорабиниҳо, форумҳо ва лоиҳаҳои ҳамфикрии ҷавонон.
3. Иттилооти пок: дастгирии ВАО ва блогерони масъул, ки ҳақиқати илмиро паҳн мекунанд.
4. Роҳнамоёни маънавӣ: устодону коршиносон ва зиёиён бояд бо забони замон сухан гӯянд, на бо забони куҳан.
5. Ҳамкорӣ бо ҷаҳон: мубодилаи таҷриба бо созмонҳои байналмилалӣ барои таҳкими таҳаммул ва сулҳ.
Экстремизм танҳо душмани давлат нест, душмани руҳи инсон буда, ягона силоҳ барои мубориза ба он маърифат, муҳаббат ва масъулият мебошад. Ҷавонони мо бояд бидонанд, ки қаҳрамонӣ дар нобуд кардан нест, қаҳрамонӣ дар ҳифзу гиромидошти марзу буми Ватан, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастӣ мебошад. Дунёи имрӯз, ки онро ҷаҳони иттилоот, суръат ва озодӣ меноманд, аз як сӯ имкониятҳои бепоён барои рушди инсон фароҳам овардааст, вале аз сӯи дигар, паҳноии фикр ва ҷаҳонбиниро ба майдони пурпечу тоб ва пурихтилоф табдил додааст.
Ҷавононро ки қишри осебпазиртарини ҷомеа ҳастанд ба омӯзиш ва ҳунармандӣ бояд ҷалб намуд. Фазои холии онҳоро ба шуғлу варзиш пур кард. Тафаккури дурусти динӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳоро ташаккул дода, дар қалбҳояшон меҳри Ватанро афзун сохт. Дар муҳити оила назорати истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро бояд ба роҳ монд. Зеро ҷавонон ояндаи дурахшони давлату миллатанд ба шумор мераванд.
Каримова Дилноза,
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносии
МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»




