Артиши миллӣ бо азму заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шудааст, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт.
Воқеан, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он рўзҳои вазнин сар карда, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, кўшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузаштааст.
Дар ин раванд хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандўстони асил буданашонро собит намудаанд. Садҳо нафари онҳо дар ин роҳ ҷони худро қурбон карданд, ки мо хотираи некашонро ҳамеша пос медорем.
Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ шўравӣ, ки дар он давра аллакай ба ҳиссаи меросии худ, яъне аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва иншооту дигар заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин инфрасохтори низомӣ соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсии зарурӣ, яъне бе базаи моддиву техникӣ ташкил карда шуд.
Аз таъсисёбии Артиш вақти зиёде нагузашта, ба дўши он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим – таъмин кардани субот ва амнияти кишвар вогузор гардид.
Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ ҳанўз аз нахустин рўзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус эътибори аввалиндараҷа дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву муҳимот ва таҷҳизоти муосир шурўъ намуд.
Ин ҳама далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад, ки албатта, бо назардошти вазъи пайвастаи авзои сиёсии ҷаҳон бояд такмил дода шавад.
Фатҳуддин Зуҳурзода,
прокурори шаҳри Исфара,
мушовири адлияи дараҷаи 1




