Боз як ташаббуси ногаҳонӣ дар фазои кишвар гуфтаҳои бузургонро ба хотир овард:

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

Бале, зинда намудану поянда нигоҳ доштани  насли гузашта яке аз самтҳои сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки туфайли  иқдоми созандаи худ боз ҳам ба қалби аҳли дил, мардуми шарифи Тоҷикистон ғуруру ифтихори миллиро бедор кард.

Бале, бо чанд нафаре, ки дар ин бобат суҳбат мекунам, бо дидагони ашкбор ин иқдоми Сарвари давлатро пазироӣ карданд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Мардуми Тоҷикистон, ки онро ба воситаи оинаи нилгун тамошо карданд, хеле ҳам шод ва ҳам ба ҳаяҷон омаданд. Ин амали некбинонаи Сарвари давлат дар ҳақиқат боз як бори дигар собит сохт, ки мо Пешвои муаззаму маҳбуб дорем, ки нисбат ба тақдири  фарзандони миллат бетафовут нестанд. Агар солҳои аввали Истиқлоли миллӣ Сарвари давлат барои ба Ватан баргардонидани  гурезагон иқдом карда бошанд, баъди 35 сол хоке аз турбати қаҳрамонони миллат, ходимони сиёсиву давлатиро аз кишвари дигар ба Ватан оварданд, ки он дили ҳар як шаҳрванди кишварро ба ваҷд овард.

Мардум имрӯз шукри Ватану ватандорӣ, шукри Истиқлоли миллӣ, шукри Сарвари одилу оқилро менамоянд, ки хизмати онҳо, қаҳрамонони миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳи Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро ба Ватан овард. Иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон сару садоҳои зиёде ба бор овард.

Гулафзо Савриддинова, собиқадори меҳнат, ходими давлатию сиёсӣ: - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари иҷрои амалҳои бузург ба зинда гардонидан ва пос доштану намунаи ибрат нишон додани ҳаёту фаъолияти гузаштагони сарбаландамон дастуру ҳидоятҳои судманд  дода, худ пешсафу раҳнамо ҳастанд.

Ин аст, ки аҳли ҷомеа муттаҳиду сарҷамъ буда, баробари ба меҳнати бунёдкорона машғул шудан ба омӯзиши гузашта, ибратпазирӣ аз корномаи шахсиятҳои барҷастаю барӯмандамон пардохтанд ва ҳар як андешаю гуфтору кирдори Сарвари давлатамонро якдилона маъқул шуморида, пайравӣ мекунанд.

Овардани мушти хоки Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳамчунин ходими намоёни давлатӣ Нисор Муҳаммад бо як ҷаҳон самимияту эҳтиром аз тарафи  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шуданаш, ба мазори Лучоби шаҳри Душанбе паҳлӯи Қаҳрамонони Тоҷикистон устодон Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар арбобони сиёсиву фарҳанг дафн шудани   он хок гувоҳӣ аз он медиҳад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои инсонпарвар, ватандӯст ва қадршиносанду ҳар як хурду бузурги миллатро ба ҳамин шоҳроҳи иззату эҳтироми гузашта ва гузаштагон даъват мекунанд.

Дидам, ки ин амали Пешвои муаззам ва маҳбубамон ба пиру ҷавон таъсир бахшид. Донистем ва бори дигар эътимод пайдо намудем, ки дар Ватани азизамон инсон қадр дорад ва некиҳо ҳаргиз фаромӯш намешаванд. Хусусан, наврасону ҷавонон аз ин рӯйдоди таъсирбахш ибрат гирифтанд ва донистанд, ки бояд пайрави Пешвои миллату бузаргонамон бошанд. Кулли аҳли ҷомеа бори дигар бовар ва умед парвариданд, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд. 

Санавбар Нуруллоева, ходими давлатию сиёсӣ, собиқадори меҳнат:

–Имрӯз мо дар арафаи 35-солагии Истиқлоли миллӣ қарор дорем. Дар остонаи ин Иди бузурги миллӣ, ки мардум ба он бо як шукуҳу шаҳомати хоса омодагӣ мегиранд, шоҳиди иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат гардидем, ки моро хеле рӯҳбаланд намуд. Бале, мардуми кишвар онро бо дидаҳои ашкбор истиқбол гирифтанд.

Шахсан ман ин иқдоми Сарвари давлатро аз оинаи нилгун дидам. Ин лаҳзаҳои фараҳбахшро дида, хеле гиристам. Сарвари давлат ба пешвози турбати Қаҳрамонони миллат худашон баромада, ба онҳо сари таъзим фуруд оварданд. Ин лаҳзаҳоро гумон мекунам, ягон фарди соҳибдил бе ашки чашм қабул карда наметавонад.

Мардуми ин сарзамин бори дигар дарк намуд, ки ин иқдоми Сарвари давлат эҳтиром ба таърих, эҳтиром ба қадршиносии хизматҳои фарзандони содиқи миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад.

Дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ амаку амакбачаҳои ман низ  дар давлати Русия қурбони ҷанги хонумонсӯз шуданд. Баробари дидани мушти хоки турбати абармардони миллат маро ёди онҳое гирифт, ки қурбони он ҷанг шуданд. Овардани мушти хоки Қаҳрамонони миллат, фарзандони фарзонаи миллат боз як бори дигар ҷавононро ҳушдор месозад, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву  хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия ёбанд.

Карамулло ОДИЛОВ, собиқадори ҳизбу хизмати давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ИЖТ:

–Чанде қабл бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихӣ, Нисор Муҳаммад, ки миллати тоҷик ӯро чун фарзанди хеш пазируфтааст, аз шаҳри Москва ба Ватан оварда шуд.

Ин бори дигар шахсияти нотакрору дили бузург доштани Сарвари сулҳовару дурандеш, сиёсатмадори варзидаи аср, марди шарифу накӯном будани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба оламиён муаррифӣ намуд.

Ҳамагон хуб медонанд, ки Роҳбари давлати биҳиштосои тоҷикон аз оғози ба сари қудрат омадани хеш ба арҷгузорӣ намудан ба арзишҳои миллӣ ва қадршиносӣ намудан нисбати шахсиятҳое, ки ба халқу миллати хеш хизмати шоиста кардаанд, эътибори махсус дода меоянд.

Лаҳзаҳои рамзии тантанавор ба хок супоридани ҷасади фидоиёни давлати мо, Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, поягузори вазорати маорифи кишвар Нисор Муҳаммад бешубҳа, баҳри тақвиятбахшии тарбияи ахлоқию хештаншиносии насли ҷавони ҷомеа таъсиргузор хоҳад буд ва таваҷҷуҳи наслҳои имрӯзу фардои мамлакатро ба қадршиносии заҳматҳои шабонарӯзии фарзандони содиқу вафодори Ватан, инсонҳои маъруфу номбардори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҷалб кардан, баҳри рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мақоми махсусро бозида метавонад.

Натиҷаи чунин иқдомҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки давлати мо дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолии хеш ба натиҷаҳои назарраси рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардида, ҳамчун яке аз минтақаҳои амну осоиштаи олам шинохта шудааст.

Беҳуда нест, ки барои хизматҳои арзандаи хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори бештар аз 50 ҷоизаву унвонҳои ифтихории байналмилалӣ гардида, чанд рӯз қабл ба Сарвари сулҳовару ояндасози кишвари мо унвони Доктори ифтихории Донишгоҳи Пекини давлати Чин ва Ҷоиза–эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ дода шуд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии ин Роҳбари оқилу ҷонфидои миллат ба сӯи қуллаҳои волои мурод устуворона қадам зада истодаанд ва он рӯз дур нест, ки кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ ҷойи сазовори хешро ишғол намуда, ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини кишвар муваффақона амалӣ карда шавад.

 

Гулҷаҳон Махкамова,

“Ҳақиқати Суғд”