Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва кафили сулҳу субот дар кишвар ба шумор мераванд. Амният, истиқлолият ва тамомияти арзии давлат маҳз бо шарофати ҳушёриву омодагии ҳамешагии Артиши миллӣ таъмин мешавад. Артиш барои ҳар як шаҳрванди кишвар натанҳо сохтори ҳарбӣ, балки рамзи шуҷоат, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.
Дар замони муосир, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла, терроризм, ифротгароӣ ва дигар хатарҳои амниятӣ рӯ ба рӯ аст, зарурати доштани нерӯи мудофиавии пуриқтидор боз ҳам бештар мегардад. Дар чунин шароит нақши ҷавонон хеле муҳим аст, зеро онҳо қувваи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллат ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа мебошад.
Тарбияи ватандӯстӣ бояд аз оила оғоз ёбад ва дар мактабу донишгоҳ идома ёбад. Вақте ки ҷавон муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва ҳисси масъулиятро дарк мекунад, ӯ ба як шаҳрванди содиқ ва фидокор табдил меёбад. Гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву ҳарбӣ, вохӯриҳо ва машқҳои тайёрии ибтидоии ҳарбӣ метавонад ҳисси ифтихор аз Ватан ва омодагии ҳимояи онро дар дили ҷавонон тақвият бахшад.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавон мактаби ҳаёт ба ҳисоб меравад. Дар артиш онҳо интизом, масъулиятшиносӣ, дӯстиву бародарӣ ва устувориро меомӯзанд. Ин хислатҳо барои ташаккули шахсияти комил ва муваффақияти минбаъдаи онҳо дар зиндагӣ замина мегузоранд. Бисёре аз ҷавонони ватандӯст имрӯз бо ифтихор ба хизмати ҳарбӣ мераванд ва бо ин амали худ садоқати худро ба Ватан нишон медиҳанд.
Ҳимояи Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст ва танҳо бо ҳисси баланди масъулият ва муҳаббат ба сарзамини худ метавон истиқлолият ва сулҳи кишварро ҳифз намуд.
Темирҷон ХОЛМАТОВА,
директори «Литсей барои хонандагони
болаёқат»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов




