Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб ба шумор меравад. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн намуда, хатари бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро эҷод менамояд.

Дар замони муосир инсоният ба чунин хатари ҷиддие, ки ба амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гашта истодааст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми ғаразноку нопоки худро тавассути зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм ва бо дигар роҳҳо амалӣ созанд.

Дар раванди сиёсӣ дар мубориза бо терроризм дар баробари давлатҳои бузург Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нақши муҳим дорад. Имрӯз  кишвари мо ҷиҳати саривақт вокуниш ба чолишҳо ва хатарҳои ҷаҳонӣ дар ташаккули нерӯҳои амниятии дохилӣ ва хориҷӣ чораҳои муассир андешида истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигар таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд ва дар ин робита чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуъи пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро амалӣ менамояд.

Дар ин давра самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризму экстремизм, пеш аз ҳама ташаккули заминаҳои меъёрӣ, ҳуқуқии пешгирӣ ва муқовимат бо ин омилҳои номатлуб ҷомеаро фаро мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм мавқеи устувор дошта, таҷрибаи ғанӣ касб намудааст ва дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади мубориза алайҳи ин амалҳои номатлуб дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Таърихи афкору башар собит месозад, ки  илму дониш ҳамеша меҳвари пешбарандаи ҷомеаи инсонӣ мансуб ёфта, барои расидан ба зиндагии шоиставу саодатманди инсоният саҳми муносиби хешро гузошта, алайҳи хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе аз мутассибони камсавод ҳамеша дар мубориза будааст.

Дар ҳақиқат ҳам, терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд.

Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода, дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.

Зарнигор НЕЪМАТОВА,

омӯзгори МТМУ №22,

шаҳри Хуҷанд