Шаҳри Хуҷанд яке аз қадимтарин шаҳр дар Осиёи Миёна буда, дар асрҳои пешин аз ин макони зебо Роҳи Абрешим мегузашт, ки Осиёи Миёнаро бо Аврупо мепайваст. Гузаштагони мо шаҳри Хуҷандро “Тирози ҷаҳон” ва “Арӯси даҳр” низ меномиданд. Баҳри ободиву сарсабзии он ҳамасола шаҳрдорон саъю кӯшиш мекунанд, зеро он маркази вилоят буда, сайёҳону меҳмонон нахуст аз ҳамин шаҳр дидан менамоянд. Айни ҳол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри гул-гулшукуфоии маркази вилоят, рушди соҳаҳои амалкунанда, аз ҷумла саноату сохтмон, беҳтарсозии вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинон хеле корҳоро ба сомон расонад. Чанде пеш бо раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода оид ба рушди иқтисодиву иҷтимоии маркази вилоят суҳбате оростем. Инак, фишурдаи мусоҳибаро пешкаши муштариёни ҷарида менамоем:
-Муҳтарам раис, соли 2025 ҳам бо мо падруд гуфт ва он ба саҳифаи таърих ҷовидонӣ монд. Тӯли ин сол мо бо бисёр навидҳову дигаргуниҳо рӯ ба рӯ гардидем.
Он чизе, ки ба саҳифаи таърих чун нақши заррин абадан боқӣ гузошт ва дилҳоро фараҳбахш намуд, ин бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тирози ҷаҳон бо ҳам омадани се сарони давлати ҳамсоя ва пайвастани дӯстии абадист. Дар ин бобат андешаи Шумо.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли сипаригардида ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои босифату саривақтии дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бармеояд, инчунин нишондодҳои Раиси вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода чораҳои муассир роҳандозӣ намудааст.
Бале, соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли мо бо дастовардҳои назаррас ва рўйдодҳои муҳим боз як солномаи таърихӣ гардид.
Яке аз рўйдодҳои муҳими хотирмон, ки бо иқдому ташаббуси сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, ин мулоқоти сарони се давлати ҳамсарҳад - ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад.
Дар ин вохўрии таърихӣ байни давлатҳои ҳамсарҳад вобаста ба масъалаҳои нуқтаҳои пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар, дўстии абадӣ ва ҳамкориҳои судманд шартномаҳои мутақобила дар доираи “Эъломияи Хуҷанд” ба имзо расонида шуд.
- Нахуст муборакатон мегӯем, ки дар остонаи 35-умин солгарди соҳибистиқлолии кишвар шаҳри Хуҷанд чун шаҳри беҳтарин дар озмуни вилоятии “Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ” дониста шуд, ки ҳамаи ин тавассути заҳмати шабонарӯзии масъулини мақомоти давлатии маҳаллӣ ва, албатта, сокинон мебошад.
-Ин дастоварди дастаҷамъона аст. Он дар натиҷаи фаъолияти бонизоми мақомоти маҳаллӣ, азму талош ва заҳмати софдилонаи кулли сокинони шаҳр, ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, зиндагии арзандаву шоистаи аҳолӣ ва бунёдкорию ободонӣ буд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидем.
Шаҳри Хуҷанд, яке аз шаҳрҳои калонтарини саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаҷми умумии маҳсулотҳои дар вилоят истеҳсолшаванда заминаи устувор мегузорад. Дар натиҷаи чораҳои судманди андешидашуда сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии беруна дар ин давра 32 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 185 ҷойи корӣ, бо ҷалби 36,5 миллион сомонӣ сармояи мустақим сохта, ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 325 адад расид.
Инчунин ин нишондиҳанда ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулотҳои истеҳсолгардидаистода дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, барои тақвияти соҳа, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ заминаи босазо гузошта истодааст.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 2 миллиарду 145,4 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 120,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз миқдори умумии маҳсулотҳои истеҳсолшуда ба маблағи 461,2 миллион сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷи дуру наздик содирот шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 50,5 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, 112,3 фоизро ташкил дода, он барои рушду такомули ин соҳаи муҳими иқтисодиёт заминаи босазо гузошта истодааст.
Дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 125 корхонаи хурду калон ба маблағи 1 миллиарду 20,8 миллион сомонӣ чунин маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 133,6 миллион сомонӣ зиёд ё 115,1 фоизро ташкил дод. Дар ин давра аз шумораи умумии маҳсулоти истеҳсолшуда 113 номгўи он нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум зиёда аз 100,0 фоиз таъмин шудааст.
-Муҳтарам раис, ба шарофати вазидани насими Истиқлолият вазъи иқтисодии кишвар рушд ёфта, содирот нисбат ба воридот рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Айни замон робитаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хуҷанд бо дигар мамолик дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Солҳои охир шаҳри Хуҷанд бо мақсади густариши муносибатҳои иқтисодӣ бо 46 давлати дуру наздик ҳамкориҳои мутақобиларо самаранок ба роҳ мондааст. Ҳаҷми савдои хориҷӣ мунтазам афзоиш ёфта, дар соли ҳисоботӣ он ба 535,9 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки аз ин миқдор воридот 474,4 миллион доллари амрикоӣ ва содирот 61,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи чораҳои судманди андешидашуда дар самти муносибатҳои бурунмарзӣ шаҳри Хуҷанд бо 16 шаҳри хориҷии дуру наздик солҳои тўлонӣ робитаҳои иқтисодию фарҳангии бародаршаҳрӣ дорад. Ҳамкориҳои мутақобилаи ин самт нишон дод, ки дар натиҷаи ташрифи намояндагони сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ ба ин кишварҳо барои рушду такомули соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва соҳибкорию ташаббускорӣ заминаи мусоид гузошта истодааст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки самти сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ яке аз рукнҳои пурсамар барои такомули иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода дар давраи ҳисоботӣ 77,9 миллион доллари амрикоӣ ҷалб карда шудааст.
-Ҷашни бузурги миллӣ 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ наздик шуда истодааст. Омодагии шаҳри Хуҷанд ба ин ҷашни муътабар дар кадом сатҳ қарор дорад?
-Ободонию бунёдкорӣ рисолати азалии ҳар як шаҳрванд бояд бошад. Чун дар дигар манотиқи кишвар дар маркази вилоят низ бо истифода аз имконияту захираҳо бо маблағгузории давлатию бахши хусусӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ иборат аз 360 банд, бо назардошти сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 950 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ тасдиқ карда шудааст.
Бояд қайд намоем, ки азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳими ба нақша гирифташуда, то имрўз 1095 иншоот бунёд карда шудааст, ки он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 115,0 фоизро ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии иншооти бунёдгардида соли сипаришуда 370 иншоот ба анҷом расид.
-Наздик 35 сол аст, ки мардуми сулҳдӯсти Тоҷикистон аз насими файзбори соҳибистиқлолӣ нашъа мебарад. Тӯли ин солҳо вазъи зиндагии аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, аксар муассисаҳои таълимиву табобатӣ азнавсозӣ ва ё биноҳои иловагӣ бунёд шуда истодааст. Ҳамчунин, бо саҳми соҳибкорони ватандӯст корхонаҳои нави истеҳсолӣ қомат афрохта истодааст, ки ин албатта воридоти маҳсулотро аз беруни кишвар коҳиш дода, ба афзуншавии ҷойи корӣ мусоидат хоҳад кард.
-Боиси ифтихор аст, ки соли 2025 дар шаҳр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ “Афранг Пластик”, корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии ҶДММ “Тоҷпанел”, корхонаи истеҳсоли меваю сабзавоти хушки ҶДММ “Доро Арт Фуд”, 3 адад хати истеҳсолии ҶДММ “Сирдарё”, коргоҳи коркарди меваи хушки ҶДММ “Донаи алмос”, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии ҶДММ “Саховат”, муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусии “Навбаҳор” ва ҶДММ “Арча”, муассисаҳои таҳсилоти томактабии "Азизи Дилҳо", “Донояк”, бинои нави сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи хусусии “Аркон”, бинои нави факултаи 4-уми Академияи ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, биноҳои иловагӣ дар Беморхонаи клиникавии рақами 1, Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ва Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд, инчунин бинои иловагии Гимназияи № 4 бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид карда шуданд, ки онҳо баҳри боз ҳам зебову гуворо гардонидани симои шаҳри бостонии Хуҷанд ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маблағгузории асосӣ ба соҳаи сохтмон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 1 миллиарду 743,6 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 1 миллиарду 644,4 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд, ки онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мутаносибан 63,7 ва 94,2 фоизи афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашудаи корхонаҳои пудратӣ ба 1 миллиарду 431,1 миллион сомонӣ расидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 2,2 маротиба зиёд мебошад.
Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати самти иҷтимоии Сарвари кишварамон бо истифода аз унсурҳои инноватсионӣ дар масоҳати 148,5 ҳазор метри мураббаъ биноҳои баландошёна қомат афрохтааст, ки он нисбат ба соли 2024-ум 53,8 фоиз зиёд мебошад. Барои беҳтар кардани шароити манзилии шаҳрвандони эҳтиёҷманд ва фаъолияти кории хизматчиёни давлатӣ, кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, дар давоми соли 2025 ба 10 нафар кормандону оилаҳои эҳтиёҷманд тибқи шартномаи кирояи иҷтимоии манзили истиқоматӣ ва ба як нафар корманди соҳаи илм ва маориф тибқи шартномаи кирояи манзили истиқоматии хизматӣ аз фонди манзили давлатӣ хонаҳои истиқоматӣ ҷудо карда шуд.
Дар самти зебою чароғонкунӣ низ корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр ба таври замонавӣ лампаҳо, фурўзонакҳои каммасраф, чароғакҳои гуногун, шилшилаҳо, равшанкунакҳо, ноқилу симҳои барқӣ ва торшерҳо насбу васл ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор карда шуданд.
Илова бар ин, дар ҳудуди шаҳр дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, гулҳои гуногуни ороишӣ ва пиёзаки гули лола шинонида шуданд.
Чун солҳои пешин дар соли 2025-ум низ ҳамчун заминаи боэътимод барои беҳтар гардонидани инфрасохтори роҳу коммуникатсия ва ба талаботи муосир ҷавобгўй гардидан 55,7 километр роҳ таъмиру таҷдид шуд, ки он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 11,4 фоиз ё 5,7 километр зиёд мебошад. Аз ҷумла, 34,9 километр таъмири асосӣ ва 20,8 километр таъмири ҷорӣ ба сомон расонида шудааст.
-Тавре ёдрас гардидем, шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадима буда, сол аз сол ободу зебо гардида истодааст. Аз рӯи мушоҳидаҳо аён мегардад, ки шумораи сайёҳон низ зиёд шуда, ҳар яке бо таассуроти хубу хотирмон ба мулкашон бармегарданд.
-Бале, шаҳри Хуҷанд бо осорҳои таърихию қадимаи худ ҳамеша диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намуда, ҳамчун шаҳри қадимаю дорои имкониятҳо шӯҳратёр гаштааст. Айни ҳол, дар шаҳр барои қабули сайёҳон 16 меҳмонхона бо теъдоди 745 ҷойи қабул фаъолият намуда истодааст.
16 нуқтаи фурўши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қиматбаҳо, тўҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон барои меҳмонон ва сайёҳони дуру наздик молу маҳсулоти хешро пешниҳод менамоянд.
Тибқи маълумоти пешакии оморӣ дар давоми соли 2025 ба шаҳри Хуҷанд зиёда аз 36,0 ҳазор сайёҳони дохилию хориҷӣ ташриф оварда, аз мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангию истироҳатӣ шиносоӣ пайдо намуданд, ки он нисбат ба соли пешин 2,8 дарсад ё 1,0 ҳазор нафар зиёд мебошад.
-Сол аз сол равобити илмӣ ва фарҳангӣ бо дигар давлатҳо рушд ёфта истодааст. Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат дар ҳар як суханрониашон таъкид медоранд, ки, (бештар ба ҷавонон ишора мекунанд), дар масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ин амал дар маркази вилоят чӣ гуна сурат гирифта истодааст? Нисбати рушди муассисаҳои таълимӣ якчанд барномаҳо тарҳрезӣ шудааст, хосатан оид ба ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ чӣ чораву тадбирҳо андешида шудааст?
-Баҳри амалӣ намудани Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, дарсҳои иловагӣ ба роҳ монда шуда, дар назди 28 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 56 гурўҳ бо забонҳои русӣ ва англисӣ таъмин буда, айни ҳол 254 нафар омўзгорони фанни забони русӣ ва 286 нафар омўзгорони фанни забони англисӣ фаъолият мебаранд.
Ҷиҳати иҷрои “Барномаи ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” бо ҷалби маблағҳои махсуси муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорон ва шахсони алоҳида дар 86 синфхонаи компютерии муассисаҳои таълимӣ 115 адад компютер, 10 адади принтеру проэктор ва 6 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шудааст.
Дар муассисаҳои таълимӣ 87 адад синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ мавҷуд буда, дар он 2 633 адад компютер, 368 адад принтер, 381 адад тахтаи электронӣ ва 451 адад проектор мавҷуд мебошанд.
-Боиси шодмонист, ки солҳои охир бо дастуру супориши Пешвои маҳбуби миллат нисбат ба омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимӣ озмунҳои мухталиф доир гардида истодааст. Ширкати муаллимон ва хонандагони муассисаҳои таълимии маркази вилоят дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Чунин озмунҳо имкон медиҳад, ки сатҳи дониши омӯзгорон ва толибилмон беҳтар гардад, инчунин аксари пиру барно ба китобхнӣ рӯй овардаанд, ки мутааасифона муддате чунин амал ба гӯшаи фаромӯшӣ расида буд. Тадбирандешӣ, хирадмандии Пешвои сулҳдӯсту маърифатпари мо буд, ки мардум ба илму фарҳанг рӯй оварданд.
Соли сипаригардида дар даври вилоятии озмуни “Мураббии сол” Паривина Абдураҳмонова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №3 ғолиби даври шаҳрӣ ва дар озмуни ҷумҳуриявии “Омўзгори соли Тоҷикистон” Нодира Шодиева - омўзгори фанни забони давлатии МТМУ Русияю Тоҷикистон ба номи А. П.Чехов ва ҳамчунин дар озмуни “Хонандаи сол-2025” толибилми синфи 10-и Литсейи назди Донишгоҳи политехникӣ Мухлиса Комилҷонова мақоми аввалро сазовор шуданд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП 709 «Дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» соли сипаришуда дар озмуни мазкур аз 1445 нафар иштирокчиён 75 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз онҳо 43 нафар хонанда, 20 нафар донишҷў ва 12 нафар шахсони касбу кори гуногун ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Тибқи қарори Раиси шаҳр ҷиҳати қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» 90 ҳазору 500 сомонӣ ва барои «Илм-фурўғи маърифат» 18 ҳазору 800 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи мактаббачагони шаҳр (хонандагони синфҳои 5-11) дар олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 314 мақоми ифтихорӣ, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби 154 ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз он ҷумла, 16 нафар соҳиби медали тилло, 26 нафар соҳиби медали нуқра ва 111 нафар соҳиби медали биринҷӣ шуда, дар натиҷа шаҳри Хуҷанд дар миқёси вилоят сазовори ҷойи аввал гардид. Дар Олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ, фосилавӣ бошад, дар соли таҳсили 2024-2025-ум 1054 нафар хонандагони лаёқатманди шаҳр ширкат варзида, ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд.
Дар умум 3849 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, 274 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Бо қаноатмандӣ метавон қайд намуд, ки аз ҷониби Раиси шаҳр ба 154 нафар ғолибони олимпиадаи даври ҷумҳуриявӣ аз буҷаи маҳаллӣ 134 ҳазору 600 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
- Ба ҳамагон аён аст, ки вазъи соҳаи тандурустӣ низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Алҳол техникаҳои муосири табобатӣ ба муассисаҳои тандурустии вилоят ворид гардида, табибон низ аз нозукиҳои ин самт дониши хешро такмил бахшида истодаанд.
- Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад ва пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, хосатан Пешвои мардумдӯсти кишвар қарор дорад. Баҳри таъмини хизматрасонии баландсифат ба аҳолии шаҳр, айни ҳол дар 17 муассисаҳои тандурустӣ 2610 нафар кормандон фаъолият менамоянд.
Баҳри баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони соҳа бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр зиёда аз 40 нафар табибон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ўзбекистон ва дигар давлатҳо давраи такмили ихтисосро гузашта, имрўзҳо гузаронидани зиёда аз 10 намуди ҷарроҳии муосирро ба роҳ мондаанд.
Дар доираи сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба шаҳри Хуҷанд муассисаҳои тандурустии ҳозиразамон бо тамоми лавозимоту таҷҳизотҳои муосир мавриди истифода қарор дода мешавад.
- Президенти мамлакат дар суханрониашон мақоми занро баланд бардошта, ҳамаҷониба бонувонро дастгирӣ менамоянд, хосатан дар самти ҳунармандӣ...
-Ҳар як иқдоме, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пеш мегузоранд, дар мадди аввал беҳбудии бонувонро ба инобат мегиранд. Хосатан Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола дар қатори грантҳои Президенти мамлакат ва раиси вилоят, гранти раиси шаҳр низ барои бонувони ҳунарманд пешбинӣ гардидааст, ки баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст. Ба ҳамин хотир, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рўзи шаҳри Хуҷанд 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманд соҳиби гранти Раиси шаҳр гардиданд.
-Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеаанд. Нисбати ин табақаи ҷомеа, ки нерӯи асосии мамлакат ба онҳо нигаронида шудааст, чӣ чораву тадбирҳо андешида мешавад?
-Ҷавонон аламбардори насли фардо, ояндасози ҷамъиятанд, онон қувваи бузург ба ҳисоб рафта, шумораи умумии эшон дар соли ҷорӣ ба 68,9 ҳазор нафар расид, ки аз ин 34,1 ҳазор нафар духтарон ва 34,8 ҳазор нафар писарон мебошанд.
Мо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки онҳо дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта бошанд. Аз ин рӯ, онҳоро ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ва ҳам барои дарёфти ҷойи кор ва ё бо варзиш машғул гардидан дастгирӣ менамоем. Масалан, нисбати донишҷӯён ва толибилмон бо мақсади ҷалби онҳо ба хондану соҳибкасб гардидан соли 2025 шумораи гирандагони стипендияи Президентӣ 72 нафар, гирандагони стипендияи раиси вилоят 80 нафар ва гирандагони стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд ба 150 нафар расид, зиёда аз 1000 нафар ҷавонон дар муассисаҳои давлатии олии хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳудуди шаҳр 32 адад майдончаи варзишӣ ва бозии кўдакона, 2 адад толори варзишӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҳамчунин мусобиқа ва чемпионатҳо аз рўи 30 намуди варзиш, чун футбол, гўштини миллӣ, волейбол, бокс, шоҳмот, баскетбол, ба монанди инҳо доир гардида, 148 маротиба машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирўзӣ таҳти унвони “Миллати ҷисман солим, руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад”, гузаронида шуданд.
Дастоварди варзишгарон дар мусобиқа ва чемпионатҳои сатҳи дохиливу шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ назаррас буда, ба гирифтани 3164 медал, аз ҷумла 1167 медали тилло, 991 медали нуқра ва 1006 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.
Боиси қайд аст, ки варзишгар аз шаҳри Хуҷанд Хусравхон Раҳимов дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни калонсолон ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардид, ки ин дастовард дар таърихибокси кишвар бори нахуст ба ҳисоб меравад.
-Шаҳри Хуҷанд, ки маркази вилоят маҳсуб мешавад, аксар чорабиниҳои фарҳангӣ дар ҳамин ҷо баргузор мегардад....
-Ҷиҳати рушди соҳаи фарҳанг дар шаҳр бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ чорабиниҳои фарҳангӣ пуршукуҳу хотирмон таҷлил гардида, ҳамзамон, дар доираи чорабиниҳои таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ намоиши маҳсули ҳунармандии намояндагони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва намоиши театрикунонидашуда ва барномаи консертӣ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарони ду кишвари ҳамсоя дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ доир гардид.
Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП–711, оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз рӯи якчанд номинатсия 203 нафар иштирок намуда, аз 89 нафар ғолиби даври шаҳрӣ 28 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
-Дар интиҳо чӣ гуфтаниҳо доред?
Бояд тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ маҳз бо иштироки фаъолонаи вакилон, соҳибкорон, ташаббускорон ва масъулини соҳаҳои мухталиф ба натиҷаҳои назарраси нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр ноил гардидем.
Бо боварии том зикр менамоям, ки дар соли ҷорӣ низ, кулли сокинон бо ҳисси баланди ватандорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода боз ҳам корҳои ободониву созандагиро бо заҳмати софдилона пеша намуда, барои муҳайё сохтани зиндагии арзанда саҳми босазо мегузоранд.
-Барои суҳбати пурмуҳтаво ташаккур. Барору комёбӣ насибатон бод.
Тавҳида ҶӮРАЕВА,
"Ҳақиқати Суғд"




