Дар вилояти Суғд давоми шаш моҳи соли 2026-ум 78 ҷинояти вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳолат ё 14,3 фоиз кам мебошад. Ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирашуда низ 276 килою 132 грамм ё 57,2 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Олимҷон Тоирзода, иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди коҳиши ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирашуда, фаъолияти мақомоти дахлдор дар самти ошкор ва пешгирии қонуншиканиҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар тақвият ёфтааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Раёсат 82 ҳодиса ошкор гардида, аз ин 19 ҳолат ҷиноят ва 63 ҳолат ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд. Ошкорсозии ҷиноятҳо нисбат ба соли гузашта 18,8 фоиз ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 16,7 фоиз зиёд шудааст.
Дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2026» низ корҳои назоратӣ ва пешгирикунанда идома дошта, 259 ҳазору 165 бех растании худрӯи бангдона бо вазни умумии беш аз 3,3 тонна ошкор ва нобуд карда шудааст. Чунин ҳолатҳо, тибқи иттилои масъулин, бештар дар ҳудуди ноҳияҳои Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Исфара ва шаҳри Хуҷанд ошкор гардидаанд.
Ҳамзамон, шумораи шахсони нашъаманди дар қайди расмибуда низ коҳиш ёфтааст. Дар ҳамин давраи соли 2025-ум шумораи онҳо 837 нафарро ташкил медод, пас дар шаш моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 823 нафар расидааст, ки 14 нафар ё 1,2 фоиз кам мебошад.
Ин нишондиҳандаҳо аз коҳиши сатҳи нашъамандӣ ва коҳиш ёфтани ҳолатҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар вилоят шаҳодат медиҳанд. Ҳамзамон, мақомоти дахлдор барои пешгирии нашъамандӣ, ошкорсозии қонуншиканиҳо ва нобудсозии маводи нашъаовари худрӯй корҳои профилактикиро идома медиҳанд.
Дар идомаи ин раванд, таваҷҷуҳи мақомоти дахлдор ба пешгирии воридшавии маводи нашъаовар ба гардиши ғайриқонунӣ ва назорати истифодаи доруҳои дорои таъсири нашъадор низ равона гардидааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар шаш моҳи соли 2026-ум аз ҷониби муфаттишони Раёсат 32 парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурд қабул гардидааст, ки 9 адади он парвандаҳои боқимонда аз соли 2025 мебошанд. Ин нишон медиҳад, ки баробари чораҳои оперативӣ, коркарди парвандаҳо ва ба ҷавобгарии қонунӣ кашидани шахсони дастдошта низ идома дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин ду ҷинояти дорои хусусияти экстремистӣ ошкор гардида, вобаста ба тобеияти тафтишотӣ ба мақомоти дахлдор ирсол шудааст.
Дар самти ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ низ чораҳои қонунӣ андешида шудаанд. Нисбат ба 63 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 142 ҳазору 640 сомонӣ ҷарима таъйин гардидааст.





