Тавре дар Қонуни Ҷумҳурии ТоҷикистонДар бораи мубориза бар зидди коррупсиятаъкид шуддааст, ки коррупсия - кирдоре, шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифодааз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад.

Муҳаққиқони коррупсия бар он ақидаанд, ки ягон мамлакат, ҳатто давлатҳои дорои таърихи бойи идоракунии ба меъёрҳои демократӣ асосёфта аз коррупсия озод нест. Аммо зуҳуроти он дар ҳар давлат гуногун буда, дар давлатҳое, ки дар давраи гузариш аз як низоми идоракунии давлатӣ ва иқтисодӣ ба дигар низом қарор доранд, зоҳиршавии коррупсия хавфи ҷиддиеро ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ, рушди он ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба вуҷуд меорад. Тибқи маълумоти Созмони Миллали Муттаҳид ва Фонди байналмиллалии асъор иқтисодиёти ҷаҳони имрӯза ба туфайли мавҷудияти коррупсия ҳамасола 1,5-2,6 триллион доллар зарар дида истодааст. Гарчанде, ки барои раҳоӣ аз ин падидаи номатлуб аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои назаррас амалӣ гашта бошад ҳам он инсониятро ба доми худ кашида истодааст.

Решаҳои таърихии коррупсия аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Тахмин меравад, ки он ҳануз аз давраи қабилавӣ пайдо шуда, шахсони алоҳида ба мақсади ба даст овардани мавқеи хоса дар қабила ба сардори он тӯҳфаҳои гуногун пешниҳод менамуданд. Чунин муносибат дар он давра ҳамчун амалҳои маъмулӣ қабул мегардид. Аммо, пайдоиши нахустин давлатҳо, мураккабшавӣ ва мутамарказонида шудани сохтори давлатӣ нишон дод, ки коррупсия ба рушди бемайлони давлату ҷомеа таъсири манфии худро мерасонад.

Нахустин давлате, ки бар муқобили коррупсия мубориза бурдааст ва дар қонунҳои он ба таври мушаххас инъикос гаштааст, давлати Шумер ба ҳисоб меравад. Инчунин аз маълумотҳои сарчашмаҳои таърихӣ маълум мегардад, ки зуҳуроти коррупсия дар ҷомеа давлатҳои қадимаро низ ташвиш меандохтааст.

Дар таълимоти динҳои пешбари дунё низ ришвахурӣ чун падидаи номатлуб маҳкум мегардад. Масалан, дар Инҷил чунин омадааст, ки: “Тӯҳфа нагир, зеро он нобиноро бино карда, ҳақиқатро дигаргун месозад”. Дар Куръони Карим: “Мулки дигаронро бо роҳи ноҳақ нагиред ва барои ба даст даровардани мулке, ки ба каси дигар тааллуқ дорад аз мулки худ ба ҳокимон ришва надиҳедгуфта шудааст.

Аз нимаи дуюми асри XVIII ҷомеа ба сифати кори сохтори идоракунии давлатӣ таъсири бештари худро мерасонид, ки он боиси қабули як қатор қонун ва ҳуҷҷатҳои муҳимми давлатӣ заминаҳои асосӣ гузошт. Аз ҷумла, тибқи муқаррароти Конститутсияи ИМА, ки соли 1787 қабул шудааст, яке аз ду ҷинояте, ки президент ба импечмент кашида мешавад, ин ришвахурӣ мебошад.

Мувофиқи таҳқиқотҳои мутахассисон омилҳои зерин боиси зуҳуроти амалҳои коррупсионӣ мегардад:

Қонунҳое, ки ду маъноро ифода менамояд;

Паст будани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон;

Вазъи ноороми сиёсии мамлакат;

Вайроншавии тамоюли ягонагии ҳокимияти иҷроия.

Дар мамлакатҳои ҷаҳон чунин роҳҳои муқовимат бо коррупсия мавҷуд аст:

Назорати дохилӣ – роҳи мазкур бунёди сохторҳои назоратиро дар сохтори идоракуниро тақозо менамояд. Вазифаи асосии он пеш аз ҳама назорати риояи қоидаҳои этикети дохилӣ аз ҷониби кормандон.

Назорати беруна - усули мазкур таъмини мустақилияти сохторҳои аз аппарати иҷроия мустақил ба ҳисоб рафта, яке аз воситаҳои пурсамари мубориза бо коррупсия мебошад. Таъмини дараҷаи максималии мустақилияти судҳо ва ВАО.

Мубориза бо роҳи интихобот - яке аз роҳҳои асосии ҷазо барои порахурӣ ба вакилон, ин овоз надодан ба ӯ дар интихоботҳои минбаъда. Гузоштани таъсир ба коррупсия бо воситаи интихобот воситаи самарабахш ба ҳисоб меравад.

Швеция, Сингапур, Гонконг, Португалия давлатҳое мебашанд, ки дар мубориза бар муқобили коррупсия ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд. Ин кишварҳо бо бартараф намудани омилҳои коррупсия ба чунин дастовард расиданд.

Давлаи Сингапур дар давраи эълониистиқлоли миллӣ соли 1965 дар қатори давлатҳои дараҷаи коррупсия хеле баланд қарор дошт. Тадбирҳое, ки дар мамлакат барои мубориза бо коррупсия амалӣ гардид, боиси паст гаштани ин падидаи номатлуб гардид. Пеш аз ҳама дар кишвари мазкур ҷараёнҳои бюрократӣ сабук гашта, мустақилияти судҳо таъмин гардид. Инчунин ҷазо барои ҷиноятҳои коррупсионӣ пурзӯр гашта, ба шаҳрвандоне, ки аз ҳамкорӣ дар фош сохтани амалҳои коррупсионӣ саркашӣ менамуданд санксияҳои калони молиявӣ ҷорӣ гардид. Дар як қатор ташкилотҳои далатии осебпазир “поккорӣ”-и оммавӣ доир гашта, тариқи телевизион намоиш дода шуд. Дар натиҷаи ин ва дигар чораҷӯиҳо Сингапур ба яке аз давлати пешрафта табдил ёфт.

Таҷрибаҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар мубориза бар муқобили коррупсия пурзӯр намудани ҷазо роҳи ҳалли мауаммо нест. Барои расидан ба натиҷаҳои назаррас пеш аз ҳама баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон ба воситаи корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, пурзӯр намудани фаъолияти институтҳои шаҳрвандӣ зарур мебошад.

Абдукаримов Ҷамолиддин,

дотсенти таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқ