Имрўзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои гуногунмазмуни байналмилалӣ минтақаи Осиёи Марказӣ нақши басо муҳим дошта, арсаи муборизаи шадиди дохилӣ ва байналхалқӣ гардидааст, ки манфиатҳои кишварҳои гирду атроф ва ҳамсояҳои наздикро фаро мегирад. Воқеъият чунин аст, ки экстремизм, ифротгароӣ ва сўиқасду кушторҳои беҳуда дар ҳамаи мамлакатҳои хурду бузург ба назар мерасанд.
Имрӯз зиёда аз 60 фоизи аҳолии Осиёи Марказиро ҷавонони то синни 25 сола ташкил медиҳанд, аз ин рў, вазифаи мо, омўзгорон огоҳ намудани онҳост, ки то ба ҳизбҳои бегонаи сиёсӣ нараванд ва ба халқу Ватани худ содиқона хизмат намоянд.
Маориф, ки дорои иқтидори бузург аст ва барои беҳтар намудани сатҳи ҳаёти моддию маънавии аҳолӣ, мубориза бар зидди камбизоатӣ ва дигар шаклҳои бетаҳаммулӣ, васоити танзими муколамаи ҷамъиятӣ, муносибатҳои созанда дар байни унсурҳои сохтори иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа, таъмини сулҳу амният кўшиш ба харҷ медиҳад. Бинобар ин рушди минбаъдаи иқтидори эҷодӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, роҳнамоии онҳо барои таъмини сулҳи пойдор ва амният дар ҷомеа вазифаи фаврии системаи маорифи Тоҷикистон аст.
Яке аз самтҳои афзалиятноки мубориза бар зидди зуҳуроти экстремистӣ ҳифзи ҷавонон аз ғояҳои зараровари ифротгароии динӣ аст. Омўзгорон бояд дар арсаи мубориза бо унсурҳои бегона баҳри ояндаи Ватан ба ақлу дили ҷавонон таъсир гузоранд ва пирӯз гарданд. Ин созмонҳои динии ғайриқонунӣ асосан пинҳонӣ фаъолият мебаранд.
Тарафдорони онҳо бархе аз ҷавонони аз 17 то 35-сола буда, дар пешбурди назари куллии худ дар байни аҳолии Тоҷикистон махсусан ҷавонон фаъол мебошанд. Мақсади асосии онҳо эҷоди мухолифат дар ҷомеа ва аз байн бурдани ягонагии мусалмонон аст. Созмонҳои мазкур аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мешаванд, онҳо байни ҷавонон аудио ва фитаҳои видео, варақаҳои экстремистӣ ва адабиёти динӣ паҳн менамоянд.
Ҳоло Тоҷикистон нақша дорад, ки аз ҳисоби донишҷўёни пешқадам таъсиси дастаҳои пешсафонро ташкил диҳад, то ки бар зидди паҳншавии ғояҳои экстремизми ҷавонон фаъолият барад. Бояд таъкид кард, ки мубориза бар зидди ифротгароӣ ва сўиқасдҳои ҷоҳпарастона кори гурўҳҳои муайян набуда, балки вазифаи тамоми ҷамъият мебошад.
Матлуба СОБИРОВА,
омӯзгори МТМУ №14,
шаҳри Хуҷанд




