Ба мардуми шарифи кишвари мо неъмати бебаҳои соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ насиб гардид, равзанаи саодатмандӣ, бахту иқбол боз шуд. Вале, ин рӯзҳои пурсаодат дер давом накард. Ба дӯши мардуми шарифи кишвари мо ҷанги таҳмилиро бор карданд. Дар мамлакат бесарусомониҳо сурат гирифт. Он рӯзҳои аввали солҳои навадум зиндагӣ чигуна талх буд, вазнин буд, мо, насли калонсоли кишвар хеле хуб медонем, заҳру талхии он рӯзгорро чашидаем. Ба тақдири фардои худ умеду боварӣ надоштем. Ҳар лаҳзаи умрамонро бо хавотирӣ мегузаронидем. Марҳалае буд, ки ба гирду атроф нигарӣ, ҳама вазъ касро ба ноумедӣ мебурд. - Заминҳои киштношудаи ғаллазор, гандумзор, дигар зироатҳо, мағозаҳои холӣ, нигоҳҳои маҳзуну ҳузнангези мардум, чашмони пурашки тифлон.
Бо умеди он, ки тавассути симо ягон муждаи нек мегӯянд, шабона чашм ба телевизор медӯхтам. Он рӯихат, ки аз телевизор намоиш дода мешуд, дар коғази сиёҳу бо ҳарфҳои сафед навишташудаву беохир гузаронида мешуд, рӯихати онҳое буд, ки гурезагони иҷборӣ шудаанд ва ё фирор кардаанду пайвандонашон онҳоро меҷӯянд. Диламро он лаҳзаҳо хавфи беҳудуд пахш мекард. Бачаҳоямро ба оғӯшам пахш карда, хомӯш ашк мерехтам. Дар андешаам он фикр чарх мезад, ки оё ин ҷигарбандони ман ба воя мерасанд, оё айёми тифлии беғаш мебинанд...
Дар идораи рӯзномаамон бошад, аз сабаби шароити муташанниҷи кишвар, набудани коғаз ба муддати нуҳ моҳ рӯзнома интишор нагардид. Ба нону ғизо мардум танқисӣ мекашиданд. Барои кормандони корхонаву ташкилот ҳар рӯз баъди соати дуи рӯз дар фурӯшгоҳҳо нон оварда, тақсим мекарданд. Мо, кормандони рӯзнома баъди соати ду ба назди гастрономи №60, воқеъ дар паҳлуи Театри ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ рафта, қатори дигарон соатҳо дар навбати дастраскунии нон меистодем. Бисёр вақт нон намерасид ва ё ним бухонка нон гирифта, ба хонаҳоямон мерафтем. Як шаб, бевақтӣ, дари ҳавлиамон оҳиста-оҳиста тиқ-тиқ шуд. Бароям, ҳамсояамон, модари ҳамсинфи писарам як бухонка нон дар дасташ, - инро гиред, ҳамсоя, фарзандони шумо писар... -гуфту нонро ба дастам дода, шитобон рафт. Баъди ин ҳар шаб ва ё рӯздармиён як ва ё ду бухонкагӣ нон меовард, зеро шавҳараш бо мошинааш нон мекашонид ва шояд аз ду-се нони овардааш ҳиссаеро ба оилаи мо медод. Аз амали савоби ин зан якумр миннатпазирам. Чунки бачагонам туфайли рафиқи ҳамсабақ будан гуруснагиро қариб, ки эҳсос накарданд.
Дар идораи рӯзнома сармуҳаррир Файзуллохоҷа Атохоҷаев, ки аз аввали солҳои ҳафтодум тақдирашон бо рӯзнома пайваст шудаву таърихи таъсисёбии рӯзнома, яъне солномаи кишварамонро ба хубӣ медонистанд, гӯё эҳсос мекарданд, ки ин рӯзгори вазнини ба сари халқи мо омада имтиҳони зиндагист ва, албатта, даргузар аст. Эҳсос мекарданд, ки ақли солим, ногузир, ғолиб хоҳад омад. Зеро дар саргаҳи ташкилёбии рӯзномаи мо дар давраҳои душвортарини гузариш аз як сохти давлатдорӣ ба сохти дигар шахсиятҳои бузургвори миллат, аз зумраи Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Fафуров меистоданд ва он рӯзҳо низ ба шарофати хиради азалии шахсиятҳои бузург мушкилиҳо паси сар шуда, мардуми шарифи сарзамини мо ба рӯзҳои нек расида буданд. Ва бо ҳамин умедворӣ ба ояндаи нек сармуҳаррир ҳайати ҷомеаи меҳнатиро ба солимандешӣ фардои равшанро дидан талқин мекарданд. Моҳи ноябри соли 1992-юм баргузор гардидани Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон барои аҳли кормандони рӯзномаи мо як навъ санҷиши ҷиддие гардид. Имтиҳони санҷиши иҷрои рисолати муқаддаси журналистӣ. Ҳар як узви идораи рӯзнома, ҳам мухбирони парлумонӣ, ҳам тамоми ҳайати эҷодӣ фикру андешаҳои солиму созандаи дар ҷараёни мубоҳисаҳо дар Иҷлосия бамиёномадаро ба таври фаврӣ дар саҳифаҳои нашрия инъикос мекарданд. Ва ин инъикоси фаврият ва андешаҳои солими вакилон дар қалби ҳар як сокини қаламрави вилоятамон ва тамоми ҷумҳурӣ шӯълаи уммед ба фардои рӯшанро фурӯзон месохт. Ва он шӯъла дар дили мардумони мамлакатамон ба машъале табдил ёфт ҳамон лаҳзае, ки ба бахту иқболи баланди халқи шарафманду азияткашидаи тоҷик ҷавонмарди бебоку ҷасур Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Қадами мубораки сулҳ дар Тоҷикистони азизи мо аз ин бинои зебову пурҳашам - Қасри Арбоб гузошта шуд. Ин Кохи муборак ба дунё сиёсатмадори асрро дод. Иҷлосияи таърихии ХVI хотимаи торикиҳо ва оғози рӯшаноиҳо дар Ватани азизу муқаддаси мо гардид. Маҳз дар Қасри Арбоб бунёди давлати соҳибистиқлол гузошта шуд. Ҳам вакилони Иҷлосия, ҳам мардуми азиятдидаи тоҷик он рӯзҳо дарк намуданд, ки ин тақдирҷунбони нави миллати мо як нафар вакили мардумии оддӣ нест. Ин ҷавонмард аз дақиқаҳои аввали сухангӯӣ ҳуқуқшинос, қонундон, нуктасанҷ будани худро собит сохтанд. Аз ботини ин шахсият зоҳирашонро чароғе мунаввар месохт - чароғи тафаккули солим, ҷавҳари хирадсолорӣ, донишмандӣ, маърифату фарҳанги воло, асолати худогоҳиву ҳувияти миллӣ.
Аз ҳама нуқтаи калидии Иҷлосияи ХVI баҳри мо, аҳли ҷомеаи эҷодии рӯзнома он буд, ки агар 2-юми декабри соли 1992 Иҷлосия ба охир расида бошад, санаи 4-уми декабр дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раиси навинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон бо намояндагони нашрия мулоқот барпо намуданд. Ин вазъияте набуд, ки мухбирони рӯзномаи вилоятӣ бо Раиси Шӯрои Олӣ муҳовара ва ё мусоҳиба оростан хостанд. Ин мулоқоте буд, ки Раиси Шӯрои Олӣ худ журналистони нашрияро ба сӯҳбати хеш даъват намуданд. Ва дар мулоқот гуфтанд: - Ман ба нерӯ ва қудрати қалами Шумо эътимоди қавӣ дорам. Яъне, ин рамзу нишонаи он буд, ки Раиси Шӯрои Олӣ ҳамчун як нафар вакили Иҷлосия нақши рӯзномаи вилоятӣ, тарзи пешниҳоди мавод дар нашрия ва таъсири иттилоърасонии ононро эҳсос намуданд ва хулосаву андешаи худро иброз доштанд...
Худи ҳамин мулоқот доир кардани Раиси Шӯрои Олӣ бо журналистони нашрияи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” (имрӯз “Ҳақиқати Суғд”) ин бори дигар таъкид намудани нерӯи созандаи сухан дар тафаккури инсонҳо ва нақши хомаи суханвар дар ташаккули афкори солими ҷомеа буд Ин эҳтимоми Сарвари навинтихоби давлат, он вақт ҷавонмарди чиҳилсола, эътирофи нақши қалами рӯзноманигорони нашрияи вилоятӣ баҳри ҳар як нафар корманди рӯзнома ифтихор ва шарафи бузург буд. Ва, дар як вақт ба дӯши ҳар корманд эҳсоси масъулияти дучандро мегузошт, ки дар иҷрои рисолати муқаддаси хеш - ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои мардуми сарзаминамон собитқадам бошанд, хомаашон ҳамеша созанда бошад ва сеҳри суханашон дар умқи қалбҳо макон ёбад...
Шукри тақдир менамоем, ки он рӯзҳои вазнин паси сар гардиданд. Рӯзҳои нек фаро расиданд. Ва ин рӯзгори орому осоишта ҳар яки мо, соҳибони ин Ватанро баҳри он водор менамояд, ки ба қадру манзалати ин Иҷлосияи сарнавиштсози миллат расему волотар арҷгузорӣ намоем.
Президенти мамлакатамон бо амалҳои хеш таҷассуми хирад, ирода ва ифодагари манфиатҳои тамоми мардуми Тоҷикистон будани худро собит сохтанд. Сиёсатеро дар ҳаёт татбиқ намуданд, ки ба таври боэътимод дарак дод - мардуми Тоҷикистон танҳо таҳти сарварии ин фарди донову соҳибхирад метавонад бо роҳи пойдор намудани давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пеш рафта, ба муваффақиятҳо соҳиб шавад ва дар байни дигар кишварҳои мутараққӣ мавқеи шоистаро ишғол намояд. Дар ҳақиқат ҳам Пешвои муаззами миллат мамлакатамонро аз варта раҳо намуданд, сулҳу озодӣ, худшиносии ватандӯстонаи мардуми кишвари моро таъмин карданд, ба сокинони ин сарзамини кӯҳанбунёду мутамаддин рӯ ба ҷаҳондорӣ оварданро омӯзониданд. Ҳамаи ин дар он зоҳир мегардад, ки нахуст тибқи фармони хеш дар мамлакатамон кишти зироатҳои ғалладонаро афзун карданд, то ки дастархони мардум бо нон фаровон бошад. Барои ин таҷдиди сохтори кишоварзиро роҳандозӣ намуда, давра ба давра, дар маҷмуъ 75 ҳазор гектар заминро ба сокинони кишвар тақсим карданд. Баҳри таъминоти рӯзгорашон ба муаллимону табибон қитъаҳои замини президентӣ ҷудо карда доданд, ки дар он ин табақаҳои ҷомеа зироатҳо кишт намуда, нозу неъмати дастархонашонро фаровон карданд.
Бо эҳтимоми Президенти мамлакат баҳри рӯ ба рушду инкишоф овардани кишварамон Барномаи амалигардонии се ҳадафи стратегӣ пешбинӣ шуд, ки инҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамон, таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ мебошанд. Ва дарозои солҳои соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо километр роҳҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, роҳҳои оҳан кушода ва ободу зебо карда шуданд, ки имрӯз пайвандгари Тоҷикистони азизи мо бо даҳҳо кишварҳои хориҷа мебошанд ва тавассути онҳо ҳамкориҳои шарикии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии густурда бомуваффақият ба роҳ монда шудаанд. Дар соҳаи таъмини амнияти энергетикӣ бошад, имрӯз даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузург дар шаҳру навоҳӣ, деҳоти дурдасттарини сарзамини азизамон фаъолият карда, манзилҳо, роҳҳоро нурборон мекунад, истеҳсоли маҳсулотро дар ҳазорон коргоҳҳо таъмин менамояд. Бо бакорандозии иқтидорҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бошад, ин ҳадафи стратегии кишвар пурра ҳалли худро хоҳад ёфт. Имрӯз, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни фархундаи мамлакатамон Роғун бо иқтидору шукӯҳи худ намунаи олии қудрати инсон, нерӯмандии миллати тоҷик мебошад. Дар ҳамин маврид гуфтаниям, ки ҳини баҷо овардани маносики ҳаҷ, соли 2012-ум дар шаҳри Маккаи давлати Арабистони Саудӣ мавзеи дур аз шаҳр қарордоштаи Ҷамаротро, ки он ҷо инсон кӯҳҳои сар бафалаккашидаро шикофта, аз қабат-қабати сангҳои кӯҳ роҳ кушода, сангистони табиатро баҳри худ ром намудаанд, дида, ба қудрату нерӯи Инсон эътимод оварда будам. Акнун, имрӯзҳо, қариб ҳар шабе вақте аз рафти ҷараёни бунёдкориҳо дар Нерӯгоҳи Роғун гузориш медиҳанд, ба нерӯву эъҷози дасти Инсон, - мардони ҳимматбаланду қавибозуву матиниродаи тоҷик қоил мемонаму ифтихор аз халқу мардуми тавонои хеш менамоям, ки бо меҳнати ҳалол рӯсурху сарбаланд, машҳури ҷаҳон аст...
Бо эҳтимоми Пешвои муаззами миллат ба роҳ монда шудани амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръати кишвар ва ба ин васила ба фаъолият оғоз кардани садҳо коргоҳҳои саноатӣ давоми солҳои охир имконият фароҳам оварда истодааст, ки Тоҷикистони азизи мо аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати индустриалӣ-аграрӣ табдил дода шавад. Барҳақ, аллакай дар давоми понздаҳ-бист соли соҳибистиқлолӣ мардуми меҳнатқарину пурҳунари мамлакати мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар бисёр самтҳо ба пешравиҳои калон ноил гардид. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ фаровон гардонида шуда, рӯзгори мардум бо маҳсулоти ғизоӣ, гандум, меваву сабзавот бой гардид. Масоҳати боuоти меваҳои шаҳдбор, боғҳои интенсивӣ сол ба сол афзун мегарданд, майдонҳои кишти картошка бошад, имрӯз назар ба даҳ-понздаҳ сол пештар даҳҳо маротиба зиёд шуда, имрӯз навъу намудҳои наву серҳосили маҳаллии ин сабзавот кишт ва бозорҳои кишварамон аз он фаровон гардида истодааст.
Пешвои муаззами миллат ба тақвият бахшидан ва рушд додани ҳунарҳои мардумӣ роҳи васеъ кушоданду давоми сивупанҷ соли соҳибистиқлолӣ мо, сокинони ин кишвари кӯҳанбунёд шоҳиди он гардидем, ки мардуми шарафманди тоҷик дар умқи тинати хеш чи қадар сирру асрори ҳунарҳои қадимиву нодири миллиро ҳифз медоштаанд. Имрӯз ҳунарҳои миллии тоҷикӣ дар саросари ҷаҳон маъруфу машҳур гаштаасту онҳоро мардуми олам эътироф мекунанд ва ҳунарҳои миллиамонро шиносномаву зевари хосаи ин миллати қадимӣ медонанд.
Ин фарди нотакрори таърихӣ давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо як олами дигареро барпо сохтанд, олами зебо, дилҷӯ. Аҷаб як мамлакате, ки аз пештарааш ба куллӣ фарқкунанда.
Бо эҳтимому ибтикороту ташаббусҳои хеш, ки ба манфиати тамоми мардуми ҷаҳон нигаронида шудаанд, Пешвои муаззами миллати мо обрӯву эътибори ҷаҳонӣ касб карданд, аз чеҳраҳои намоёни сиёсатмадорони олам шинохта шуданд. Аз беҳтарин иқдомҳои Пешвои муаззами миллат баҳри пешрафти зиндагии сокинони сайёраи Замин ин пешниҳодҳои глобалӣ баҳри пешгирии вайроншавии иқлим дар рӯи замин, эҳтиёти сарчашмаҳои об, ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллатамон ба хотири таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои минтақаи Осиё, ки бештар аз 4,5 миллиард сокинони сайёраро ба ҳам меорад, дар пойтахти мамлакатамон-шаҳри Душанбе ҳамоиш таҳти унвони “Осиё-хонаи умеди ҳамаи мо” доир карда шуд, ки дар он зиёда аз панҷсад нафар намоянда аз мамолики Осиё ширкат намуданд. Ҷараёни ин ҳамоиш, андешаҳои меҳмонон аз бисёр мамлакатҳои минтақа дар бобати аҳамияти баргузории ин чорабинӣ дар рӯзномаи мо ба таври густурда инъикос шуд. Маҳз бо эҳтимоми Пешвои муаззами миллат баҳри андешидани тадбирҳои муайяну мушаххас ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои обу экология дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҳамоиши Наҷоти Арал баргузор ва Эъломияи Душанбе қабул гардид.
Имрӯз ҳамчун як нафар шаҳрванди ин сарзамини бостонӣ аз он ифтихормандам, ки аз минбарҳои бонуфузи созмону ташкилоти ҷаҳонӣ дар назди мардуми олам Пешвои миллати мо бо забони нобу шевои тоҷикӣ, бо забони Малики шоирон Абӯабдулло Рӯдакӣ сухан мекунанд ва забони ширину шаҳдрези тоҷикӣ дар ҷаҳон танин меандозад.
Ба Модар, дуои модар, ба эъзоздории хоҳару бародар арҷ мегузоранд Пешвои миллати мо. Ин анъанаҳо- қабл аз ба коре шуруъ кардан гирифтани дуои Модар, пас аз модар эҳтиром гузоштан ба хоҳару бародар аз хислатҳоест, ки дар ҷавҳари сиришти миллати тоҷик аз азал, аз қадим ҷо аст. Ва имрӯз мо, сокинони ин сарзамини куҳанбунёду покҷавҳарро ба чунин амал талқин менамоянд Пешвои миллат, то ба бузургии Модар арҷ гузорем.
Гузашти солҳо собит намуд, ки хиради азалӣ ва ҷавҳари фитрӣ, албатта, мақоми фардии инсонро боло мебардорад. Пешвои муаззами мо худро бо накӯкорӣ, бо ҷавонмардӣ, ҷавҳари фитрӣ оростаанд, бо бахшишу авф, бо ободкорӣ, бо созандагӣ оростаанд. Бо муҳаббати қиёснопазир ба сарзамини хеш, ба мардуми шарифи он оростаанд. Мегӯянд, он, ки муҳаббаташ, садоқаташ самимӣ, беғубору покиза аст, ҳастии хешро, будани хешро ба олами гулҳо мубаддал месозад. Пешвои муаззами миллат лаҳзаҳои душвортарин, мушкилтарини ба сари мамлакатамон омада роҳбарӣ ба ин сарзамини муқаддаси аҷдодиро ҷасурона ба дӯш гирифтанд. Ба ин сарзамини кӯҳанбунёди аҷдодӣ, ба мардуми сарбаландаш, ба арзишҳои волои фарҳангу тамаддунаш, ба анъанаву суннату оинҳояш, ки муҳаббати беқиёс доштанд, нерӯву қудрату тавоне ёфтанд, то мардуми шарифи ин Ватанро дар гирдашон сарҷамъ оранд, ба сӯи бунёдкориҳо, ободкориҳо раҳнамун созанд. Ва давлате, кишвареро барпо намуданд, ки имрӯз гулоғӯш, гулпӯш, шукуфон, ороставу зебо, як гӯшаи боғи биҳишт аст. Имрӯз онҳое, ки бист, сӣ сол қабл аз ин сарзамин ба кишварҳои дигар кӯч баста буданд, ёд аз ин сарзамини биҳиштӣ мекунанд, бо Ватани хеш ифтихор менамоянд, мехоҳанд, баҳри шукуфоии зодбуми хеш ҳиссае гузоранд.
Рафоат МӮЪМИНОВА,
дорандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии
Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ,
“Ҳақиқати Суғд”





