Ҳар сол дар кишвар санаи 9-уми сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Истиқлолият яке аз идҳои асосии расмии давлати тозаҷавони мо аст.

Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар паҳн гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон ва ҷаҳонро ба Тоҷикистони тозаистиқлол пайванди ногусастанӣ бахшид. Истиқлол Тоҷикистон ва миллати азалии тамаддунофару фарҳангсолори тоҷиконро сарбаланди олам сохт. Маҳз Ватани азизамон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти иродаи сиёсӣ, тафаккури андешаи миллӣ ва шуҷоату матонати давлатдории Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қайду банди рӯзҳои сангини таърихи муосир раҳо гашт, рушд кард ва ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуда, пояи давлатдориро мустаҳкамтар намуда, ба ҷаҳониён миллати таърихӣ будани тоҷиконро нишон дод.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон бо таъриху фарҳанг, илму адаб ва меҳмоннавозиву инсондӯстӣ дар ҷаҳон шӯҳрат дорад. Кишвар бо минтақаву мавзеъ ва шаҳрҳои ободу зебо ва дилрабо ҳазорон сайёҳу гардишгаронро доимо пазироӣ мекунад.

Истиқлолият барои ҳар як миллат арзиши бузург ва муқаддас ба шумор меравад. Барои мардуми Тоҷикистон ба даст овардани истиқлолият яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихӣ буда, оғози марҳилаи нави рушди давлатдорӣ гардид. Бо гузашти 35 сол аз рӯзи эълони истиқлолият метавон бо ифтихор дастовардҳо ва пешрафтҳои кишварро таҳлил намуд.

Ин рӯйдод ба халқи тоҷик имконият дод, ки роҳи мустақили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро интихоб намояд. Дар тӯли 35 соли истиқлолият Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, рушди инфрасохтор, сохтмони роҳҳо, нерӯгоҳҳои барқӣ, мактабҳо ва беморхонаҳо ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуд. Ҳамчунин, соҳаҳои маориф ва илм рушд ёфта, имкониятҳои таҳсил барои ҷавонон бештар гардиданд.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдат ҳамчун омили асосии суботи сиёсӣ ва пешрафти иқтисодӣ хизмат мекунад. Мардуми Тоҷикистон бо ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносӣ барои ободии Ватан саҳм мегузоранд. Дар баробари дастовардҳо ҳанӯз ҳам масъалаҳо ва вазифаҳои ҳалталаб вуҷуд доранд. Аз ҷумла, рушди устувори иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими давлат ба ҳисоб мераванд.

35-солагии Истиқлолият барои Тоҷикистон марҳилаи муҳими таърихӣ мебошад. Тоҷикистони азизамон симои гулгулшукуфоии наверо дорад, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини мамлакат гардидааст.

Тоҷикистон кишвари орзуву умедам, сарзамини дилситонам, бе туву бе ёди ту нахоҳем зист, зеро ту бароям баҳори сабзу хуррамӣ, бароям гармии дилӣ, бароям нури чашму қувватӣ, ниҳоят азизу мушфиқу меҳрубон ва ягонаӣ. Шукр мекунем, ки дар сулҳу ваҳдат осудаҳолона зиндагӣ дорем.

Ин ҷашн натанҳо рамзи озодӣ ва мустақилият, балки нишонаи пешрафт ва умед ба ояндаи дурахшон аст. Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо мебошад.

 Барно АБДУҒАФФОРОВА,

«Ҳақиқати Суғд»