Дар сиёсати давлатдории навини Тоҷикистон масъалаи шунидани дарди мардум ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бо ташаббусу роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар низоми қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо ба як анъанаи устувори идоракунии давлатӣ табдил ёфтааст. Маҳз ҳамин сиёсати инсонмеҳвар боис гардидааст, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳама зинаҳо вазифадор бошанд муроҷиатҳои мардумро сари вақт, холисона ва дар доираи қонун баррасӣ намоянд.
Дар ин замина, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» низ тартиби дақиқи қабул, баррасӣ ва посух ба муроҷиатҳои шаҳрвандонро муайян кардааст. Ҳадафи асосии чунин санадҳо баланд бардоштани масъулияти мансабдорон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии мардум мебошад. Зеро эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ маҳз аз ҳамин раванд – шунидани дард, ҳалли масъала ва барқарор кардани адолат сарчашма мегирад.
Аммо дар амал баъзан ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки ин талаботи қонун ва ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар дар баъзе сохторҳо пурра риоя намешаванд. Маҳз чунин ҳолатҳо метавонанд ба коста гардидани эътимоди мардум нисбат ба баъзе мансабдорон сабаб гарданд.
Қабули шаҳрвандон ва умеди мардум
Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва дар асоси қонунгузории амалкунанда қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллӣ мунтазам баргузор мегардад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси тозаинтихоби ноҳия Нӯъмонҷон Темурзода баргузор гардида, сокинон бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба роҳбарияти ноҳия муроҷиат карданд.
Дар рӯзи қабул, наздик ба бист нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят масъалаҳои муҳимми иҷтимоии худро ба миён гузоштанд. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмин шудан бо хонаҳои истиқоматӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди манзил, дастрасӣ ба маҳсулоти сохтмонӣ, табобат ва гузаронидани ҷарроҳӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ баррасӣ шуданд.
Раиси ноҳия ҳар як муроҷиатро мавриди омӯзиш қарор дода, ба масъулини соҳа супориш дод, ки масъалаҳои шаҳрвандон дар доираи қонун ва муҳлатҳои муқарраргардида баррасӣ ва ҳаллу фасл карда шаванд. Ин иқдом, албатта, дар дили муроҷиаткунандагон умеди тоза ба вуҷуд овард. Зеро шаҳрвандон ҳамеша бовар доранд, ки агар масъалаи онҳо ба гӯши роҳбарон расад, он ҳатман роҳи ҳалли худро пайдо мекунад.
Мисоле аз як муроҷиат
Дар ҳамин рӯзи қабул сокини ҷамоати деҳоти Исмоили ин ноҳия Анвар Шамсиев бо масъалаи замини наздиҳавлигӣ ба роҳбарияти ноҳия муроҷиат намуд. Тибқи гуфтаи муроҷиаткунанда, замине, ки солҳои зиёд ҳамчун боғ истифода мешуд ва барои ободонии маҳал аҳамияти муҳим дошт, гӯё барои васеъ кардани роҳи автомобилгард пешбинӣ гардидааст.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи сокинон, дар ин қитъаи замин аз ҷониби як соҳибкори маҳаллӣ сохтмони нуқтаи хизматрасонӣ оғоз гардидааст. Ин ҳолат дар байни сокинони маҳал саволҳои зиёдеро ба миён овард: оё сохтмон дар доираи қонун сурат мегирад? Оё барои он иҷозатномаи расмӣ вуҷуд дорад? Ва муҳимтар аз ҳама, чаро пеш аз оғози чунин сохтмон сокинони маҳал огоҳ карда нашудаанд?
Дар рафти қабул раиси ноҳия ба масъулини кумитаи идораи замин ва сохторҳои меъморӣ супориш дод, ки масъала пурра санҷида шавад ва то муайян гардидани ҳақиқати ҳол сохтмони иншооти мазкур боздошта гардад.
Ин супориш, албатта, нишонаи таваҷҷуҳ ба муроҷиати мардум ва талош барои ҳалли одилонаи масъала ба назар мерасид.
Эътимод – сармояи муҳим
Бояд таъкид кард, ки эътимоди мардум ба ҳокимият яке аз муҳимтарин сармояҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Агар шаҳрвандон эҳсос кунанд, ки муроҷиати онҳо шунида мешавад ва масъалаҳояшон воқеан ҳал мегардад, ин эътимод боз ҳам таҳким меёбад.
Дар ин самт таҷрибаи фаъолияти Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ҳамчун намунаи хуб арзёбӣ мешавад. Ӯ мунтазам дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо шаҳрвандон мулоқот анҷом дода, муроҷиатҳои онҳоро мустақиман мешунавад ва барои ҳалли онҳо супоришҳои мушаххас медиҳад.
Дар бисёр мавридҳо масъалаҳое, ки солҳо ҳал нашуда буданд, маҳз дар чунин мулоқотҳо роҳи ҳалли худро меёбанд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки вақте роҳбарият назорати ҷиддӣ мебарад ва масъулин вазифаи худро содиқона иҷро мекунанд, мушкилоти мардум низ тадриҷан бартараф мешаванд.
Масъулияти мансабдорон
Албатта, фаъолияти мақомоти давлатӣ танҳо бо қабули шаҳрвандон маҳдуд намешавад. Муҳим он аст, ки ҳар як муроҷиат то анҷом пайгирӣ гардад ва натиҷаи мушаххас диҳад.
Мутаассифона, баъзан баъзе масъулон иҷрои супоришҳоро ба таъхир андохта ё ба муроҷиати мардум бо бепарвоӣ муносибат мекунанд. Ин гуна рафтор на танҳо ба обрӯи худи мансабдор, балки ба нуфузи тамоми мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Зеро барои шаҳрванд фарқ надорад, ки кадом масъул супоришро иҷро накард. Барои ӯ муҳим он аст, ки масъалааш ҳал нашуд.
Зарурати назорати ҷиддӣ
Дар чунин ҳолатҳо зарур аст, ки сохторҳои дахлдор масъалаҳоро ҳамаҷониба омӯзанд ва сабабҳои ба таъхир афтодани иҷрои супоришҳоро муайян намоянд. Ҳамчунин бояд механизмҳои назорати иҷрои супоришҳо тақвият дода шаванд.
Танҳо дар ҳамин сурат метавон боварии мардумро ҳифз ва таҳким бахшид.
Зеро сиёсати давлатдории Тоҷикистон, ки аз ҷониби Пешвои миллат пеш бурда мешавад, маҳз ба ҳифзи манфиатҳои мардум ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо равона гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар як мансабдор бояд дарк намояд, ки иҷрои содиқонаи вазифа на танҳо уҳдадории хизматӣ, балки масъулияти шаҳрвандӣ низ мебошад.
Муроҷиати шаҳрвандон бояд на танҳо шунида шавад, балки роҳи ҳалли воқеии худро пайдо кунад. Танҳо дар ин сурат эътимоди мардум ба ҳокимият устувор мемонад.
Ҳар яке аз роҳбарону мансабдорон бояд дар хотир дошта бошад, ки пушти ҳар як муроҷиат сарнавишти инсон, умеди як оила ва боварии як ҷомеа меистад.
Аз ин рӯ, иҷрои дақиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, эҳтиром ба қонун ва муносибати масъулона ба муроҷиати мардум бояд меъёри асосии фаъолияти ҳар як хизматчии давлатӣ бошад. Танҳо бо ҳамин роҳ метавон боварии ҷомеаро ҳифз намуда, рушди устувори кишварро таъмин кард.
Аз идора: Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ҳамчун минбари боэътимоди иттилоотӣ дар равшан намудани раванди татбиқи қонун ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ мухбирони рӯзнома тасмими гирифтанд, ки минбаъд низ зимни сафарҳои кории хеш аз ҷумла, дар рӯзҳои қабули раисону роҳбарони дигар сохторҳову мақомоти мухталифи шаҳру навоҳии вилоят иштирок карда, аз ҷараёни баргузории он гузоришу мақолаҳо омода намоянд.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




