Дар муносибатҳои байни давлатҳои ҳамсоя ва дӯсти Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон соле қабл саҳифаи наве боз гардида буд, зеро соли 2025 Эъломияи Хуҷанд ба имзо расид. Эъломияи Хуҷанд як санади муҳими таърихист, ки дар таърихи муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳифаи наверо боз намуд. Дар асл, ин истилоҳ бештар ба силсилаи мувофиқаҳо ва рӯҳияи нави ҳамкориҳо ишора мекунад, ки заминаи он дар шаҳри Хуҷанд, ҳангоми мулоқотҳои сатҳи олии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон гузошта шудааст. Ҳадафи асосӣ табдил додани марз ба пули дӯстӣ аст.
Эъломия ва мувофиқаҳои дар Хуҷанд бадастомада пеш аз ҳама ба ҳалли масъалаҳои ҳассоси сарҳадӣ ва табдил додани минтақаҳои наздимарзӣ ба минтақаҳои рушди иқтисодӣ нигаронида шудаанд. Ин санад иродаи сиёсии ҳар се давлатро барои зиндагии осоишта дар фазои ҳусни ҳамсоягӣ тасдиқ мекунад. Хусусияти беназири ин раванд дар он аст, ки роҳбарони се кишвар маҳз дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он мулоқотҳои ғайрирасмӣ ва расмӣ анҷом дода, масъалаҳои мубрамро бидуни миёнарав баррасӣ карданд.
Дар марҳилаи муосири рушди муносибатҳои байнидавлатӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров робитаҳои мутақобилан судманд босуръат инкишоф меёбанд. Мулоқотҳои пайваста ва боздидҳои мутақобилаи ҳайатҳо имкон доданд, ки барои ҳамкории самарабахши доираҳои тиҷоратӣ ва фарҳангии минтақаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Зимни мулоқоти дуҷониба сарони давлатҳо як қатор рӯйдодҳои таърихиро таъкид намуданд. Аз ҷумла, имзои Протокол дар бораи табодули варақаҳои тасвиби Шартнома дар бораи Сарҳади давлатӣ ва ба кор андохтани хатти интиқоли барқи 500 киловолтаи Датка-Хуҷанд дар чаҳорчӯби тарҳи CASA-1000 ҳамчун дастовардҳои бузург зикр шуданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани Шартнома дар бораи пайванди марзҳои давлатии се давлатро воқеаи хеле муҳим арзёбӣ карданд.
Дар партави сиёсати Сарони давлатҳо мулоқоти муҳими Раиси вилояти Суғд ва роҳбарияти вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон нақшаи ҳамкорӣ байни ду вилояти ҳамсоя барои соли 2025 ба имзо расид, ки қадами ҷиддӣ дар роҳи таҳкими робитаҳо мебошад.
Ҳамзамон, дар мулоқоти сеҷониба бо иштироки роҳбарони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд. Ҷонибҳо дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва баргузории ҳамоишҳои тиҷоратӣ ва ташкили корхонаҳои нави истеҳсолиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин табодули таҷриба миёни кишоварзон ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва баргузории озмунҳои фарҳангӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок арзёбӣ ардиданд.
Давоми соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бо минтақаҳои Қирғизистон ба 34,3 миллион доллар баробар шуд. Аз ин маблағ 27,6 миллион доллар ба воридот ва 6,7 миллион доллар ба содироти маҳсулот рост меояд, ки ин нишондиҳандаҳо заминаи хубе барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ мебошанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар партави дастурҳои Пешвои миллат ҷиҳати амалӣ намудани натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тадбирҳои муассир андешиданд.
Давоми соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бо минтақаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба 423,6 миллион доллар баробар шуд. Аз ин ҳисоб ба ҳаҷми 240,6 миллион доллар маҳсулот ворид гардида, ба маблағи 183,1 миллион доллар маҳсулот содирот карда шудааст. Боиси таъкид аст, ки дар Ярмаркаи XI байналмилалии савдои Суғд – 2025, ки моҳи июн дар шаҳри Хуҷанд доир гашт, бо иштироки беш аз 500 меҳмони хориҷӣ ва имзои 76 меморандуми ҳамкорӣ ба як рӯйдоди бузурги минтақавӣ табдил ёфт. Дар ин замина нақшаи ҳамкорӣ байни вилоятҳои Суғд ва Ботканд барои соли 2025 ба имзо расид. Ҳамзамон мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони вилоятҳои Суғд ва Ботканд ва Фарғона баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, аз вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Қирғизистон 757 тонна сихҳо ва профилҳои алюминӣ, 83 тонна автомобилҳои боркаш, 23 тонна автомобилҳои сабукрав, 1909 тонна нӯшокиҳои газнок содирот шудааст. Ҳамзамон, аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба вилояти Суғд 5793 тонна маҳсулоти нафтӣ, 438 тонна сихҳои оҳанин, 118 тонна мошини ҷомашӯӣ, 34 тонна автомобили сабукрав воридот шудааст.
Ҳамчунин, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз вилояти Суғд 11287 тонна қум, 8084 тонна консентратҳои руҳ, 560387 тонна ангишт, 4784 тонна нахи пахта, 174 тонна калобаи пахтагин, 4107 тонна сих ва профилҳои алюминӣ, 294 тонна мебел ва қисмҳои он, 729 тонна бозичаҳо содирот шудааст. Аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд 887 тонна портлансемент, 5143 тонна ангишт, 20050 тонна маҳсулоти нафтӣ, 35147 тонна нуриҳои минералӣ, 11302 тонна чӯбу тахта, 2033 тонна яхдон, 1130 тонна мошинаи ҷомашӯӣ ва 1440 тонна обгармкунакҳои барқӣ ворид шудааст.
Гузашти як сол аз қабули Эъломияи Хуҷанд собит намуд, ки ин санад ба муҳаррики асосии саноаткунонии босуръат дар минтақа табдил ёфтааст. Таъсири он ба бахши саноати Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баръало ба назар мерасад. Эъломия замина гузошт, ки ашёи хоми дар як кишвар истеҳсолшуда дар корхонаҳои муштараки кишвари ҳамсоя бо истифода аз технологияҳои муосир то марҳилаи ниҳоӣ коркард шавад. Ин боиси пайдоиши кластерҳои нави агросаноатӣ ва бофандагӣ гардид.
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар доираи Эъломия, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ, кафолати энергияи устуворро барои корхонаҳои саноатии минтақаҳои наздимарзӣ таъмин намуд, ки ин омили асосии фаъолияти бефосилаи иқтидорҳои истеҳсолист. Дар ин раванд соддасозии низоми ҳамкориҳо ва эътимоди сиёсӣ роҳро барои сармоягузорони се кишвар ҷиҳати бунёди корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои мошинсозӣ, коркарди маъдан ва саноати сабук ҳамвор кард.
Эъломияи Хуҷанд саноати се кишварро аз ҳолати рақобати маҳдуд ба марҳилаи кооператсияи стратегӣ ворид намуд. Ин раванд на танҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотро афзоиш дод, балки иқтидори содиротии минтақаро дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба таври қобили мулоҳиза таҳким бахшид.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




