"Ёддоштҳо"-и Ятимов С.С. асари тозанашр дар самти тақвияти худшиносӣ, талош баҳри ҳифзи арзишҳо, кӯшиши инкишофи шахсӣ, посдории қарзи фарзандӣ ва дӯстӣ, пешбинии принсипҳои муҳимтарин дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Хулосаи умумии асар аз он иборат аст, ки худшиносӣ - пояи муҳимтарини ватандӯстӣ, илму дониш - пояи асосии комёбиву муваффақиятҳо ва иродаи устувор - заминаи асосии талош баҳри омӯзиш ва  ҷоннисориҳо ба ҳисоб мераванд, ки дар марҳилаи оянда низ ҳамчун пояҳои асосии субот ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқол аз аҳаммият холӣ нестанд.

Омӯзиши раванди зиндагониву фаъолияти муаллифи "Ёддоштҳо" нишон медиҳад, ки Ятимов С.С. яке аз фарзандони арзандаи Тоҷикистони навин ва яке аз пайравони сарсупурдаи мактаби давлатдории пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин асар бо осонбаёнӣ, таъсирнокӣ ва ҷолибияти ҳодисаҳо шавқи хонандагонро ба худ ҷалб намуда, онҳоро водор месозад, ки бо завқи зиёдтар мутолиаи "Ёддоштҳо"-ро идома диҳанд. Аз ҷиҳати дигар донистани раванди зиндагонӣ ва марҳилаҳои комёбиҳои фарзандони барӯманди миллат метавонад, дар ташаккули фардии сокинон баҳри ба даст овардани комёбиҳо ангезаҳои иловагӣ бахшад.

Хондани китоби "Ёддоштҳо" ва таҳлили ҳодисаву равандҳои дар доираи он навишташуда, паҳлӯҳои гуногуни принсипҳои давлатдории миллии тоҷиконро рӯшан сохта, метавонад, дар таҳия ва пешбинии принсипҳо, стратегияҳо, консепсияҳо ва доктринаҳои ҳифзи давлатдории миллӣ ва асосҳои сохтори контситутсионии он истифода гардад.

Дар "Ёддоштҳо" тақвияти худшиносии миллӣ, рушди илму технология ва меҳнатдӯстӣ бо иродаи устувор ҳамчун асоси рушди шахс, ҷомеа ва давлат ифода меёбанд.

Суханони дипломати аврупоӣ Граф фон Шуленберг дар мавриди тақдири тоҷикон барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ҳушдори ҷиддӣ мебошанд. Ӯ мегӯяд: "Бадбахтии асосии халқи тоҷик дар дарозмуддат надоштани давлат аст. Маҳз бо ҳамин сабаб тоҷикон натавонистаанд, ҳамчун миллат ҷаҳонбинии зеҳнии умумияти генетикиро то ба охир дар мағзи худ асос гузоранд. Воситаи роҳбарии инсонҳо ҷаҳонбиниҳост. Ғосибони қаламрави таърихии Шумо дини Исломро беҳтарин воситаи зери султаи худ гирифтани мардум истифода кардаанд. Агар Шумо аз ин бало халос шавед, дар балои дигар мезанед. Ин ҷараён то замоне идома хоҳад ёфт, ки миллати Шумо "ман тоҷик ҳастам нагӯяд".

Оид ба зарурати тақвияти худогоҳии миллӣ Ятимов С.С. аз суханони яке аз чеҳраҳои сиёсии давраи ҷанги шаҳрвандӣ иқтибоси зеринро овардааст: "Зиёиён думравон ва хизматгорони пулдорҳо шудаанд. Онҳо худро мағзи миллат мешуморанд. Дар воқеъ, баъзе аз онҳо пасмондаҳои одамӣ ҳастанд, на мағзи миллат." "Пайрави Айниву Турсунзодаем"-гуфтанҳо дар имтиҳони зиндагӣ тасдиқ нагардид." Дар ин замина коркарди принсип ва меъёрҳои муайянкунандаи зиёии тоҷик барои марҳилаи оянда муҳим буда, ифодаи вафодорӣ ба давлатдории миллӣ ва мардуми Тоҷикистон, ҳамчун, яке аз принсипҳои асосии зиёии тоҷик будан муҳим шуморида мешавад.

Овардани мисолҳо аз хиёнати рӯҳониёни ҳуввиятбохтаи империяи пурқудрати Сомониён, пуштибонии сулолаи манғития аз ҷониби ҳаракатҳои босмачигарӣ зери роҳбарии умумии эмиссарҳои кишварҳои империалистӣ, бо истифода аз номи дин ва иғвои рӯҳониён ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашидани Тоҷикистони навин шаҳодат медиҳанд, ки кӯшишҳои истифодабарии дин ҳамчун абзори ба даст овардани қудрат дар марҳилаҳои оянда низ идома хоҳад ёфт. Мувофиқати манфиатҳои табақаҳои бегонапараст, пойбанди хурофоту ҷаҳолат ва дур аз манфиатҳои миллӣ бо манфиатҳои рақибони хориҷии давлатдории миллии тоҷикон ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ яке аз омилҳои асосии таъсиррасон ба пояҳои асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Номҳо метавонанд, тағйир ёбанд, вале падидаҳо, муҳтаво, аслият ва усулҳои кирдорҳои душманона ва хоинона метавонанд, такрор ёбанд, яъне бо ишораи муаллиф "моҳият дар қолабҳои нав зуҳур мекунад". Аз ин рӯ, ҷонибдорони воқеии асосҳои сохтори конститутсионии кишварро зарур аст, ҷиҳати таҳкими ақидаҳои илмгароӣ ва дунявият фаъолияти худро боз ҳам беҳтар намоянд.

Инкишофи илму технология ва ҷаҳонбинию маърифати шаҳрвандон шарти муҳимтарини рушди тамоми соҳаҳои давлат мебошанд.    Ятимов С.С. менависад: "Барои ман мактаб созандаи инсон, шахсият ва ҷамъият, миллат, тавлидгари давлат, сохти давлатдорӣ, омили ҳифзи суботи мамлакат ва ягона воситаи рушду пешрафт, пойдорӣ ва шоистасолориву бардавомии муваффақонаи кишвар буд, ҳаст ва мемонад." Ҳамзамон, оид ба  аҳамияти дониш ва таҷриба бо иқтибос аз мутафаккири рус Михайловский чунин оварда шудааст: "Даҳони он нафареро, ки тасдиқ карданӣ мешавад, бе дониши назариявӣ ва омӯхтани таҷрибаи сиёсӣ метавон давлатдорӣ кард, бандед. Чунин кӯшиши номуваффақона як навъ хизмати хирсона ба халқ хоҳад буд." Дар ҷойи дигар таъкид мегардад: "Ҳукуматро метавон ба қувваи зӯрӣ ба даст овард! Аммо роҳбарии он, дар ҳар сурат, ниёз ба ақлу хирад дорад!"

Дар ин замина, зарурати идома додани ислоҳоти соҳаи маориф ва мутобиқсозии барномаҳои соҳа ба манфиатҳои миллӣ шарти муҳим ҳисобида шудааст: "Мӯҳтавои кори мактаб ҳам дар барнома ва ҳам дар китобҳои дарсӣ бояд қатъиян мувофиқ ба манфиатҳои давлатдории миллӣ омода карда шавад ва нуқтае барои эҷоди шубҳа нисбат ба ҷаҳонбинии илмӣ нагузорад."

Ятимов С.С. ояндагони давлатдории миллиро даъват менамояд, то зиракии сиёсиро боло бурда, рақибонро беҳтар  шиносанд. (Беҳтар аст ту рақибро донӣ, аз он ки рақиб туро медонад.- зарбулмасали англисӣ)

Эҳтиёткорӣ дар муносибат бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ риояи тавозун дар сиёсати хориҷӣ, даъвати дигари муаллиф ба насли ояндаи кишвар мебошад.

Ҳамзамон, барои муддати дурудароз устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдории миллӣ ва асосҳои сохтори конститутсионӣ муаллиф принсипи "Дер рав, дур рав, амон рав"-ро пешниҳод намудааст.

Дар "Ёддоштҳо" замина ва сабабҳои асосии барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таҳлил гардида, гирифтани сабақ аз "бозсозӣ"-и Горбачёв ва суханони ӯ "Процесс пошёл" махсусан таъкид карда шудааст. Ӯ менависад: ""Бозсозӣ"-и горбачёвӣ нақши давлат ва ҳокимиятро дар муайян ва танзим намудани ҳаёти ҷомеа дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, амният ва мудофиа ба пасттарин манзалат фаровард. Дар натиҷа афрод, ҳизб ва ҳаракатҳое пайдо шуданд, ки ташкили бесарусомониҳои системавӣ ва шикасти давлатро ҳадафи худ қарор доранд."

Омӯзиши "Ёддоштҳо" нишон медиҳад, ки заминаҳои пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва эҳтимоли сар задани нооромиҳо дар Тоҷикистон дар мақолаи таҳлилии кормандони КДБ Тоҷикистон дар рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" аз санаи 20.11.1990 пешбинӣ гардидааст. Муаллиф менависад: "Роҳбарияти онвақтаи Тоҷикистон шахсан эҳсоси масъулияти конститутсионии роҳбарии давлатро дар шароити мураккаби бамиёномада, надоштанд. Бемасъулиятӣ дар ҳифзи истиқлоли сиёсӣ (1), надоштани қобилияти дарки воқеии вазъият (2), дарк ва пешбинӣ нагардидани раванди инкишофи вазъият (3), надоштани андешаронии мустақил (4), надоштани иқтидор ва малакаи қабули қарорҳои дуруст (5), вазни худро аз даст додани супоришҳои роҳбарияти мамлакат (6), надоштани иродаи устувор ва ба ҷойи фидокорӣ интихоб кардани суботу оромии шахсӣ (7) ба домони таваккал ҳавола намудани тақдири давлати тоҷикон (8) камбудиҳои асосии роҳбарони ҳукумат дар оғози нооромиҳо ба ҳисоб мерафт." Шояд андешидани чораҳои мушаххас дар доираи таҳлилҳои пешбинигардида, метавонист, ҳадди ақал миқёси нооромиҳо ва ҳаҷми хисоротро дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ кам созад.

Ташкили воқеаҳои февралӣ бар пояи овозаҳои бардурӯғи иғвоангез оид ба ҷудо кардани манзили истиқоматӣ ба гурезаҳои арманӣ аз ҷониби ҳукумати онвақтаи Тоҷикистон барои нигаҳбонони давлатдории миллӣ таҷрибаи фаромӯшнашаванда аст. Душманони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, бо истифода аз баҳонаҳои гуногун барои ба вуҷуд овардани норозигиҳо ва мубориза бар зидди ҳукумати кишвар аз ҳар гуна дасиса ва иғвоҳои рӯзмарра истифода намоянд. Аз ин рӯ, ҳар як тоҷику тоҷикистониро мебояд, дар давраҳои ҳассос манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи асосҳои сохтори констиутсиониро дар мадди аввал гузошта, барои амалишавии мақсадҳои ғаразноки душманон огоҳу ноогоҳ кӯмак нарасонад.

Вазифаи олимон  ва зиёиён аст, омилҳои муҳими эмин нигоҳ доштани давлатдории миллиро коркард намуда, бо ояндабинӣ ва фазосозии солим пояҳои асосҳои сохтори конститутсиониро боз ҳам устувор созанд. Ба андешаи муаллиф ҷорӣ кардани низоми ягонаи омӯзиш ва пос доштани таърихи миллат (1), рушди илм ва хирад (2), раҳоӣ аз ҷаҳолат, хурофот ва бегонапарастӣ (3), тарбияи худшиносӣ ва маниши миллӣ (4) омилҳои муҳими пешгирӣ аз такрорёбии фоҷиаҳои миллӣ мебошанд.

Боз ҳам тақвият бахшидани ҷойгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, махсусан устод Садриддин Айнӣ ва андешаҳои маорифпарваронаи ӯ дар "Ёддоштҳо" хотиррасон гардида, муаллиф чунин менависад: "Дар дунё миллате вуҷуд надорад, ки худ ба худ соҳиби давлат гашта, мустақилият ва рушду нумӯ пайдо кунад, агар доҳиёни сиёсӣ, пешравони ҷонфидо ва қаҳрамононе надошта бошад, ки ҳамин ҳаракат, ҳамин ҷараён, ҳамин нияту мақсад ва ҳамин ормонҳоро бо сифатҳои бузурги шахсияти худ таъмин карда тавонанд."

"Ёддоштҳо"-и Ятимов С.С. ҳифзи сулҳу субот, таъмини манфиатҳои амнияти миллӣ, рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ба як кишвари аз ҳама ҷиҳат ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистонро масъулияти давлат ва тамоми мардуми кишвар шуморида, барои расидан ба ин ҳадафи олӣ даъват менамояд:

Дар кафи мардонагӣ шамшер мебояд гирифт,

Ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд гирифт.