Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ, ҷашни ҳамдиливу ҳаммаромӣ, баҳамоиву меҳрубонӣ – Рӯзи ваҳдати миллӣ паёми хуши ҷаҳонӣ ба гӯши аҳли башар расид – Паёми сулҳ, асоси ҳастиву зиндагӣ, рушду пешрафту ободӣ ва шукуфоӣ, асоси маънии ҳаёт. Рамзист, ки ин муждаи нишотбахш санаи 25-уми июн қабул шудаву рӯзи дигар – 26.06.26 ин пайғоми нек қалби тамоми сокинони аҳли башарро бо шодиву фараҳ лабрез кард.
Тайи бисту нӯҳ сол аст, ки рӯзи 27-уми июн барои мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи муқаддасу фаромӯшнопазир аст. Санаест, ки Сарвари хирадсолору дурандешу қавииродаву ҷасури миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаҳду талошҳои пайваста ба мардуми тоҷик умед, сулҳ, ваҳдат, амну субот оварданд ва чун Роҳбари соҳибмактабу сулҳофар байни мардуми олам маъруф ва шуҳратёр гардиданд.
Боиси ифтихор ва шарафи бузурги ҳар тоҷику тоҷикистонист, ки дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ба имзо расид.
Мусаллам аст, ки қабул гардидани пешниҳодҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид кори саҳлу осон нест. Ҳар як таклифу пешниҳодот аз ҷониби давлатҳои узв ҳаматарафа омӯхта шуда, баррасӣ мегарданд. Пешниҳоди навбатии ҷаҳонии Пешвои муаззами миллати тоҷикон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» саривақтӣ буда, он наздик ду сол мавриди омӯзиш қарор гирифт, ҳол он ки имрӯзҳо миллионҳо мардум, бахусус, занону кӯдакон, аз оташи ҷанг дар тарсу ҳарос, аз падидаҳои номатлуби ҷомеа ҳар лаҳза дар хавфу хатар буда, ташнаи сулҳу амну осоиштагианд.
Фикр мекунам, ки давлатҳои узви созмон бо тамоми ҷузъиёташ таҳлил намудаву ба ҷавҳари чунин пешниҳоди оянда биноан эътимод овардаанд. Бо чашми сар диданд ва дарк намуданд, ки пешниҳоди Қаҳрамони миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик, соҳибфарҳанг, соҳибтаърихи бою рангин, соҳибкитоб, халқи таҳаммулпазир, ворисони асили миллати ориёӣ, Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакиву Сино, Хайёму Саъдиву Ҳофизу Камол, Ҷомиву Бедил, Абӯҳанифа ибни Собит ва даҳҳо дигарон дар гузаштаву имрӯз давлатдору давлатсоз ва дурандешу хирадманд, сиёсатмадори шинохта, чеҳраи мунири ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ аз нигоҳи рӯйдоду воқеоти замони муосир аст.
Маҳз ҳамин сиёсатмадори дурандешу хирадпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати ҷавону соҳибистиқлоли худро, ки ба ҷанги таҳмиливу шаҳрвандӣ гирифтор гардидаву қариб ба нестӣ рафта буд, бо хиради азалӣ аз вартаи ҳалокат наҷот додаву халқи парешонгаштаро дубора ба мулкаш оварда, ба як давлати пешрафтаву ободу шукуфону ғаниву амнтарин ва рӯ ба рушд табдил доданд. Ба муаммоҳои садсолаи марзиву ҳудудии давлатҳои Осиёи Миёна– ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо қабули Эъломияи дӯстии абадӣ хотима бахшиданд.
Бо роҳнамоӣ бо халқи азизашон талхиву шаҳди ҷангу сулҳро чашидаву сабақи зиндагӣ бардоштаву имрӯз тавассути таҷрибаи нодири сулҳофариашон машҳури ҷаҳон ва соҳибмактаб гардидаанд. Пешниҳодҳои умумибашариашон оид ба масъалаҳои обу ҳифзу нигаҳдошти он, яъне “Соли 2003 – “Соли байналмилалии оби тоза”, “Солҳои 2005–2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, “Соли 2013 – “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, Солҳои 2018–2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», “Соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 -уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” наздик се даҳсола инҷониб дар амал татбиқ мешаванд ва то ҳол самараи нек ба бор меоранд.
Пас чӣ гуна метавон ин пешниҳоди фардоназару дурбинонаро, ки барои зиндагии босаодати насли ояндаи башар манзур гардидааст, қабул накард? Шояд ҳамин гуна суолу ҷавобҳо дар рафти муҳокимаи аҳли башар мавриди назар қарор гирифта буданд?
Пас бо ифтихор метавон гуфт, ки Пешвои маҳбубу фарзонаи миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки Асосгузори сулҳу ваҳдати ҷаҳон – Пешвои сулҳофари башар ҳастанд.
Пешвои миллат дорои қалби бузургу мусаффо буда, таҷрибаи нодири сулҳофарии хешро беғараз барои ҷаҳониён манзур ва тақсим мекунанд, тамоми башарият, хоса насли фардои ин оламро зери осмони софу беғубор дидан мехоҳанд, то ин ки идомадиҳандагони ҳаёт дар рӯи Замин зиндагии босаодат дошта бошанд. Ин аст қаҳрамониву ҷасорат, садоқату вафодорӣ нисбат ба инсоният ва хислати олии инсонӣ.
Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан дар 35 соли соҳибистиқлолии Ватани азизамон хизматҳои бузургу мондагори ба садсолаҳо баробарро анҷом дода, барои мардуми нектолеи тоҷик зиндагии шоиставу арзанда фароҳам оварда, миллати тоҷик ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносониданд ва чун Роҳбару Роҳнамои мардумсолору халқпарвар ва таҳаммулпазиру дурандеш намунаи ибрату омӯзиш нишон доданд, ки дар саҳифаи таърихи давлатдории навини тоҷикон бо хатҳои заррин сабт хоҳанд шуд.
Мо, кулли мардуми Тоҷикистон имрӯз бо ифтихор ва дилпурона пешниҳод мекунем, ки ба Пешвои муаззами мо ва тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи Нобелии Сулҳ дода шавад, зеро қаҳрамониҳои Пешвои сулҳовари мо натанҳо мақоми миллӣ, балки мақому мартабаи ҷаҳониву башариро доро мебошанд.
ТОҶИКИСТОН, бо Пешвои маҳбубу сулҳхоҳу сулҳофари ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон БА ПЕШ!!!
Аминҷон Шарифзода,
“Ҳақиқати Суғд”





