Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин санаҳои таърихии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро он рамзи пирӯзии хирад бар низоъ, сулҳ бар ҷанг ва ҳамдигарфаҳмӣ бар тафриқа мебошад. Ин рӯз барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи бузурги ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Зеро маҳз Ваҳдати миллӣ тавонист ҷомеаи Тоҷикистонро аз марҳилаи бисёр душвору сарнавиштсоз гузаронида, барои бунёди давлати миллӣ, пешрафти иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ ва болоравии нуфузи байналмилалии кишвар заминаи устувор фароҳам оварад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарии давлат сулҳу оромӣ ва барқарор намудани ваҳдати ҷомеаро ҳадафи асосии фаъолияти худ қарор доданд.

Арзиши воқеии ваҳдати миллӣ дар он аст, ки он ба ҷомеа имкони зиндагии осоишта, меҳнати созанда ва боварӣ ба фардоро фароҳам месозад. Дар фазои сулҳу субот давлат метавонад барномаҳои бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоиро амалӣ намояд, сармоягузориро ҷалб кунад, инфрасохтори муосир бунёд созад ва сатҳи зиндагии мардумро беҳтар гардонад.

Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки рушди иқтисодӣ, пеш аз ҳама, ба суботи сиёсӣ ва ҳамбастагии ҷомеа вобаста мебошад. Маҳз дар натиҷаи таҳкими ваҳдати миллӣ роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тандурустӣ ва ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ сохта шуданд. Иқтисоди миллӣ тадриҷан рушд ёфт, имкониятҳои нави кору фаъолият ба вуҷуд омаданд ва сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ беҳтар гардид.

Суботи ҷомеа ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ низ такони ҷиддӣ бахшид. Давлат тавонист барои баланд бардоштани сатҳи маърифат, беҳтар намудани хидматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманд имкониятҳои бештар фароҳам оварад. Мактабу донишгоҳҳои нав таъсис ёфтанд, шароити таълиму тарбия беҳтар гардид, дастрасии мардум ба хидматрасониҳои муосир васеъ шуд.

Самараи воқеии ваҳдати миллӣ дар рушди шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, ба таври возеҳ эҳсос мегардад. Дар солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои миллат дар шаҳри Панҷакент соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушди устувор касб намудаанд. Аз ҷумла, соҳаи муҳиму тақдирсоз–маориф муттасил рушд намуда, дар гӯшаву канори шаҳр, ҳатто, дар дурдасттарин деҳаҳо муассисаҳои нави таълимӣ бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Соҳаи тандурустӣ низ рушд ёфта, сатҳу сифати хидматрасониҳои тиббӣ беҳтар гардида, муассисаҳои табобатӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мешаванд. Ҳамзамон, дар соҳаҳои фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва инфрасохтори шаҳр тадбирҳои созанда амалӣ гардида, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ободонии диёр заминаи мусоид фароҳам омадааст. Ин ҳама дастовардҳо гувоҳи онанд, ки маҳз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҷомеа метавонад ба пешрафту шукуфоӣ ноил гардад.

Ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ гардиданд. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари сулҳдӯст ва ҷонибдори ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад.

Миллате, ки таърих, фарҳанг ва арзишҳои худро мешиносад, метавонад роҳи рушди устуворро интихоб намояд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ омӯзиши таърихи миллат, эҳтиром ба мероси фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ба самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Ваҳдати миллӣ барои нигоҳдорӣ ва рушди ин арзишҳо муҳити мусоид фароҳам овардааст. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки ҳифзи фарҳанг ва ҳувияти миллӣ вазифаи танҳо давлат нест, балки масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз масъалаҳои муҳими замони муосир ба ҳисоб меравад. Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд таърихи давлатдории тоҷикон, арзиши сулҳу ваҳдат ва аҳамияти истиқлолиятро амиқ дарк намоянд.

Насле, ки бо ҳисси баланди миллӣ, дониш, ҷаҳонбинии васеъ ва масъулиятшиносӣ ба камол мерасад, метавонад дастовардҳои имрӯзаро ҳифз намуда, онҳоро ба сатҳи баландтар расонад. Аз ин рӯ, оила, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва тамоми ҷомеа дар тарбияи ҷавонони худогоҳу ватандӯст нақши муҳим доранд.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо фурсати муносибест, то ба роҳи тайкардаи давлат назар афканем ва қадри сулҳу оромиро бештар бишносем.

Имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аз он иборат аст, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз намояд, дар таҳкими ҳамбастагии ҷомеа саҳм гузорад ва барои ободии Ватан босадоқат меҳнат кунад.

 

Мурод ШУКУРЗОДА,

муовини раиси

шаҳри Панҷакент