Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст. Воқеан, санаи 23 - юми май дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши арзишманду таърихиро дорост. Чун маҳз ҳамин санаи соли 1997 Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманд 23 - юми майро Рӯзи ҷавонон эълон намуданд.
Инак, шуруъ аз ҳамон сол дар заминаи ташаббуси ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчун нишони эътибори хоса ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои ҷавонони миллат дар роҳи истиқрор ва пойдории сулҳу субот, нақши муассири онҳо дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва марзу буми сарзамини аҷдодӣ, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба тақвими ҷашнҳои давлатӣ ворид шуд. Ҳамасола насли ҷавон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ин санаи арзишмандро истиқбол мегиранд. Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи фарохтар боз шуд.
Бояд гуфт, ки пас аз қабули “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” конфронсҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, семинарҳои омӯзишӣ, озмуну фестивалҳо, инчунин, чорабиниҳои дорои хусусиятҳои иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид, ки дар ҳар яке аз онҳо иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ободонӣ дар сатҳи маҳал, минтақа ва ҷумҳурӣ нақши бисёр муҳим гузоштанд.
Ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар давраи муосир аҳамияти хосса касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро лозим аст, ки ҷиҳати омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар машғул гардад, аз таърихи пурғановати халқи худ огоҳ шавад, ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат арҷгузор бошад.
Дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ рӯзи ҷавононро ба таври ба худ хос ҷашн мегиранд. Мисол, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид санаи 12 - уми август Рӯзи байналмилалии ҷавонон эълон шудааст. Дар ин рӯз дар саросари ҷаҳон лексияҳои кушод, иқдомҳои экологӣ, консертҳо ва семинарҳо баргузор мегарданд, ки таваҷҷуҳро ба ҳуқуқ ва имкониятҳои насли ҷавон ҷалб мекунанд.
Дар кишвари Чин Рӯзи ҷавонон 4 - уми май ҷашн гирифта мешавад. 4 - уми май ба хотири гиромидошти эътирозҳои донишҷӯёни соли 1919 таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн рӯзи истироҳати умумимиллӣ набуда, хусусияти нимрасмӣ дорад, вале бо чорабиниҳои оммавӣ дар саросари кишвар ҳамроҳӣ мешавад. Дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ маҷлисҳои тантанавӣ, маросими қабул ба сафи комсомол ва гулчанбаргузорӣ назди ёдгориҳо баргузор мегарданд. Корпоратсияи медиавии Чин барномаҳои махсуси ватандӯстона ва мусиқиро барои насли наврас пахш мекунад. Ҷавонон дар тозакунии боғҳо ва иқдомҳои хайриявӣ иштирок менамоянд. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Мардумии Чин, шаҳрвандони аз 14 то 28-сола ҷавонон ҳисобида мешаванд. Дар ин рӯз барои онҳо рӯзи кории кӯтоҳшуда ё таътили донишҷӯён пешбинӣ шудааст.
Дар Туркия 19 - уми май ба Рӯзи ҷавонон бахшида шудааст. Ҳамзамон, имрӯз бо Рӯзи ёдбуди Мустафо Камол Отатурк, ҷавонон ва варзиш таҷлил мегардад. Дар кишвар роҳпаймоиҳои бузурги варзишӣ, ҳунарнамоии дастаҳои рақсӣ ва иқдомҳои ватандӯстона дар варзишгоҳҳо баргузор мешаванд.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико назири ҷашни “Рӯзи ҷавонон”, ки дар бисёр кишварҳои пасошӯравӣ ҷашн гирифта мешавад, вуҷуд надорад. Ба ҷойи он амрикоиҳо Рӯзи байналмилалии ҷавононро (International Youth Day) 12 - уми август таҷлил мекунанд. Азбаски ин сана ба таътили тобистона рост меояд, таваҷҷуҳи асосӣ ба истироҳат, волонтёрӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ равона мешавад. Дар ин рӯз баҳсҳои озод, форумҳои ҷавонон, конфронсҳои донишҷӯён ва роҳпаймоиҳо баргузор мегарданд. Иқдомҳои хайриявӣ низ маъмуланд, ки ҷавонон дар онҳо ба мактабҳои маҳаллӣ кӯмак намуда, боғҳоро тоза мекунанд ё дар барномаҳои роҳнамоӣ барои кӯдакон (масалан, барномаҳои навъи “Big Brothers Big Sisters”) иштирок менамоянд. Рӯзи миллии ҷавонони Амрико (National Youth Takeover Day) санаи 27 - уми июн дар доираи мавсими бузурги “Civic Season” таҷлил мегардад. Дар ин рӯз ҷавонон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт аз фаъолият дар ВАО то иштирок дар баҳсҳои сиёсӣ ташаббусро ба даст мегиранд.
Дар Ҳиндустон Рӯзи миллии ҷавонон (National Youth Day) ҳамасола 12 - уми январ таҷлил мегардад. Ин рӯз ба зодрӯзи файласуф ва ходими ҷамъиятии маъруфи ҳиндӣ Свами Вивекананда бахшида шудааст. Ин ҷашн ба насли ҷавон арзишҳо, идеалҳо ва таълимоти инсонпарваронаи Вивеканандаро ёдрас мекунад. Азбаски Свами Вивекананда роҳбари маънавӣ буд, дар бисёр марказҳои таълимӣ ин рӯз бо машқҳои дастаҷамъонаи йога ва медитатсия оғоз мегардад.
Мақоми расмии ҷашн соли 1984 аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон тасдиқ шудааст ва аз ҳамон вақт рамзи боварӣ ба нерӯи зеҳнӣ ва маънавии ҷавонони кишвар ба шумор меравад.
Дар Ҷопон ҳамтои мустақими Рӯзи байналмилалии ҷавонон вуҷуд надорад, аммо вазифаи онро Рӯзи балоғат (Сэйдзинно хи) иҷро мекунад. Ин ҷашн ҳамасола дар душанбеи дуюми моҳи январ баргузор шуда, ба ҳамаи ҷавононе бахшида мешавад, ки дар соли ҷорӣ 18-сола шудаанд, ё хоҳанд шуд.
Рӯзи ҷавонон дар Русия ҳамасола дар шанбеи охири моҳи июн таҷлил мегардад. Ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати зиёд баргузор мешавад: дар саросари кишвар фестивалҳои шаҳрӣ, консертҳои кушод, мусобиқаҳои варзишӣ, квестҳо ва мастер-классҳо ташкил гардида, чорабиниҳо бо салютҳои идона ва дискотекаҳо анҷом меёбанд. Ҷашн гурӯҳи васеи синнусолиро (аз 14 то 35-сола) фаро мегирад, аз ин рӯ барномаи чорабиниҳо барои хонандагон, донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон пешбинӣ шудааст.
Рӯзи ҷавонон дар Ӯзбекистон ҳамасола 30 - юми июн таҷлил мегардад. Ин ҷашни бузург бо сайругаштҳои оммавӣ, консертҳо, форумҳои таълимӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар саросари кишвар баргузор мешавад. Таҷлили ин рӯз анъанаҳои гуногунро дар бар мегирад. Дар Тошканд ва дигар шаҳрҳои бузург консертҳои кушод бо иштироки ситораҳои эстрада, ярмаркаҳои стартапҳо ва намоишгоҳҳои ҳунармандони ҷавон баргузор мешаванд.
Мастер-классҳо, мулоқот бо ходимони давлатӣ ва соҳибкорони муваффақ ташкил мегарданд.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”




