Ҳар марҳилаи таърихӣ дар худ ҳодисае, воқеот ва таҳаввулоти азими иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангиро ба вуҷуд оварда, нақши хешро дар сарнавишти мардум мегузорад. Бузургтарин дастоварди оғози асри бистуякум барои мардуми шарифи кишвари мо ин ноил гардидан ба Истиқлолияти давлатӣ бошад, имрӯз, дар марҳалаи ҳифзу нигаҳдошти ин неъмати муқаддас-соҳибихтиёрӣ, ҳамчунин ваҳдати миллӣ ва арзишҳои инсонпарваронаи Ватани азизамон соли 2025-ум баҳри сокинони мамлакати мо соли пурфайзу бобаракату табарруку муборакқадам гардид.

Имрӯз, дар фароварди ин соли накӯ як назар ба рӯзҳои сипаришудаи он андозем, дили ҳар як фарди ин сарзамин боғ-боғ гул мекунад, аз фараҳ мешукуфад. Беҳтарин рӯйдоди соли 2025-ум, ин санаи 31-уми март ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд мебошад, ки он ба дӯстии абадӣ байни се мамлакати ба ҳам дӯсту ҳамсоя - Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон асосу пояи устувор гузошт. Эъломияи Хуҷанд бори дигар ба ҷаҳониён рисолати созандагӣ, пайвандгарӣ, дӯстии абадӣ, баҳамоӣ, шукуфоӣ ва инсондӯстиро собит намуда, тоҷиконро ҳамчун миллати тамаддунофар ва инсондӯст дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ кард. Эъломияи Хуҷанд дар ташаккули мактаби сулҳофаринии Пешвои муаззами миллат нақши арзишманд гузошта, ба як рӯйдоди таърихии замони муосир табдил ёфт… Имрӯз марзҳои байни се давлат кушода, муносибатҳои мутақобилаи судманд ва равобиту ҳамкорӣ дар раванди густариш мебошанд.

Ҳар як Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барҳақ, дастури фаъолияти минбаъда, роҳнамои рӯзгори босаодати мардуми шарифи кишвари азизамон мебошад. Дар Паёми Пешвои миллат аз 24-уми декабри соли 2024 бо мақсади дастгирии  давлатии соҳибкорӣ барои ду сол- то 1-уми январи соли 2027 эълон карда шудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба қавле, фароҳам овардани беҳтарин имконият баҳри рушду равнақи соҳибкорӣ буд, ки ин имкон дод, дар марҳалаи омодагиҳо ба ҷашни муътабари 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободониҳо авҷу нумӯи тоза гирад. Дар ин радиф ҳоло маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанди бостон, шаҳру навоҳии қаламрави вилоят як сохтмонгоҳи азимеро мемонад, ки бемуҳобот лаҳза ба лаҳза биноҳои истиқоматӣ, коргоҳҳо, иншооти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, соҳаи маорифу фарҳанг қомат рост мекунанд ва симои шаҳру деҳотро бакуллӣ дигаргун, ороставу дилрабо гардонида истодаанд. Дар раванди бунёдкориҳо аз оғози сол коргоҳи истеҳсоли равғани «Зуҳал», корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои металлӣ, коргоҳи истеҳсоли ашёи рӯзгор «Ситора» , коргоҳи парандапарварии «Саховат», корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пластикии «Чавроқ» дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров, корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии «Тоҷпанел», коргоҳи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии «Афранг Пластик», корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «Доро АртФуд», ки 28 намуди меваю сабзавотро коркард менамояд, хатти нави корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмони пенополистролӣ ва коргоҳҳои сарпӯшҳои металлӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли ях дар ҶДММ «Сирдарё», корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки ҶДММ «Донаи алмос», корхонаи саноатии ҷуроббофӣ дар заминаи ҶДММ «Афзали Нур», корхонаи истеҳсоли либосҳои занонаи «Ахтари Хуҷанд» дар заминаи ҶСК «Нуртекс» дар шаҳри Хуҷанд, корхонаи «Хишти муосири аълосифат» дар шаҳри Бӯстон, коргоҳи  ҶДММ «АРБ Минералс ГРУПП» оид ба коркарди пурраи сурма,   ҶСК «Ангишти тахт» ва марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Твеа Душанбе саноати кӯҳӣ» дар ноҳияи Айнӣ, корхонаи истеҳсоли шифер-ҶДММ «Салмон-Бинокор», коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли маҳсулоти бетонии ҶДММ «Чинор-сой», корхонаи оҳакбарории корхонаи муштараки Зарафшон дар шаҳри Панҷакент, коргоҳи истеҳсоли пойафзол ва маводи шустушӯӣ дар деҳаи Қалъаи Дӯст, коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии «Ёсуман» дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич ва даҳҳо дигар истеҳсолоти саноатӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии ҶДММ «Тиглат» ба истифода дода шуд, ки 24 намуд ранг ва 9 намуди хокаҳои хушки сохтмонӣ истеҳсол менамояд. Дар маҷмуъ, дар давоми 11 моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 35644,4 миллион сомонӣ расонида шуд. Дар давоми 11 моҳ дар қаламрави вилоят  133 корхонаи нав бо 1442 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Дар ҳар Паёми хеш Пешвои миллат ҷиҳати коҳиш додани содироти ашёи хом ва афзун намудани содироти молу маҳсулоти дорои арзиши баланди иловагӣ таъкид менамоянд. Ҷоиз ба зикр аст, ки  ҳоло дар ҶДММ «Сатн» бо ҳамкории шарикони хориҷӣ аз кишвари Италия пахта пурра коркард ва маҳсулоти тайёр истеҳсол карда мешавад, ки дар ин коргоҳ садҳо нафар соҳиби ҷойи корианд. Танҳо давоми чаҳор моҳи соли 2025 ин корхона 299000 дона маҳсулоти тайёр содирот намудааст. Дар ҶДММ «Ҷавонӣ» бошад, сарулибоси мардона, занона ва кӯдакона истеҳсол карда шуда, тамоми раванди истеҳсолот бо таҷҳизоти муосири навтарин муҷаҳҳаз аст ва ашёи хом-пахта дар ин коргоҳ пурра то марҳалаи ниҳоӣ коркард мешавад. Дар ин корхона 750 нафар бо ҷойи корӣ фаро гирифта шуда, маҳсулоти коргоҳ ба Федератсияи Россия, Италия, Хорватия содир карда мешавад ва Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Дар маҷмуъ алҳол аз вилояти Суғд ба 32 мамолики хориҷа маҳсулот бароварда мешавад. Умуман давоми 11 моҳи соли равон содироти молу маҳсулот 1533,5 миллион долларро ташкил намуд, ки суръати афзоиш 177,1 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 –ум  667,7 млн доллар зиёд мебошад.

Дар Паёми Пешвои муаззами миллат вазифагузорӣ шуд, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ дар ҳар маҳаллаи аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, баҳри бунёди муассисаи томактабӣ тадбир андешида шавад. Дар ин раванд имрӯз метавон зикр кард, ки давоми сол дар маҳаллаи «Боғистон»-и ноҳияи Бобоҷон Fафуров кӯдакистони «Баҳор», ҳамчунин муассисаи томактабии «Наврӯз»; дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Навбаҳор» ва муассисаи томактабии хусусии ҶДММ «Фортуна Ко» ва ду кӯдакистон; дар ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти томактабии «Гулистон», ҳамчунин кӯдакистон дар деҳаҳои Зоосун, Хайробод, Ваҳдатобод, Каздон, Анзоб; муассисаи томактабии «Нилуфар» дар деҳаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент; ҳамчунин панҷ кӯдакистон ва муассисаи томактабӣ дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Нуробод, Росровут, Чӯянгарон, Басмандаи ноҳияи Деваштич, 8 маркази инкишофи кӯдак дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо фарогирии садҳо кӯдакон сохта ба истифода дода шуданд. Давоми 11 моҳи соли 2025-ума дар маҷмуъ дар вилоят 85 иншооти соҳаи маориф бо 20843 ҷой мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат моҳи ноябри соли равон танҳо дар шаҳри Истаравшан ду муассисаи соҳаи тандурустӣ, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла таълимгоҳи рақами 5 барои 720 хонанда, рақами 46 барои 540 хонанда, рақами 69 барои 2600 хонанда ва таълимгоҳи рақами 62 барои 500 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин се кӯдакистон дар деҳаҳои Сандағундак, Тутк ва Вогат, дар маҷмуъ барои 400 кӯдак бо сатҳу сифати баланд ба истифода дода шуда, лоиқи баҳои баланди Сарвари давлат гардиданд. Дар маҷмуъ, дар ин шаҳр 10 муассисаи таҳсилоти умумии миёнаву томактабӣ бо фарогирии 4200 хонанда ва 400 кӯдак ба истифода дода шуд. Зимни ин сафари кории Пешвои миллат дар  Истаравшан корхонаи бандубасти маҳсулоти маишию техникии ҶДММ «Файз Нур – ТВ» мавриди баҳрабардорӣ дода шуд, ки  9 навъи техникаи маишӣ, аз ҷумла оинаи нилгуни Смарт-ТВ истеҳсол менамояд, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад. Умуман, ҷоиз ба зикр аст, ки дар самти саноатикунонӣ дар давоми 5 соли охир маҷмуи маҳсулоти истеҳсолӣ дар шаҳри Истаравшан ба зиёда аз 1,5 млрд сомонӣ баробар гардидааст.

Умуман дар доираи сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба вилояти овозадори Суғд даҳҳо иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки дар баробари беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба мардуми шарифи вилоят ҳамзамон ҳазорон ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ афзун гардиданд.

Тавре дирӯз, дар машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид гардид, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 12 ҳазору 66 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт ва то моҳи сентябри соли 2026-ум боз 3 ҳазор иншооти дигар мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд. Албатта дар ин самт иқдомҳои неки созандагиву бунёдкоронаи мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорони ватандӯст, фардони саховатманд имконият фароҳам овардаанд, ки ба ифтихори ҷашни бузурги миллат даҳҳо иншооти таъиноти гуногун қомат  афрозанд, шаҳру деҳи вилоят ба худ симои фараҳфизову ороста гиранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки соли равон фаъолияти кишоварзони вилоят низ босамару пурбарор буд, ки имрӯз рӯи дастархони сокинони вилоятро нозу неъматҳои саҳрову боғоти вилоят, анвои меваҳои шаҳдбору сабзавоти тару тоза нуру тароват мебахшанд. Бахусус, ҳосили марди деҳқони пахтакор баракат дод, ки хирмани тиллои сафеди вилоят аз 105 ҳазор гузашт. Дар баракати хирмани пахтаи вилоят саҳми пахтакорони шарафманди навоҳии Спитамен, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов шоистаи таҳсин мебошад.

Дар маҷмуъ, мардуми шарафманди вилояти Суғди бостон дар соли 2025-ум бо заҳмати фидокоронаву ватанпарваронаи худ дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, баҳри истиқболи арзандаи ҷашни азизи мамлакат дар соли оянда нақшаву ниятҳои наҷибро тарҳрезиву пешбинӣ намудаанд, ки онҳо ба шукуфоии сарзаминамон, ободии рӯзгори мардум ва дар маҷмуъ баҳри ноил гардидан ба зиндагии шоиста нигаронида шудаанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»