Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз сию ду сол муқаддам – 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, бо талаботи замон солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Дар моддаи якуми Конститутсия чунин омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. 

Вожаи “Конститутсия” чист? “Конститутсия” калимаи лотинӣ – “constitutio” буда, маънояш “муқарраркунӣ”, “сохтор”, “барпо намудан” ё “таъсис додан” мебошад.

Дар ҳақиқат пас аз соҳибистиқлолии кишвар, ки солҳои нахустинаш хеле вазнин  омада буд, хеле мушкилиҳоро аз сар гузаронидем.

Дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи овоздиҳии пинҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданду аз ҳамон рӯз барои таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати бонуфузро муаззаф намуданд ва баъди ду сол тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсия қабул шуд.

Аммо бояд иқрор шуд, дар он замон баъзе аз аҳолии шаҳру навоҳии кишвари азизи мо тавқи “гуреза” бар гиребон доштанду Сарвари оқилу хирадманд дар андешаи бозовардани тоҷикони гуреза буданд. Баъзе ноҳияҳову маҳаллаҳои ҷануби кишвар бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба харобазор табдил ёфта буду Сарвари оқилу хирадпеша дар фикри ободии диёри кулфатзада буданд.

Дарҳои мағозаҳои хӯрокворӣ ба сабаби набудани ғизои хӯрданӣ қулфи даҳмана дошту Сарвари дурандеш дар андешаи дарёфти ғизое барои сокинон буданд. 

Баъди қабули Конститутсия ва андешидани чораҳои зарурию саривақтӣ дар кишвари офтобии мо зиндагӣ маҷрои хешро ёфт. Устодону омӯзгорону табибон ва кормандони дигар соҳаҳое, ки ризқи хешро бо роҳи савдо дар қади кӯчаву бозорҳо дармеёфтанд, дубора ба ихтисоси хеш рӯй оварданд. Бо мурури замон ва бо андешидани чораву тадбирҳои оқилона аз ҷониби Роҳбари дурандешу хирадпеша - Пешвои маҳбуби халқ вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа беҳ гардид.

Имрӯз толибилмон дар синфхонаҳои барҳавои дорои техникаҳои муосир сабақ меомӯзанд. Тавре собиқадори соҳаи маориф М. Дадобоева иброз медорад:

-Дар солҳое фаъолият доштем, ки хонанда китоби дарсӣ надошту синфхонаҳо футур рафта буданд. Асбобҳои аёниву дигар лавозимоти заруриро аз мағозаҳо дарёфт кардан мушкил буд, маҷбур мешудем маводи дарсиро бо маблағи худамон аз дасти савдогарон бо нархи гарон бигирем. Маош низ хеле ночиз буд. Ба ҳамаи он қаноат кардем, - бо нимтабассум суханашро идома медиҳад омӯзгор, - айни замон агар чунин шароит мебуд, на талаба дар синфхона тоқат мекарду на муаллим. Шукри файзи истиқлол, тавре дар моддаи аввал омадааст “барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда” фаро расид. Имрӯз ҳамагон дар шароити хуб кору зиндагӣ доранду дар бар либоси зебову ғизои хушсифат тановул мекунанд. Имрӯз он даҳшатҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои мо чун хоби гаронест, барои насли имрӯз агар нақл кунем, афсона мепиндоранд, - суханашро ба итмом расонид муаллима.   

Чун оморро варақгардон менамоем, мебинем, ки дарозои сию панҷ соли соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳру навоҳии вилоят ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ 986 муассисаи таълимӣ барои 470 ҳазор нафар хонанда бунёд гардиданд. Дар ин давра  инчунин 417 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки аз оғози соҳибистиқлолии кишвар занону духтарон низ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ҳамаҷониба меёбанд. Пешвои маҳбуби миллат дар ҳар як суханронӣ ва мулоқоташон албатта доир ба дастгирии занону духтарон фикру андешаи хешро иброз медоранд. Хосатан, дар соҳаҳои бонкдорӣ, самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҷонибдории хешро нисбат ба мақоми зан иброз медоранд. Садҳо нафар бонувони хонанишин тавассути ҳунармандии хеш вазъи иқтисодиашонро беҳтар сохтанд. Солҳост, ки Гранти Президенти мамлакат ва Раиси вилоят барои пешравии кору амали соҳибкорзанон, беҳтарсозии сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат, беҳсозии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат карда истодааст. Сол аз сол миқдори маблағи Гранти Президенти мамлакат ва Раиси вилоят меафзояд. Масалан, соли сипаригардида маблағи умумии Гранти Президенти мамлакат ба 15 миллион расонида шуда, дусад нафар занони соҳибкор ба гирифтани маблағ шарафёб гардиданд. Тавассути маблағҳои бадастоварда ҳазорҳо нафар бонувон соҳиби кору сехҳои алоҳида гардиданд.

Дар ҳамин асос барномаҳои давлатӣ низ барои рушди соҳибкории занону духтарон мусоидат карда истодааст. Бо мақсади дастгирии рушди соҳибкории бонувон, беҳтарсозии шароити эшон ва ҷалби сармоя барои густариши фаъолияти соҳибкорзанон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” қабул гардид ва он то имрӯз самараи нек ба бор меорад.

Занони меҳнатқарини тоҷикистонӣ бо дастгирии Пешвои раиятпарвар ҳунарҳои миллӣ, ба монанди сӯзанидӯзӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯзандагӣ, парандапарварӣ, парвариши чорво, моҳидорӣ, коркарди меваҳои хушк ва соҳаи кишоварзиро рушд бахшиданд. 37 фоизи соҳибкорони Ватанро бонувон ташкил медиҳанд. Дар мамлакат беш аз 80 ҳазор нафар занон дар соҳаҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ ва ҳунарҳои дастӣ, инчунин 50 фоизи хоҷагиҳои деҳқониро бонувон бар ӯҳда дошта, дар самтҳои саноатию кишоварзӣ низ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки соли равон дар вилоят соҳибкории занон дар самтҳои истеҳсолот, дӯзандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо рушд ёфтааст. Инчунин, фаъолияти босамари марказҳои таълимию истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ ва фаъолияти иқтисодӣ моил шаванд. Масалан, соли 2025-ум 288 маркази таълимӣ – истеҳсолӣ, аз ҷумла 108 маркази атласу адрасбофӣ фаъол буда, беш аз 30 ҳазор нафар занону духтарон дар онҳо ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ машғуланд.

Соли равон аз рӯи натиҷаҳои озмуни грантҳои Президентӣ лоиҳаи 40 нафар бонувон барои рушди соҳибкорӣ дастгирӣ ёфтааст. Дар маҷмӯъ, соли равон ба озмун аз тамоми ҷумҳурӣ 945 лоиҳа пешниҳод гардида буд. Барои солҳои 2025-2030 ҳар сол 200 Гранти Президентӣ ба маблағи умумии 15 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Андозаи грантҳо аз 15 ҳазор то 110 ҳазор сомонӣ мебошад. Соли гузашта аз вилоят 39 нафар зан соҳиби Гранти Президентӣ гардида буданд. Дар вилояти Суғд низ соли равон барои занони соҳибкор гранти Раиси вилоят эълон гардида буд. Умуман, барои солҳои 2026-2030 дар ҳаҷми 20 грант 10.000 сомонӣ, 20 грант 8 ҳазор сомонӣ ва 40 грант панҷ ҳазор сомонӣ пешниҳод гардидааст, яъне 80 грант ба маблағи умумии 640 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Грантҳо ба самтҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ нигаронида шудааст. Соли гузашта аз 105 лоиҳаи пешниҳодгардида аз 18 шаҳру ноҳияҳо 60 нафар зан ғолиб дониста шудаанд.

 Дар асоси омори ҷумҳуриявӣ баҳри беҳтар сохтани вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа барои сармоягузорон то ин давра 110 имтиёз ва сабукиҳои молиявӣ пешбинӣ гардида, дар умум беш аз 240 номгӯй заминаҳои ҳуқуқӣ бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ва такмили қонунгузории миллӣ муқаррар гардидааст.

Ҳамаи он дастовардҳои даврони соҳибистиқлол метавон гуфт, аз давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон сарчашма гирифта, ҳар як нуктаи Конститутсияи ҷумҳурӣ барои шукуфоии давлату миллат нигаронида шуда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзандаро фароҳам овардааст, ки ҳоло мо дар ин мавод заррае аз он комёбиву дастовардҳоро ёдовар гардидем.  

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”