Яке аз рӯйдодҳои бузурги солҳои 1941-1945 ин Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад, ки хонумонсӯз ном гирифта бошад ҳам, талафоти ҷонию моддӣ ва қаҳрамониҳои бемислро дар таърих гузоштааст. Дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор нафар барои ҳимояи марзу бум ва барқарор кардани сулҳу амонӣ бар зидди фашизм ҷангидаанд.

Шояд насли имрӯз воқеаҳои он солҳои мудҳишро пурра эҳсос карда натавонад, аммо оромию осоиштагие, ки имрӯз дорем, маҳз самараи ҷонисориҳои ҳамон родмардон, ки дар майдони набард барои зиндагониии осоиштаи мо мубориза бурдаанд, буду ҳаст ва чунин хоҳад монд.

Таърих гувоҳ аст, ки беш аз 300 ҳазор сокини Тоҷикистон ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ сафарбар гардида,  беш аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шудаанд. Ҳамзамон, дар ин набардҳо 32 ҳазор бонуи тоҷик низ иштирок намуда, барои ба даст овардани ғалаба саҳми арзанда гузоштаанд.

Имрӯз, бо гузашти зиёда аз ҳашт даҳсола шумораи иштирокчиёни он солҳои мудҳиш хеле кам боқӣ мондаанд. Айни ҳол дар вилояти Суғд ҳамагӣ ду нафар иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаётанд, ки ҳарду зодагони ноҳияи Деваштич буда, дар ҳалқаи фарзандону наберагон умр ба сар мебаранд. 

Тибқи иттилои раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Деваштич Юсуф Баҳодуров аз ноҳияи Деваштич 4 ҳазору 600 нафар ба ҷанг рафта, аз ин шумора 2020 нафар ба Ватан баргаштаанд.

Иштирокчии ҷанг, ки имрӯз ба синни 101 расидаасту эҳтироми аҳли деҳро сазовор гардидааст, Нозим Носиров буда, 25-уми январи соли 1925 дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Далёни Болои ноҳияи Шаҳристон (ҳозира Деваштич) таваллуд шуда, дар оилаи коргар ба воя расидааст. Ӯ фаъолияти меҳнатии худро дар ҷавонӣ оғоз намуда, то даъват шудан ба сафи Армияи Шӯравӣ дар колхози ба номи Энгелс ҳамчун коргари оддӣ фаъолият мекард. Сипас, соли 1943 бо даъвати комиссариати ҳарбӣ барои ҳифзи Ватан сафарбар гардид. Дар шаҳри Самарқанд шаш моҳ курси тайёрии тирандозиро омӯхта, дар мудофиаи шаҳри Масква ва ҷангҳои Япония ва Филандия иштирок намудааст. Нозим Носиров дар ҷанг ҳамчун пулемётчӣ хизмат намуда, ду маротиба аз дасту пояш ҷароҳати вазнин бардоштааст. Бо вуҷуди ин, пас аз табобат дубора ба фронт рафта, барои ҳифзи Ватан алайҳи душман ҷангидааст.

Баъди ба даст омадани Ғалаба Нозим Носиров, соли 1945 ба Ватан баргашта, фаъолияти меҳнатии худро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии деҳот идома додааст. Барои хизматҳои бузургаш ӯ бо медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия соли 1945”, “Барои хизмати шоён” ва дигар медалҳои ҷангӣ ва ҷашнӣ мукофотонида шудааст.  Ҳоло ӯ соҳиби 11 фарзанд, 52 набера ва 26 абера мебошад.

Нозимбобои қаҳрамон зимни суҳбат давраҳои ҷангро ба ёд оварда, аз тинҷиву оромии замони Истиқлол шукргузорӣ намуд. Ӯ ба ҷавонони зодаи даврони Истиқлол рӯ оварда, таъкид намуд, ки қадри тинҷиву оромии ин сарзаминро дониста, бо масъулияти баланду  иродаи қавӣ  хизмати Модар- Ватанро адо намоянд.

Фарзанди даҳуми бобои Нозим Шералӣ Носиров аз доштани падари қаҳрамон ифтихор намуда, хизматҳои ӯро дар роҳи ҳифзи Ватан ёдовар шуд. Ҳамзамон қайд намуд, ки наберагон низ бо ифтихор ба сафи Артиши миллӣ пайваста, роҳи интихобкардаи бобои худро идома медиҳанд.  Дар баробари ин вай иброз дошт, ки масъалаи ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби масъулони ноҳия метавонад ба беҳтар шудани шароити зисти онҳо мусоидат намояд.

Қаҳрамони дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бибола Рӯзматов, ки имрӯз ба синни 102 - солагӣ расидааст, 81 сол муқаддам дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, соли 1945 Рӯзи Ғалабаро дар Германия истиқбол гирифтааст.  Ин марди шуҷоъ 15 – уми июни соли 1924 дар деҳаи Гулободи ноҳияи Деваштич ба дунё омадааст. Азбаски дар деҳа мактаби миёна вуҷуд надошт, ӯ пас аз хатми мактаби ибтидоӣ ба кори колхоз ҷалб гардид. Он солҳо аксари мардон дар фронт бар зидди фашизм меҷангиданд ва занону наврасон ҷойи онҳоро дар саҳро пур мекарданд.

Бибола Рӯзматов соли 1943 ба сафи Армияи Сурх шомил гардид. Аз деҳаи онҳо 16 нафар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуда буданд, аммо чор нафар ба зодгоҳ баргаштанд, ки ин аз талафоти вазнини замони ҷанг дарак медиҳад.

Бибола Рӯзиматов дар озодсозии Украина ва дар ҷанги зидди милитаристони Япония низ ширкат варзида, соли 1947 ба Ватан баргаштааст. Пас аз ҷанг, ӯ солҳои дароз ҳамчун бинокор дар соҳаи сохтмон фаъолият намудааст.

Қаҳрамонбобо бо мукофотҳои давлатӣ ва ҳафт ордену медалҳои ҷангӣ ва ҷашнӣ сарфароз гардидааст. Алҳол ӯ соҳиби 6 фарзанд, 18 набера, 56 абера ва 30 чабера мебошад. 

Ба гуфти келини хонадон Сурайё Турсунова, ки нигоҳубини ӯро ба уҳда дорад, ҳар як суҳбати бобо барои аҳли оила дарси ватандӯстию қаҳрамонӣ аст.  Ӯ афзуд, ки бобо гоҳ-гоҳ шӯхиҳо мекунаду ҳам таваҷҷуҳи бештари духтуронро ба саломатии пиронсолон ишора менамояд.

Дар ҳамин замина, ҳамасола ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни иштирокчиёни ҶБВ чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ мегардад. Имсол низ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода барои ҳарду иштирокчии ҷанг 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Ҳамчунин, ба 39 нафар собиқадори ақибгоҳ барои ҳар кадом 10 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд, ки дар маҷмуъ 440 ҳазор сомонӣ аст, - гуфт муовини Раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд Шавкат Алиев.

Бошад, ки ин абармардон – диловарони майдони ҳарбу шоҳидони зиндаи таърихи гузашта тансиҳат бошанду барои мо, имрӯзиён дарси ибрат омӯзанд.

 

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”