Дар шароити муосири рушди давлатдории миллӣ, масъалаи танзими ҷашну маросим ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Татбиқи самараноки қонунгузории соҳавӣ, бахусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», барои таҳкими суботи иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии зуҳуроти номатлуб заминаи устувор фароҳам меорад.

Дар ин замина, фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии танзими ҷашну маросим ва бахши дин дар шаҳри Исфара намунаи равшани ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ бо ниёзҳои ҷомеа мебошад. Аз ибтидои соли 2026 ин сохторҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардидаанд, корҳои назаррасро ба анҷом расонидаанд.

Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара имрӯз 113 иттиҳодияи динӣ фаъолият менамоянд, ки аз ҷумла як масҷиди ҷомеи марказӣ ҳамчун ташкилоти динӣ, як ташкилоти ғайриисломӣ, 11 масҷиди ҷомеъ ва 100 масҷиди панҷвақта ба ҳайси ҷамоаҳои динӣ амал мекунанд.

Фаъолияти 13 комиссияи доимӣ ва 140 комиссияи ҷамъиятӣ имкон фароҳам овардааст, ки назорат ва ҳамоҳангсозии ҷашну маросим дар сатҳи маҳаллӣ самаранок ба роҳ монда шавад. Танҳо дар се моҳи аввали соли 2026 зиёда аз 53 мулоқоту вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, аз ҷумла пешгирии ифротгароӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба гуфти Нилуфар Абдуллоева, сармутахассиси бахши дин ва танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ин мулоқот ба мазмун ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, аҳамияти он ҳамчун роҳнамои рушди ҷомеа таъкид мешавад. Ҳамзамон, масъалаҳои муҳими рӯз, аз қабили пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ,  муқовимат ба зӯроварӣ дар оила ва тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар меҳвари баромадҳо қарор мегиранд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолият баргузории машваратҳои мунтазами бозомӯзӣ бо имомхатибон мебошад, ки ҳар ҳафта роҳандозӣ мегардад. Дар ин машваратҳо мавзӯъҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, масъулияти падару модар ва пешгирии ҳаракатҳои ифротгаро мавриди таҳлил қарор мегиранд. Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи маърифати динии аҳолӣ ва пешгирии паҳншавии андешаҳои ифротӣ мусоидат менамояд.

Масъулин таъкид месозанд, ки дар масоҷид зимни намозҳои ҷумъа мавъизаҳо дар мавзӯъҳои гуногуни иҷтимоиву ахлоқӣ баргузор гардида, аҳолӣ ба риояи қонунҳо, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ даъват карда мешаванд. Албатта, ин раванд ба таҳкими робитаи байни давлат ва дин ва ташаккули ҷомеаи солим мусоидат мекунад.

Натиҷаҳои амалии татбиқи қонунгузорӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим низ назаррас мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ 38 тӯйи домодиву арӯсӣ бо хароҷоти миёнаи 7868 сомонӣ баргузор гардида, ҳамаи онҳо дар доираи талаботи қонун сурат гирифтаанд. Инчунин, ба қайд гирифтани 22 маросими «чил» ва 10 маросими «сол» ва таҳти назорати доимӣ қарор доштани онҳо, аз низоми муназзами идоракунӣ дар ин самт дарак медиҳад. Муҳим он аст, ки дар натиҷаи санҷишҳои муштарак ягон ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст, ки ин натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назорати пайваста мебошад.

Ҳамкории судманди мақомоти давлатӣ бо иттиҳодияҳои динӣ дар самти корҳои хайриявӣ ва иҷтимоӣ низ қобили зикр аст. Таҷрибаи шаҳри Исфара нишон медиҳад, ки татбиқи пайгиронаи қонунгузорӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим ва фаъолияти динӣ метавонад ба коҳиши хароҷоти зиёдатӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва таҳкими суботи иҷтимоӣ мусоидат намояд.

 

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”